Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи "Помир Масс Медиа Центр" дар Хоруғ


Дар Хоруғ маркази васоити ахбори омма "Помир Масс Медиа Центр" ба фаъолият шурӯъ кард. Марказ бо ибтикори бунёди иҷтимоии "Помир" ва кӯмаки молии созмони байналмилалии "Табодул ва пажӯҳиш" (IREX) роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи аслии марказ кӯмак ба омӯзиши ҳирфаии журналистон арзёбӣ шуда, дар марказ зали омӯзиш, утоқи компютер ва интернет, васоити моҳвораии телевизионӣ ва видеоӣ дар ихтиёри журналистон гузошта шудаанд.
Дар китобхонаи марказ журналистон барои аввалин бор имконияти дастрасӣ ба адабиёти электронӣ ва чопӣ, нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва тахассусиро пайдо намуда, бо истифода аз васоити сабт метавонанд, гузоришҳои телевизионӣ низ таҳия кунанд.
Раиси тавсияи барномаи IREX дар Осиёи Марказӣ, хонум Ҷон Маккензӣ дар маросими ифтитоҳи марказ изҳор дошт, адами шароити оддитарини кор барои журналистон дар Бадахшон бӯҳрони фазои иттилоотиро дар минтақа боз ҳам жарфтар кардааст ва онҳо умед доранд, фаъолияти марказ ба беҳбуд бахшидани вазъ мусоидат мекунад.
IREX барои таъсиси марказ муодили 100 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос додааст.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол аз шаҳри Хоруғ
XS
SM
MD
LG