Пайвандҳои дастрасӣ

Зиддунақизии қонуни аҳзоб, зодрузи Лоиқ, беобӣ дар Душанбе ва "Ин ҷо Кулоб аст!"


Ба андешаи намояндагони аҳзоби сиёсии оппозитсионӣ, қонуни Тоҷикистон дар бораи аҳзоби сиёсӣ чанд нукта ва моддаҳои ба ҳам мухолиф дорад ва аз ин рӯ ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад.
Ҳафтаномаи "Азия-Плюс" назари намояндагони чанд ҳизби сиёсиро ба ин қонун нашр кардааст.
Аз ҷумла, Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон гуфтааст, тибқи банди сеи моддаи сеюми қонун, барои сабти номи ҳизб дар вазорати адлия рӯйхати на камтар аз 1 000 тарафдори ҳизб лозим аст. Аммо моддаи ҳафтуми қонун мегуяд, ҳизб барои сабти ном ба вазорати адлия бояд рӯйхати 1000 узвашро пешниҳод кунад. Вале дар сурате, ки тибқи банди чори моддаи сеюми қонун ҳизб танҳо пас аз сабти ном шуданаш ба таъсиси созмонҳои аввалияи худ дар шаҳру навоҳӣ ҳаққ пайдо мекунад ва бидуни таъсиси ин созмонҳо узвияти афроди бештар дар ҳизб номумкин аст, чӣ гуна мешавад ба вазорати адлия рӯйхати 1 000 узви ҳизбро пешниҳод намуд?
Маҳмадрузӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар тақвияти суханони ҳамтои сотсиал-демократи худ моддаи панҷуми қонунро мисол овардааст, ки мувофиқи он як силсила тоифаи мардум, аз ҷумла низомиён ҳаққи узвият ба ҳизберо надоранд, аммо президент, ки сарфармондеҳи артиш ва раиси шӯрои амнияти Тоҷикистон мебошад, ҳамчунин сарварии ҳизби ҳокимро низ ба дӯш дорад.

Вале Давлаталӣ Давлатов, муовини аввали раиси Ҳизби Халқӣ-Демократӣ гуфтааст, дар моддаҳои қонун ягон мухолифатро намебинад ва ин қонун соли 1999 ҳам аз тарафи аҳзоби мухолиф ва ҳам аз тарафи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мақбул дониста шуда буд.
"Азия-Плюс" дар матлаби дигаре навиштааст, барои аҳзоби ҷавон фаъолият дар берун аз пойтахт хеле бо душворӣ даст медиҳад, зеро бархе аз руасои шаҳру навоҳӣ худро ба истилоҳи муаллиф "мини-президент"-и ноҳияашон мешуморанд. Ҳол он ки тақдири интихобот маҳз дар ҳамон ноҳияҳои дурдаст ҳал мешавад.

Матлаби нашркардаи "Рӯзи Нав" гувоҳи ин навиштаи "Азия-Плюс" аст. Ахиран, Ҳизби Демократ хостааст, дар Кулоб конфронси таъсисии бахши худро баргузор кунад. Дар бинои ҳукумати шаҳр намояндаи Ҳизби Демократ Ҳамроҳхон Сафаров аз тарафи ноиби раиси шаҳри Кулоб Шарофат Сангова ва сарнозири минтақавии шаҳр майор Ҳасанов таҳқир дидааст. Тибқи навиштаи муаллифи ин матлаб, Аҳмади Иброҳим, бону Сангова ду рӯзи қабл аз ин моҷаро аз намояндаи дигари Ҳизби Демократ Саидраҳмон Назриев руйхати кулли аъзои ҳизбро талаб кардааст. Ба сухани он ки ин талаб хилофи қонун дар бораи аҳзоби сиёсист, Шарофат Сангова, ноиби раиси шаҳри Кӯлоб чунин посух додаст: "Ин ҷо Кӯлоб аст!", менависад "Рӯзи Нав".

Дар ғами номуси миллат,
Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,
Аз фурӯғи рӯзи миллат,
Бемуҳобо хонаи душман бисӯзад.
(Лоиқ)

Нашрияҳои ин ҳафта дар рузи 20 май - зодрӯзи Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноат - шоирони халқии Тоҷикистон аз чоп баромаданд. Исми Лоиқ, аксҳои ӯ, ашъори дилошуби шоир, таассуфҳо аз маргаш дар ҳамаи ҳафтаномаҳо нашр шудаанд. Мухлисон шоирро дар баробари Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода сазовори унвони қаҳрамонии Тоҷикистон донистаанд. "Азия-Плюс" аз ифтитоҳи осорхонаи Лоиқ дар яке аз макотиби миёнаи Душанбе хабар додааст.

"Вечерний Душанбе" хабар додааст, деҳаи Анатуруши ноҳияи Ваҳдат дар Тоҷикистон нахустин шуда пули обро аз руи ҳисобкунак месупорад. Ин ҳисобкунакҳоро дар хонаҳои сокинони Анатуруш созмони байналмиллалии "Муҳандисони Бидуни Марз" гузоштааст. Дар ҳамин ҳол, сокинони пойтахт аз беобӣ дар саҳифаҳои "Рӯзи Нав" меноланд. Хуршеди Атовулло бо ишора ба се рӯз қатъ шудани об дар шаҳр менависад, ҳукумати шаҳри Душанбе дараҷаи тоқатпазирии шаҳрвандони пойтахтро ҳангоми бенонӣ, бенақлиётӣ, бебарқӣ, бегазӣ борҳо санҷида буд. Ин бор дар гармии то 36 дараҷа то кадом андоза ба беобӣ тоб овардани мардуми баъзе аз қисматҳои шаҳр мавриди санҷиш қарор гирифтааст. Ва дар ҳамин ҳол, дар "Бизнес и Политика" тасвире чоп гардидааст, ки дар он автомобиле дар Душанбеи зери борони сел, дар миёни гӯиё ҷӯи об акс ёфтааст. Зери акс навишта шудааст, бо ин ҳол хиёбони марказии Душанбе метавонад макони беҳтарин барои наворгирии филме дар бораи туфони Нӯҳ бошад.
Ҳумоюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG