Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявии дастхобонӣ поён ёфт


Дар нахустин мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба армрестлинг, ё дастхобонӣ беш аз 100 варзишгар дар ҳайъати 12 даста ширкат дошт. Варзишгарони Душанбе миёни дастаҳо пирӯз шуданд. Тибқи дараҷаи вазнҳо намояндагони пойтахти ин кишвар Сироҷ Азизов, Арсен ва Амришер Собировҳо, Александр Ғоибов миёни мардон, Алёна Астахова, Сокина Саидова ва Сокина Саркорова ва Гулчеҳра Халилова миёни занон ва ҳамчунин Ҳусеӣн Ҷумъаев аз Хоруғ ва Хуршед Олимов аз Хуҷанд соҳиби медалҳои тилло ва унвони Қаҳрамони Тоҷикистон гардиданд. Нодир Дареғӣ, раиси Федератсияи армрестлинги Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин навъи қадимаи варзиш дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёд дорад: "Ба андешаи ман, солҳои наздик мо дар арсаи байналмилалӣ ба натиҷаҳои хуб ноил хоҳем шуд."
Хабари тозатарини варзишӣ аз Тоҷикистон ин аст, ки дастаи мунтахаби ин кишвар ба бозиҳои даври сеюми мусобиқоти интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон-2006 дар бозии контролӣ, ки дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бар дастаи мунтахаби клубҳои Тоҷикистон бо натиҷаи се бар сифр пирӯзӣ ба даст овард. Ду голро Сӯҳроб Ҳамидов ва голи сеюмро Ҷомихон Муҳиддинов ба ҳадаф расонд.
Назруллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG