Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фридом Ҳаус демократияи Тоҷикистонро баҳо гузошт


Созмони ғайридавлатии Фридом Ҳаус (Хонаи Озодӣ), ки дар Амрико асос ёфта, масоили демократия дар кишварҳои ҷаҳонро пажуҳиш мекунад, дар гузориши наваш мегуяд, кишварҳои шуравии собиқ бо шумули Тоҷикистон аз нигоҳи ислоҳоти сиёсӣ аз давлатҳои Аврупо хеле ақиб мондаанд.
Фридом Ҳаус мизони рушди демократия дар кишварҳоро бар асоси омилҳое, мисли низоми интихобот, бунёди ҷомиаи шаҳрвандӣ, матбуоти озод, низоми раҳбарӣ, сатҳи фасодкорӣ ва вазъияти қонунгузориву низоми додгоҳии ин кишварҳо муҳосиба ва муқоиса мекунад.
Фридом Ҳаус мегуяд, раъйпурсии Қонуни Асосии Тоҷикистон дар соли гузашта заминаро барои то ду давраи дигар тамдид кардани замони раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмонов фароҳам сохта, костагиҳои ин маърака арзёбии байналмилалӣ аз ҷараёни интихоботҳо дар Тоҷикистонро хатчадор намуд.
Фасодкорӣ ва камбуди боварӣ ба иқтисоди бозорӣ ва ба ҳукумати Тоҷикистон , ба ақидаи Фридом Ҳаус, боиси тарси сармояи хориҷӣ аз ин кишвар шудааст ва ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди иқтисодиаш ба сармоягузорӣ сахт ниёз дорад.
Ин созмон ҳамзамон пешрафтҳои давлати Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо мавридҳои роҳзаниву гаравгонгирӣ ва терроризмро тақдир намуда гуфтааст, Душанбе ҷиҳати такмили низоми раҳбариаш низ иқдомоте маҳсус анҷом додааст.
Пасттарин баҳои Фридом Фаус 7 ва баландтарин баҳояш 1 аст, ки танҳо ба кишварҳои соҳиби низоми комили демократӣ бояд дода шавад.
Фридом Ҳаус, тибқи ҳамин ҷадвали ҳафтхолӣ, ба Тоҷикистон баҳои 5,71 гузоштааст ва Тоҷикистон бо вуҷуди паст будани холаш дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди Қирғизистон дар мақоми дуввум аст. Баҳои пасттарин дар минтақаро давлатҳои Туркманистону Узбакистон гирифтаанд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG