Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи дубораи қазияи "Ҷамол-компания"


Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии дубораи парвандаи ҷиноии роҳбарони ширкати "Ҷамол-компания"-ро аз сар гирифт. Масъулини ширкати Ҷамол дар фиреби молии шаҳрвандон, фаъолияти ғайриқонунии бонкдорӣ ва напардохтани молиёт муттаҳам дониста шудаанд. Қабл аз ин Ҷамшед Сиёев, раиси ин ширкат ва муовини ӯ Зафар Камолов ба 11 ва 8 соли зиндон барои фаъолияти ғайриқонунии бонкдорӣ ва напардохтани молиёт маҳкум шуданд, вале додгоҳ як қисмати ин парвандаро, ки марбут ба фиреби молии шаҳрвандон буд, барои таҳқиқоти дубора ба додситонӣ боз гардонида буд. Ва Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи душанбе, 24 май баррасии дубораи ин парвандаро оғоз кардааст.
Муҳаммадалӣ Юсуфов, сухангӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар ин робита ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Имрӯз дар Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноӣ бо айбдории айбдоршавандагон, роҳбарони ширкати "Ҷамол-компания", Сиёев Ҷамшед, Тсой ва Камолов Зафар оғоз гардид. Шахсони номбурда бо моддаҳои 247, қисми 4, яъне қаллобӣ ва тасарруфи амволи ғайр, ба даст овардани амволи ғайр бо истифодаи боварӣ ба миқдори махсусан калон ва инчунин бо моддаи 260, яъне соҳибкории сохта ва таъсиси корхонаи тиҷоратӣ бидуни нияти анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ, ба мақсади ба даст овардани фоидаи амвол гунаҳкор дониста мешаванд."
Оқои Юсуфов афзуд, бар асоси маводи тафтишот ширкати Ҷамол аз 26 ҳазору чаҳорсад нафар ба маблағи умумии наздик ба 71 миллион сомонӣ, муодили ҳудуди 25 миллион доллари амрикоӣ қарздор мебошад.
Ширкати Ҷамол сар аз моҳи марти соли 2003 то замони боздошти роҳбарони он дар моҳи августи соли гузашта, ба тиҷорати мӯҳра машғул буд. Мардум аз ин ширкат як қуттии мӯҳраро бо 34 сомонӣ харидорӣ мекарданд ва бо гузашти муддати таъйиншуда ва баъди ҳамел кардани он, ин мӯҳраро бар ивази 50 сомонӣ ба "Ҷамол-компания" пас мегардониданд. То ҳоли ҳозир танҳо 8,5 ҳазор нафар маблағҳои худро аз ин ширкат пас гирифтаанд, ки ҷамъи умумии ин маблағ андаке бештар аз 8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мақомоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯянд, ба далели зиёд будани ашхоси даъвогар ва пургиреҳ будани парвандаи мазкур, имкон дорад, баррасии он дар додгоҳ бештар аз мӯҳлати муқарраршуда, яъне то ду моҳ ба тӯл анҷом шавад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG