Пайвандҳои дастрасӣ

Хашми Тоҷикистон аз матбуоти Русия


Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба унвони сафорати Русия дар Точикистон ноттаи эътирозӣ фиристодааст,ки дар он гуфта мешавад, чандин бор аст, ки Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҳукумати Русияро ба он ҷалб менамояд, ки хеле вақт аст, васоити ахбори Русия маъракаи тарҳрезишудаеро ба муқобили шаҳрвандони Тоҷикистон қабл аз ҳама бар зидди муҳоҷирони корӣ, ба роҳ андохтааст. Игор Сатторов, сухангӯи вазорати хоричаи Тоҷикистон, дар робита ба ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Чунин барномаҳо ва мақолот дар Русия зиёд ба чашм мехӯрад. Барои мисол, дар як барномаи телевизионии НТВ, ки 21 майи соли 2004 пахш гардид, иштирокдорони ин барнома ҳангоми таҳлили мавзӯи қочоқи маводи мухаддир гуфтанд, ки тамоми маводи мухаддир, ки аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар интиқол дода мешавад, аз дасти шаҳрвандони тоҷик, ки дар нерӯҳои марзбони Русия ва дивизияи 201-ум хидмат мекунанд, мегузарад. Онҳо таъкид мекарданд, ки 90 дар сади хидматчиёни нерӯҳои низомии Русияро тоҷикон ташкил мекунанд. Ин маълумотҳо воқеият надоранд ва як воситаи барангехтани низоъ ва нобоварӣ дар миёни хидматчиёни низомии Тоҷикистон ва Русия мебошад."
Сухангӯи маркази матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон, Александр Лисов, дар робита ба нотаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон чунин гуфт: "Бале ба ин нота мо ҷавоб гардондем, аммо бояд бигӯям, ки тибқи Қонуни матбуоти Федератсияи Русия муассис наметавонад, ба кори васоити ахбори умум дахл намояд, зеро матбуот дар кори худ мустақил аст, аммо бояд бигӯям, ки мавқеи ин, ё он барномаи телевизионӣ, ё мақолаи рӯзнома ҳаргиз наметавонад, мавқеи ҳукумати Русияро нисбати Тоҷикистон муайян намояд. Ва ин дар ҳолест, ки ҷониби Русия кӯшиш дорад, ҳарчӣ бештар муносибатҳои ҳамкориашро дар соҳаҳои мухталиф бо Тоҷикистон густариш бахшад." Оқои Лисов афзуд, ин назари шахсии танҳо худи муаллифи ҳамон барнома асту бас.
Бо ин ҳама, ба гуфтаи коршиносони тоҷик пахши пай дар пайи барнормаҳо ва нашри мақолот дар рӯзномаҳои Русия дар иртибот ба бадном сохтани тоҷикон ҳам ҳукумат ва ҳам мардуми ин кишварро нигарон сохтааст, агарчӣ бештарини мардуми ин сарзамин дар симои Русия ҳамкор ва дӯсти деринаи Тоҷикистонро мебинанд.
Сафаргули Олимӣ аз Душанбе
XS
SM
MD
LG