Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз 17 то 23-уми май


Мурури наве ба роҳи ҳафтсолаи сулҳи Тоҷикистон. Гуруҳи Байналмилалии Буҳроншиносӣ аз вуҷуди хатароте ба сулҳи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мояи хушбинии раиси дафтари сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи интихоботҳои оянда дар Тоҷикистон.

Ва ҳам баҳсе пиромуни нақши кумиссиюнҳои интихоботӣ.

Саламшоҳ Муҳаббатов раиси корхонаи давлатии сайёҳат ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон таъйин шуд.

Чеҳраи ин ҳафта - фармондеҳони собиқи ду ҷониби даргири ҷанги Тоҷикистон, ки тавре ба назар мерасад, дубора дар саҳнаи сиёсии кишвар зоҳир мешаванд.

Ва оё "қурси набот"-и корхонаи алюминсозии Турсунзода ба коми кӣ хоҳад шуд? Давлат мехоҳад, бузургтарин корхонаи саноатии кишварро ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил диҳад.

Бо гармтарин саломҳо ба якояки шунавандагони азизи гуфторҳои тоҷикии Родиёи Озодӣ, Мирзои Салимпурам бо нашри навбатии маҷаллаи иттилоотиву таҳлилии 7 рӯзи Тоҷикистон.

Тайи ним соати дигар мо бо ҳам дар ин барнома ба ахбору масоил ва таҳаввулоте хоҳем пардохт, ки аз ин як ҳафтаи гузашта аз зиндагии Тоҷикистон ба назар, ҳадди ақал ба назари мо муҳимтар расид. Ин навбат меҳмони мо доктори улуми фаласафа ва раиси маркази таҳлилии "Симурғ" Искандар Асадуллоев аст, ки мову шуморо аз Душанбе ҳамроҳӣ мекунад.
Аммо сараввал гуш диҳем ба сархати ахбори ин ҳафта , ки ҳамкорам Соҷидаи Мирзо таҳия кардааст.

Ахбор

Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши наваш аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Гузориш мегӯяд, дар Тоҷикистон то ҳол шиканҷаи маҳбусон аз суи маъмурони милиса ва таъқиби расонаҳои мустақили матбуотӣ ба назар расида, фишор болои низоми додгоҳӣ ва қочоқи инсон ҳамчунон як мушкили ҷиддӣ барои ин кишвар боқӣ мондааст.

Гурӯҳи Байналмилалии Буҳроншиносӣ гузориши дар ин ҳафта банашрдодааш дар бораи Тоҷикистонро "Иттиҳод ё Мухолифат" унвон карда, навиштааст, сулҳи ба мушкилӣ ба даст овардаи ин кишвар ҳамоно бо хатар ру ба руст.
Созмони мазкур дар ин робита аз ҷумла ба заъфи низоми сиёсӣ, маҳалгароӣ ва нуфузи ҷангсолорон дар ҷомиаи Тоҷикистон таъкид намуда, гуфтааст, мизони ташаннуҷи вазъ дар ин кишвар бо наздик шудани замони интихоботҳои нави парлумониву раёсатҷумҳурӣ метавонад боз ҳам биафзояд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов фармондеҳи собиқи нируҳои мухолифини пешини тоҷик Саламшоҳ Муҳаббатовро раиси корхонаи воҳиди сайёҳат ва ҷаҳонгардии кишвар таъйин кард. Саламшоҳ Муҳаббатов ҳамроҳ бо Муҳаммадрузӣ Искандаров, фармондеҳи дигари мухолифини собиқ ва раиси Ҳизби Демократ дар охири соли гузашта барои чанд моҳ дар шарқи Тоҷикистон паноҳ бурда, аз он ҷо изҳор карда буд, ки дар ғайри расидагии давлат ба талаботашон онҳо ба таъсиси як эътилофи фармондеҳони собиқ даст хоҳанд зад.

Додситонии низомии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноии афсари вазорати амнияти ин кишвар Қосимбек Аюбовро ба поён оварда, барои муҳокима ба додгоҳ ирсол кардааст. Савриддин Тошев, муовини раиси додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе мегуяд, тафтишот Қосимбек Аюбовро ба ришваситонӣ, боздошти ғайриқонунии як шаҳрванд ва ба суъиистифода аз мақом муттаҳам мекунад. Тафтишот мегуяд, Қосимбек Аюбов аз як шаҳрванд барои қатъи парвандаи ҷиноияш 20 000 доллар ришва гирифтааст.

Бино ба хабари ожонсии интернетии "Регионс", мири шаҳри Екатеринбурги Русия Аркадий Чернетский хостори ҷорӣ кардани низоми раводид байни Русияву Тоҷикистон шудааст. Тибқи ин гузориш, Аркадий Чернетский гуфтааст, ки у ҷонибдори баста шудани марзҳои Русия ба руи кишварҳои собиқи шуравӣ ва пеш аз ҳама ба руи Қазоқистону Тоҷикистон аст. Оқои Чернетский гуфтааст, убуру мурури номаҳдуд аз ин марзҳо барои Русия бо қиммати гароне тамом мешавад.

Иля Клебанов, намояндаи раисиҷумҳури Русия дар ҳавзаи федеролии Шимолу Ғарби ин кишвар мегуяд, қотилони Хуршеда Султонова, духтараки нуҳсолаи тоҷик ба зудӣ ошкор хоҳанд шуд.
Андрей Мазуров, сухангуи оқои Клебанов мегуяд: "Тафтишот ҷиддӣ идома дорад ва мо умед дорем, ки номи қотилон ба зудӣ эълом мешавад." Хуршеда Султонова дар таърихи 9 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ бо падараш Юсуф ва бародарзодааш Акобир ҳадафи ҳамлаи як гуруҳи то ҳол ношинос қарор гирифта, кушта шуда буд.

Ҳамлаи сел дар ҳудуди ноҳияи Ғончӣ, 70-километрии Хуҷанд чаҳор чупон аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ва як зану ду кудакро кушта ба ҷо гузошт. Тақрибан 2 000 сар аз рамаи чупонҳои кушташударо низ сел бо худ бурдааст.

Як гуруҳи мусаллаҳи ношинос шаби панҷшанбе ба ҷумъаи ин ҳафта дар шаҳри Турсунзода ба манзили сардори истгоҳи обдиҳии минтақа Назруллоҳ Эргашев ҳамла карда, худи Нарзуллоҳ Эргашев, ҳамсар, духтар ва келини вайро ба қатл расондааст. Назруллоҳ Эргашев аз тоҷирони маъруфи ин ноҳия маҳсуб шуда, дар миёнаи солҳои 90-ум раёсати ҳукумати шаҳри Турсунзодаро бар уҳда дошт.

Шаҳрдории Душанбе мегуяд, ширкати муштараки "РТД", яъне "Русия - Тоҷикистон - Дустӣ" ба зудӣ ба сохтмони як манзили бисёрқабатаи истиқоматӣ дар чорроҳаи байни хиёбони Рудакӣ ва кучаи Бухоро шуруъ мекунад.
Ҳукумати шаҳри Душанбе барои иҷрои ин барнома 500 000 доллар иттихоз дода, аз корхонаву ширкатҳо ва шаҳрвандони кишвар ҳам даъват кардааст, дар кори ин сохтмон саҳим шаванд.

ПОЁНИ АХБОР

Ташаккур ба Соҷидаи Мирзо барои ёдоварии сархати ахбори муҳими ин ҳафтаи Тоҷикистон ва акнун меравем думболи ҷузъиёт ва шуруъ мекунем аз тафсилоти гузориши нави Гуруҳи Байналмилалии Буҳроншиносӣ, ки мегуяд, сулҳи ба мушкилӣ ба даст овардаи Тоҷикистон бо вуҷуди сипарӣ шудани қариб 7 сол аз таърихи имзои созишномаи сулҳ ҳамчунон бо хатарҳое рубару боқӣ мондааст.

"ИТТИҲОД Ё МУХОЛИФАТ?"

Давлати Тоҷикистон таҷрибаи сулҳи ин кишварро ҳамеша ба сифати як намунаи ибрат дар роҳи ҳалли низоъҳо муаррифӣ ва ба дигарон пешниҳод мекунад. Аммо гузориши Гуруҳи Байналмилалии Буҳроншиносӣ мегуяд, ҳақиқати ҳол на ба гунаест, ки тасвир мешавад ва ҳарчанд вазъ назар ба солҳои пеш зоҳиран беҳтар шудааст, хеле аз масоили бозмонда дар роҳи сулҳи Тоҷикистон ҳокӣ аз он аст, ки об дар ин маҷро ҳамчунон аз таги ях меравад. Ин гузориш мегуяд, эҷоди мониаҳои сунъӣ дар роҳи фаъолияти аҳзоби мухолифи давлат, ба вижа идомаи фишор руи Ҳизби Наҳзати Ислом, якҷо бо зуҳури равияҳои нави тундрави мазҳабӣ, падидаи ҷангсолории бозмонда аз замони ҷанг, сарфи назар шудани муқаррароти қонуни афв ва масоили дигари ҳамсони он метавонанд сулҳу суботи Тоҷикистонро боз ҳам хатчадор ва осебпазир гардонанд.
Майкл Ҳолл, мушовири дафтари Гуруҳи Байналмилалии Буҳроншиносӣ дар Тоҷикистон ва аз муаллифони гузориши мазкур ба Родиёи Озодӣ гуфт, ҳадафи онҳо расидагӣ ба вазъи воқеъии Тоҷикистон буд. Ба вижа дар пешоруи интихоботҳои қарибулвуқуъи парлумониву раёсатҷумҳурӣ.
Майкл Ҳолл афзуд: "Мо ба ин фикрем, ки баъзе сохторҳои давлатӣ дар арафаи интихобот ба аҳзоби сиёсӣ, ба хусус ба Ҳизби Наҳзати Ислом фишор меоранд ва ҳамчунин аз тарафи мақомоти интизомии ин кишвар размандаҳои пешини оппозитсия мавриди таъқибу боздошт қарор мегиранд, ки чунин ҳолат метавонад ба ҷараёни омодагии интихоботи соли ояндаи парлумон халал ворид кунад."
Гуруҳи Байналмилалии Буҳроншиносӣ аз ҷумла ба зиндон кашида шудани Шамсиддин Шамсиддинов ва Қосим Раҳимов, ду узви баландпояи Ҳизби Наҳзати Ислом ва аз идомаи таъқиби тарафдорони иттиҳоди собиқи мухолифини тоҷик ба президент Эмомалӣ Раҳмонов шикоят бурдани ду фармондеҳи собиқи мухолифини пешин Муҳаммадрузӣ Искандаров ва Саламшоҳ Муҳаббатовро ёдовар шудааст.
Сарфи назар шудани муқаррароти қонуни афв, ки мунҷар ба норизоияти шадиди як идда аз фармондеҳони собиқи иттиҳоди пешини мухолифини тоҷик ва ҳатто сабаби як муддат ба шарқи кишвар паноҳ бурдани чанде аз онҳо шуд, як моҳ пеш дар паёми солонаи президент Эмомалӣ Раҳмонов ба парлумони Тоҷикистон низ таъкид шуд.
Абдуфаттоҳ Шарифов, сухангуи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегуяд, ин ҷо кадом сиёсати пешгирифтаи давлат набуд, балки "Президенти кишвар дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба таври қатъӣ дар ин бора таъкид кард ва на мавқеъи президент ва на мавқеи мақомоти дигари давлатӣ дар ин масъала тағйир наёфтааст."
Аммо Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, ки ба ҳайси як коршинос бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, мегуяд, гуруҳҳои ҳастанд дар идороти ба хусус интизомии Тоҷикистон, ки роҳи муколамаи мустақим байни президент ва мухолифинро баста, обро ба суди худ лой мекунанд.
Оқои Сайфуллозода меафзояд: "Ман аз ин воқеаҳо чунин бардошт намудам, ки воқеан як гурӯҳе дар атрофи президент вуҷуд дорад, ки намегузорад, сухани президент мустақим ба мардум бирасад ва мардум шафоф ва рушан аз суҳбату суханрониҳои раиси ҷумҳур огоҳ шаванд."
Гуруҳи Байналмилалии Буҳроншиносӣ мегуяд, бехабарии президент Раҳмонов аз воқеъияти аҳвол дар Тоҷикистон боис шуда, ки у нақши сулҳофариниеро, ки дар ҳафт соли пеш дар пайи имзои созишномаи сулҳ дар зеҳни мардумаш касб карда буд, акнун аз даст диҳад.
Ва ин ҷо меравем пеши меҳмони барнома раиси маркази таҳлилии "Симурғ" доктори фалсафа Искандар Асадуллоев ва аз у мепурсам, ки оё хатари ҷангсолорон, ки дар гузориши Гуруҳи Байналмилалии Буҳроншиносӣ омадааст, барои сулҳи Тоҷикистон то куҷо хатарзост?
Искандар Асадуллоев: "Ҷангсолорӣ дар замони худ барои имзои зудтари созишномаи сулҳ нақши муҳиме бозида буд ва ҷанг ба зудӣ ба поён омад. Аммо ин масъала холӣ аз мушкил нест. Албатта, дар чунин шароит даст ба демократия ёфтан маҳол аст. Ҷангсолорӣ, албатта, демократия нест.
Аммо адами нируҳои қавии думократӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон имкон намедиҳад, нируи ҷангсолорон ба таври комил ба доираи қонун оварда шавад. Ин як чизи ғайримумкин шудааст, чунки давлат ҳам гоҳо ба ин суву он су майл намуда, ҷангсолоронро маҷбур мекунад ба манзури густариши нақши худ даст ба иқдомот зананд.
Барои президент Раҳмонов ҳам гоҳо муносибат кардан бо ҷангсолорон осонтар аст, назар ба созмону гуруҳҳои расмии сиёсӣ. Аммо фикр накунам, ки дар Тоҷикистон низоми худкомае руи кор ояд. Чунки ин кишвар хеле фақир буда, ба ёриҳои башариву иқтисодии кишварҳои пешрафтаи демократӣ шадидан ниёз дорад. Ман фикр намекунам, дар Тоҷикистон иқдомоте мисли он ки дар Узбакистон Сандуқи Соросро бастанд, сурат бигирад. Ё чизе амсоли он. Омили байналмилалиро дар ин ҷо ҳамеша мадди назар хоҳанд гирифт.
Ба фикри ман, ҳаракат ба суи демократия идома хоҳад кард. Албатта, нируҳои демократӣ аз ин норозӣ боқӣ мемонанд, ки пешравӣ ба қадри кофӣ нест ва ҳамин гуна давлат низ дар ин роҳ дар оянда ҳам ба оҳистагӣ қадам хоҳад зад."

БАҲСИ ИНТИХОБОТ

Таври маълум, як нуктаи таъкиди аслӣ дар гузориши Гуруҳи омузиши буҳронҳо руи интихоботҳои дарпешистодаи Тоҷикистон аст. Дабири кулли Созмони Милал (СМ) Кофӣ Аннон низ дар охирин номааш ба президенти Тоҷикистон тақрибан дар се ҳафтаи пеш навишта буд, ки интихоботи соли оянда ба парлумони Тоҷикистон нишон хоҳад дод, ки оё сулҳ дар ин кишвар то куҷо қобили эътибор шудааст. Ба ҳамин тартиб, Владимир Сотиров, раҳбари дафтари сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар ин ҳафта дар суҳбате бо хабаргузории СМ - ИРИН гуфтааст, ки Милали Муттаҳид умедвор аст, ки интихоботҳои оянда дар ин кишвар демократитар, шаффофтар ва бо инсонфу эътибори бештаре сурат хоҳанд гирифт. Албатта, дар муқоиса бо интихоботҳои чаҳору панҷ соли пеш, ки Тоҷикистон таҳти нфузи бештари ҷангсолоронаш қарор дошт.
Владимир Сотиров дар ин суҳбат гуфтааст, ки у хушбин ҳаст ва Созмони Милал якҷо бо созмонҳои дигари байналмилалӣ Тоҷикистонро ба суи мурооти меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ зимни баргузории маъракаҳои сиёсие чун интихобот ташвиқ мекунанд.
Волдемар Рокошевский, мушовири дафтари сулҳи СМ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкилоте дар ин роҳ ҳануз мавҷуд аст, вале онҳо дар Тоҷикистон равандҳоеро мушоҳида мекунанд, ки мояи чунин хушбинӣ дар бораи ояндаи ислоҳоти демократӣ дар ин кишвар шудааст.
Вай афзуд: "Хушбинии мо ба дурнамои интихоботи Тоҷикистон баъди суханронии президент Раҳмонов дар ҷаласаи муштараки ҳар ду палатаи парлумон бештар шуд. Зеро президент аз намояндагони мардумӣ тақозо кард, ки бо раиси аҳзоби сиёсӣ, ки дар парлумон намоянда надоранд, мулоқот кунанд. Албатта дар заминаи баррасии қонуни нави интихобот. Ба назари ман интихоботи оянда барои дурнамои сиёсиву иҷтимоӣ ва рушди демократия дар Тоҷикистон хеле муҳим аст ва мо аломатҳои рӯшанеро мушоҳида мекунем, ки ҳукумат ният дорад, дар ҳамин ҷода қадам бардорад."

Аммо охирин хабар аз саҳнаҳои интихоботии Тоҷикистон ин ҳафта аз Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони ин кишвар ба даст омад, ки мегуфт, Маҷлиси Намояндагон дар баробари ду тарҳи қонуни интихобот, ки фраксияи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва Ҳизби Коммунист якҷо бо намояндаи ҳизби наҳзати ислом ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод кардаанд, тарҳи севвуми бо кушиши муштараки созмонҳои байналмилалии муқими душанбе, намояндагони аҳзоб ва коршиносони умури ҳуқуқ таҳияшударо низ ба баррасӣ гирифтааст.
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов мегуяд, дар ду тарҳи аввал муҳимтарин масъала, наҳваи ташкили кумиссиюнҳои интихоботӣ чандон мушаххас нашудааст. Ва он ҳам дар ҳоле, ки ба ақидаи оқои Муҳаммадазимов ҳама савобу гуноҳи интихобот бар души ҳамин ниҳод аст: "Ҳозир штаб ё ситоди комиссияҳои ҳавзавӣ дар ҳукуматҳо ҷойгир шудааст. Ин набояд ин хел бошад. Бояд дар ягон мактаб ё дар ягон омузишгоҳ бошад. Яъне дар як ҷои бетараф. На дар мақари ҳукумат, ки бо зури телефон фишор биёрад."

Намояндагони аҳзоби мухолиф мегуянд, бояд комиссияҳои интихоботӣ танҳо аз ҳисоби фиристодаҳои аҳзоби сиёсӣ такмил шуда, дасти дахолати давлат дар ин масъала ҳаддалимкон кутоҳ карда шавад. Аммо Ҷурахон Кабиров, раиси кумитаи қонунгузории Маҷлиси Намояндагон ба ин ақида розӣ нест. У мегуяд, тамоми масъулияти баргузории интихобот бо шумули таъмини молиаш бар души давлат аст ва агар давлат дар кори ташкили кумиссиюни интихобот ҳаққ надошта бошад, пас чӣ гуна метавонад ин маъракаро назорат ва раҳбарӣ кунад: ""Он чизе ки дар бораи комиссияи марказии интихобот ҳаст ва салоҳият ва ваколате, ки бевосита имруз ба онҳо дода шудааст, аз тариқи раванди ҷомиа имруза дуруст аст. Ман гумон мекунам, ҳукумати Тоҷикистон таъмини ҳаматарафаи интихоботро ба зиммаи худ дорад ва ин дар қонуни амалкунандаи Тоҷикистон бо пуррагӣ нишон дода шудааст."

Муҳибуллоҳ Додоҷонов, дабири Кумиссиюни марказии Интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон мегуяд, бар асоси созишномаи сулҳи соли 1997 чоряки аъзои ин кумиссиюнро намояндагони аҳзоби мухолиф ташкил медиҳанд ва дар ҳоли ҳозир зарурате барои афзоиши ҳузури онҳо дар ҳайъати ин ниҳод дида намешавад: "Дар айни замон дар комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳизби наҳзати ислом - ду нафар, аз ҳизби демократи Тоҷикистон - ду нафар, аз ҳизби коммунист - ду нафар, аз ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон - ду нафар алакай ширкат доранд. Агар ҳар як ҳизб дар Тоҷикистон намояндаи худро пешниҳод кунад, ман фикр мекунам, ки ҳар як ҳизб ҳизби худро ҳимоя мекунад ва дар натиҷа ҳамон қарорҳое, ки аз тарафи комиссияи марказӣ қабул карда мешавад, мукин ҳаст ҳалли худро наёбад. Ман фикр мекунам, ки дар комиссияи марказии интихобот набудани намояндаи аҳзоби сиёсӣ шарт нест."

Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангуи Ҳизби Наҳзати Ислом бо таъйиди ҳузури 25 - дарсадии аҳзоби мухолиф дар ҳайъати Кумиссиюни марказии интихобот мегуяд, ин афрод нақши барҷаста дар фаъолияти кумиссиюни марказӣ ҳеҷ вақт набозида, бештар ба аъзои ифтихории он мемонанд: "Мувофиқи созишномаи умумии сулҳ 25 фоизро дар комиссияи марказии интихобот намояндагони ҳизбҳо ва ҳаракатҳои собиқи оппозиситсияи тоҷик ташкил мекунанд. Агар ки мушаххас нишон дода гузарем, 4 нафаранд, вале дар аксари ҷаласаҳои комиссияи марказӣ ин афрод даъват карда намешаванд."

Баҳси тарзи ташкили кумиссиюнҳои интихоботӣ бояд акнун дар Маҷлиси Намояндагон идома ёбад. Аммо аҳзоби мухолиф ба дурнамои ин баҳс дар парлумон чандон хушбин нестанд ва мегуянд, дар ҳоле ки ҳаштод дарсади парлумон аз аъзо ва тарафдорони танҳо ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ иборат аст, маълум аст, ки ин баҳс дар ниҳоят ба нафъи кӣ хоҳад анҷомид.
Вале Владимир Сотиров ба ожонсии ИРИН гуфтааст, демократия чизест дар ҳоли ҳаракат, на рокид. Ва Тоҷикистон ҳам аз ин пайроҳа ботадриҷ, вале ба сӯи пеш қадам мезанад.
Ҳамин масъаларо пеши меҳмони барнома таҳлилгари тоҷик Искандар Асадуллоев мегузорам.

Искандар Асадуллоев: "Дар робита ба интихоботҳои оянда. Бо наздик шудани онҳо фишори кишварҳои демократӣ болои Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт. Боздидҳо аз Тоҷикистон ва сафарҳо аз ин ҷо ба манзури таъсир ба тарзу усули баргузории интихобот ҳатман бештар хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, тарси давлат аз ин ки парлумон метавонад чандҳизбӣ шавад, тадриҷан ақиб меафтад. Гузашта аз ин доираҳои ҳоким фаҳмидаанд, ки чунин тарс ба амнияти давлати онҳо наафзуда, балки баръакс ба мавқеъашон зарбаи бештар хоҳад зад."

ЧЕҲРАИ ҲАФТА

Аммо баргардем ба мавзуъи аввали суҳбат, гузориши Гурӯҳи Байналмилалии Буҳронҳо, ки идомаи нуфузи ҷангсолоронро мояи дигари осебпазирии сулҳ, аз ҷумла дар Тоҷикистон баҳо кардааст.
Тайи чанд соли охир ин нуфуз ба андозае аз саҳнаи сиёсии Душанбе рӯфта шуд ва фармондеҳони собиқро дар бисёр соҳот ва ҳатто дар риштаи низомӣ афроди ҳирфаӣ ба тадриҷ иваз карданд. Вале тайи чанд муддати охир президент Эмомалӣ Раҳмонов ибтидо Ғаффор Мирзоевро аз мақоми фармондеҳии Горди Раёсатҷумҳурӣ барканор, вале ба зудӣ ба симати муътабартари раиси ожонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддир таъйин кард. Ҳамин тавр, Шоҳ Искандаров ба симати муовини раиси кумитаи марзбонӣ ва Саламшоҳ Муҳаббатов дар ин ҳафта ба курсии раёсати корхонаи давлатии сайёҳат ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон нишаст. Бояд гуфт, ки ин фармондеҳони ба симатҳои нави раҳбарӣ расида аз ҳар ду тарафи даргири солҳои ҷанги Тоҷикистонанд.
Дар пасманзари хабари интисоби Саламшоҳ Муҳаббатов ба раҳбарии ширкати ҷаҳонгардии Тоҷикистон ҳамкори мо дар Душанбе Раҳматкарими Давлат нақшу нуфузи афзудаи фармондеҳони собиқи ҷангро қаҳрамони нашри навбатиии Чеҳраи Ҳафта интихоб кардааст.

ТАЪЙИНОТИ НАВИ САЛАМШОҲ МУҲАББАТОВ

Таъйиноти Саламшоҳ Муҳаббатов ба мақоми давлатӣ, ки дар чанд моҳи пеш давлати Тоҷикистонро дар зери по гузоштани шароити Созишномаи умумии сулҳ муттаҳам дониста ва ба нишони эътироз Душанберо тарк карда буд, аз ҷониби намояндагони мухолифини пешин ва коршиносони умур ба гунаи мухталифе таъбир мешавад. Бархе созиши дубораи ҳукумат бо фармондеҳони пешинро як навъ мусолиҳакории мақомот дар шароити омодагӣ ба интихоботи маҷлиси кишвар медонанд. Бархе дигар ҳам муътақиданд, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷиҳати канор гузоштани фармондеҳони пешин аз мақомоти давлатӣ шитобзада шуда ва дубора ба мансаб бар гаштани фармондеҳон нишони номуваффақии сиёсати давлат дар ростои хотима бахшидан ба низоми қумандонсолорист.
Саламшоҳ Муҳаббатов аз ибтидои соли равон то кунун севумин фармондеҳ аз ҷумлаи касонест, ки дар ҷанги дохилии ин кишвар саҳми умда доштанд ва ба мақоми давлатӣ боз мегарданд. Қабл аз ин ҳам Ғаффор Мирзоев, аз фармондеҳони ҷонибдори давлат ва Шоҳ Искандаров, аз аъзои мухолифини пешин аз мақомҳояшон барканор ва бар асари эътирозоте, ки пеш оварданд, ба мақомҳои дигар таъйин шуданд.
Дар ҳолномаи Саламшоҳ Муҳаббатов омадааст, 45 сол син, таҳсилоти нотамом дар риштаи байтории донишгоҳи кишоварзӣ дошта ва чанд навбат қаҳрамони Тоҷикистон дар гуштини озод шудааст. У ҳамчунин қаҳрамони ҷаҳон миёни собиқадорони варзиш дар ин ришта мебошад. Дар соли 1993 аз ҷониби роҳбарияти мухолифин фармондеҳи минтақаи Бадахшон, танҳо вилояти Тоҷикистон, ки дар назорати мухолифин буд, таъйин мешавад ва масъулияти фармондеҳии кулли амалиёти ҷангӣ дар хатти муқаддами ҷабҳа бо нируҳои давлатиро дар самти ҷанубу шарқ бар уҳда доштааст. Баъди имзои Созишномаи сулҳ оқои Муҳаббатов ба мақоми раиси кумитаи навтаъсиси нафту гази ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд ва бо гузашти ду сол ин кумита мунҳал ва фармондеҳи пешин аз мақомаш барканор мешавад.
Бар асоси иттилоъи расонаҳо ва иқрори худи оқои Муҳаббатов, у дар чанд маврид аз ҷониби ниҳодҳои интизомӣ муттаҳам шудааст. Аз ҷумла дар суъиқасд ба ҷони Нурулло Ҳувайдуллоев, додситони собиқи Тоҷикистон дар соли 1992 ва як суъиқасди дигар ба ҷони Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии ин кишвар дар 4 соли пеш.
Худи оқои Муҳаббатов пинҳон намекунад, ки як сабаби Душанберо тарк кардан ва эътирози у нигаронӣ аз таъқиби мақомоти интизомӣ дар ин робита будааст. Оқои Муҳабатов он замон мегуфт: "Фикр мекунам, тамоми ҷумҳурӣ аз ин бохабар аст, ки ду бародар аз минтақаи Ванҷ, ки ҳамроҳи ман буданд, бо ҷурми суъиқасд ба ҷони Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҳар ду ҳукми паррон гирифтанд ва дар қарори суд номи ҳам дарҷ шудааст, ки гуё ташкилкунандаи ҳамин кор манам. Аз ин лиҳоз, ман фикр мекунам, ки дар нақшаи ҳукумат чизе ҳаст. Вақте номи ман дар қарори суд омадааст, аз ин мебарояд, ки рузе мешавад, ки аз ман ҳам ягон пурсиш кунанд."
Гузашта аз ин Саламшоҳ Муҳаббатов зимни иқоматаш дар шарқи Тоҷикистон, ки пойгоҳи мухолифини пешин дарзамони ҷанги дохилӣ буд, ҳамроҳ бо Муҳаммадрузӣ Искандаров, яке дигар аз фармондеҳони мухолифини собиқ аз омодагиашон ҷиҳати таъсиси ташкилоти фармондеҳони мухолифи давлат эълом доданд.
Саламшоҳ Муҳаббатов ҳатто мегуфт, бовар дорад, сарбозони пешин аз иҷрои амри фармондеҳон дар сурати зарурат сар боз нахоҳанд зад: "Ман фикр мекунам, дар сурате ки ҳукумат ин роҳҳоро давом додан гирад ва дар сурате ки мардум моро нафаҳманд, мо маҷбур мешавем, ки дифоъ аз мардуми худ, дифоъ аз мавҷудияти худ ва аз ин ҳама иқдомоте, ки ғайриқонунӣ ба зидди мо мешавад, мо маҷбур мешавем, аз худ дифоъ кунем. Боварии комил дорам, ки он нафарон имруз ҳам дар қаноти он фармондеҳон ҳастанд ва имруз ҳам эътироф мекунанд. Ва ҳар амру фармоне, ки аз тарафи онҳо шавад, ман боварӣ дорам, ки онҳо таҳти амру фармон ҳастанд. Ва пойгоҳҳои мо, ба ҳама маълум аст, ки имруз ҷобаҷо ҳастанд ва дар он минтақаҳое, ки размандагони собиқи мухолифин буданд, то ҳоло ҳам мардуми мо ва нафарони мо дар он ҷоҳо ҳастанд."
Аммо бо ин ҳама ду фармондеҳи пешин ба Душанбе бар гашт ва баъди мулоқот бо раисиҷумҳур Муҳаббатов ба мансаби далватӣ таъин мешавад ва Искандаров, раиси Ҳизби Демократ, ки аз ташаббускорони таъсиси эътилофи аҳзоб буд, ба сурати ғайриинтизор эълом мекунад, ки ҳизбаш дар ин эътилоф ширкат нахоҳад кард.
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангуи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари иттиҳоди пешини мухолифини давлат мегуяд, талошҳо барои боз овардани фармондеҳони пешин ба канори давлат аз як су ба манзури таъмини оромиши ҷомеа ва аз суи дигар ба хотири касби раъйи ҷонибдорони онҳо дар остонаи интихоботи порлумонӣ сурат мегирад: "Раисиҷумҳур мехоҳад барои дар парлумони оянда аксарияти ҷонибдорони худро шомил кардан аз ҳама касу аз ҳама гуруҳ ба манфиати худ истифода кунад."
Ба назари оқои Сайфуллозода, давлат дарёфтааст, ки ҳануз зуд аст, ки нақши фармондеҳон ва онҳоеро, ки дар ҷангу сулҳ саҳим будаанд, сарфи назар кард.
Вале дар ҳамин ҳол, Нуралӣ Давлатов, коршиноси мустақили тоҷик мегуяд, фурсати қумандонсолорӣ дар Тоҷикистон ба сурати аланӣ ё ошкоро кайҳост, ки сар омада: "Қумандонсолорӣ нест, балки масъала масълаи сармоя аст. Яъне кӣ чӣ қадар сармоя дорад ва кӣ метавонад дар зеҳни мардуми ину он маҳалл такягоҳи иҷтимоӣ пайдо кунад. Аз ҳамин лиҳоз, ман фикр мекунам, барои қумандонҳое, ки ҳастанд, давлати Раҳмонов юбеҳтарин вариант аст, зеро ки баъди Раҳмонов маълум нест, кӣ ба сари қудрат меояд ва инҳо дар он ҳукумат чӣ нуфузе дошта метавонанд."
Аммо Саламшоҳ Муҳаббатов, ки ҷонибдоронаш муътақиданд бо таваҷҷуҳ ба шоистагии у ба ин мақом таъйин шудааст, агарчанд тахассусе ва таҷрибае дар ин соҳа надорад, мегуяд, мутмаин ҳаст, бахши саёҳиро дар Тоҷикистон дубора эҳё хоҳад кард. Аммо коршиноси барномаи мо мегуяд, то он фурсат, оё зарурати ҳузури у дар мақоми давлатӣ аз нигоҳи сиёсӣ ҳамчунон боқӣ хоҳад буд?
Раҳматкарими Давлат, Радиои Озодӣ, Душанбе

Шунавандагони гиромӣ маҷаллаи 7 Рузи Тоҷикистонро аз бахши тоҷикии Радиои Озодӣ мешунавед.
Корхонаи алюминсозии Турсунзода бо 300 000 тонна тавлидоти солонаи алюмин ва тақрибан ним миллиард доллар фурушоти солонааш муҳимтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар робита ба аҳамияти ин корхона барио иқтисоди Тоҷикитсон инро гуфтан ҳам ҷоиз аст, ки 54 дарсади содироти моли Тоҷикистон аз ҳисоби фуруши алюмини ҳамин корхона ба даст меояд.
Бо вуҷуди тақозои созмонҳои байналмилалии молӣ давлати Тоҷикистон то ҳол аз хусусигардонӣ ва фуруши корхонаҳои бузурги саноатиаш имтиноъ меҷуст ва аз тақрибан 7000 корхонае, ки то ҳол дар кишвар хусусӣ шудаанд, аксарияти куллаш корхонаҳои хурду миёна будаанд.
Аммо тавре ба назар мерасад, навбати корхонаҳои бузурге амсоли корхонаи алюмини Турсунзода ҳам фаро мерасад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҳафта тарҳи барномаи таҷдиди сохтории корхонаҳои бузургашро эълом кард, ки аз ҷумла ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил додани корхонаи алюмини Турсунзодаро ҳам дар бар мегирад. Бунёди ҷамъияти саҳҳомӣ, таври маълум қадами аввал дар роҳи хусусигардонии ҳар корхонаи давлатист.
Аммо Иқболшоҳ Салимов, муовини аввали раиси кумитаи амволи давлатии Тоҷикистон мегуяд, масъалаи фуруши корхонаи Турсунзода ҳануз матраҳ нест: "Ба ғайр аз заводи алюминий дар нақшаи стратегӣ боз 34 корхонаи дигар ҳам номнавис шудааст. Корхонаҳое, ки ҳамчун субъектҳои монополияҳои табиӣ, аз ҷумла заводи арзизам дохил мешавад, бояд то охири соли 2005 нақшаи лоиҳаҳои инфиродӣ бо назардошти реструктуризатсия ё хусусигардонӣ таҳия карда шавад. Имруз пагоҳ онро хусусӣ карда намешавад."

Аммо Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик мегуяд, гуфтугуҳо ва бозиҳои пасипардагие дар заминаи эҳтимоли фуруши корхонаи алюмини Турсунзода аллакай шунида мешаванд: "Дар Тоҷикистон корхонаҳои мисли заводи арзиз ба истилоҳ "зинда", ки фоида меоранд, ангуштшуморанд. Ин муассиса ба қавле "қурси наботест", ки барои ба даст овардани он дар ҳалқаҳои бузург бозиҳои пасипардагӣ сурат мегирад. Барои ман мушкил аст, ҳукм кардан, аммо маълумот вуҷуд дорад, ки барои соҳиб шуданд ба он бозингарони мухталиф вориди рақобат шудаанд аз ширкати бузурги РусАл-и Русия сар карда, то дигар сармоягузорони дохилӣ. Ва ҳоло муборизаи пасипардагӣ барои соҳиб шудан ба заводи арзиз идома доранд, шояд аз ин аст, ки ҳукумат мунтазир аст, то баъдан коре бикунад."

Чанде пеш Ғаффор Мирзоев, ки он замон фармондеҳии шоеъаҳо дар бораи эҳтимоли ба ширкати русии "Русский алюминий" фурӯхта шудани корхонаи алюмини Турсунзодаро коре ғайри қобили таҳаммул номида гуфта буд, ин корхона моликияти миллии Тоҷикистон аст ва бояд таҳти назари давлати Тоҷикистон боқӣ бимонад. Ғаффор Мирзоев зимнан ҳар навъ мушорикати шахсиаш дар фаъолиятҳои иқтисодии ин корхона ва дар фуруши тавлидоти онро рад карда буд.
Аммо Марат Мамадшоев мегуяд, табдили ин корхона ба ҷамъияти саҳҳомӣ ва ҳатто хусусӣ шуданаш фоҷиъаи бузурге нест, чунки то ҳол ин корхона бо касби имтиёзоти зиёде фаъолият дошт ва давлат ба ҷуз аз андози ҳатмӣ аз фуруши алюмин аз худи корхона фоидаи зиёде ба даст намеовард: "Тавре ман медонам, ин корхона ҳамвора ва ҳар сол соҳиби имтиёзҳои нав ба нав мешавад, ё аз ҷиҳати коҳиши андоз ва ё супурдани боҷи гумрукӣ ҳангоми содироти маҳсулот. Барои ҳамин аз хусусӣ кардани он буҷаи давлатӣ зарари зиёд намебинад. Беҳтар аст, ки барои хусуси кардани ин корхона музоядаи шафофе баргузор шавад, то ки дар он довталабе муайян гардад, ки пули зиёдтар пешкаш мекунад. Аммо дар ин масъала ҳама чиз тираву тор ва асрор аст. Масалан матбуоти маҳаллӣ инро гуфта буд, аз ҷумла иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров изҳори нигаронӣ карда буд, ки имкони фурухтани ин моликияти миллӣ бо нархи ночиз имкон дорад."

Иқболшоҳ Салимов аммо инкор намекунад, ки ҳадаф аз барномаи нав барои хусусигардонӣ омода сохтани корхонаҳои бузург ва бо ин роҳ ҷалби бештари сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон аст: "Мақсади асосӣ ин тезонидани суръати ҷараёни хусусигардонӣ ва ҷалби бештари сармоягузорӣ. Мақсади ниҳоии мо ва асосӣ ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, ташкили бозори коғазҳои қимматнок, баланд бардоштани самаранокии воситаҳои асосӣ, кам намудани сарбории буҷети давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба кор бештар таъмин кардани аҳолӣ мебошад. Яъне дар ниҳоят вазифаи асосии мо ин кам кардани сатҳи камбизоатӣ аст."

Вале ба фарқ аз муовини аввали раиси кумитаи амволи давлатӣ, Марат Мамадшоев мегуяд, таҷрибаи давлати Тоҷикистон дар роҳи хусусигардонӣ то ҳол чандон муваффақ набуд ва ин маърака ба мизони зиндагии мардуми фақири ин кишвар камтар аз ҳама таъсир доштааст: "То кунун таҷрибаи хусусигардонӣ нишон дод, умеди аз ин маърака дошта ҳосил нашуд. Ҷойҳои корӣ, тавре мебинам воқеан зиёд нашуд. Аксарияти муасисаҳои хусусишуда ё фалаҷ шудаанд ва ё ба мақсадҳои дигар истифода мешаванд. Ин андешаи ман нест, андешаи иқтисодшиносони маъруфи Тоҷикистон аст ва ман ҳамчун як фарди оддии Тоҷикистон шоҳиди ин ҳол ҳастам. Ва сабаби инро ман дар он мебинам, ки онҳое, ки муассисаҳоро хариданд, уҳдадориҳои худро иҷро накарданд ва назорате ҳам аз руи онҳо бурда нашуд."

Рустам Файзиев, муовини раиси Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон ва мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ мегуяд, хусусигардонӣ ба сари худ чизи баде нест, вале агар дуруст ва ба нафъи давлат ва ҷомиа анҷом шавад: "Ҳукуматдорон, хусусигардониро ба фоидаи худашон ташкил карда гузарониданд. Ҳамин одамон, яъне номенклатура соҳиби моликият шуд. Мансабро истифода бурда, моликияти сотсиалистиро аз худ карданд, пеш коммунист буданд, ҳозир капиталист шуданд. Мансабро истифода бурда бо нархи арзон хусусӣ карда гирифтан ба фоидаи худашон. Хусусӣ карда гирифтанд, лекин ҳамон корхонаҳоро ба кор дароварда наметавонанд, чунки дониш нест, илм нест, таҷриба нест. Агар корхонаҳо ба мутахассисон мерасид, ба одамони соҳибистеъдод, ба инженерҳо ва иқтисодчиён мерасид, баъд корхонаҳо кор мекард, ҳоло ҳеҷ яке аз онҳо кор намекунанд."

Хуб, дигар ҳафтаву моҳҳо ва шояд ҳатто солҳои оянда маълум кунанд, ки "қурси набот"-и корхонаи алюминсозии Турсунзода дар ниҳоят ба коми кӣ хоҳад шуд.
Аммо мо дар ин ҷо мерасем ба поёни нашри навбатӣ аз маҷаллаи "7 Рузи Тоҷикистон". Ман, Мирзои Салимпур, ки барномаро бароятон муаррифӣ мекардам, дар ҳамин ҷо бо иттифоқи меҳмони мо аз шаҳри Душанбе доктори улуми фалсафа ва раиси маркази таҳлилии Симурғ Искандар Асадуллоев бо шумо худоҳофизӣ мекунам.
То ҳафтаи дигар ва то "7 Рузи дигари Тоҷикистон" худо нигаҳбон.
XS
SM
MD
LG