Пайвандҳои дастрасӣ

Истирдоди боз ду шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия


Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо дастури мақомоти Душанбе дар шаҳри Екатеринбурги Русия боздошт шуда буданд, ахиран ба Душанбе таҳвил шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон Лутфуллоҳ Муҳаммадиев, сокини ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғдро ба қочоқи мақодири бузурги маводи мухаддир ва Абдурашид Қурбонов, сокини ноҳияи Мастчоҳро ба роҳзанӣ муттаҳам мекунанд.
Мақомот мегуянд, Абдурашид Қурбонов дар раъси як гуруҳи мусаллаҳи ниқобпуш ба манзили раиси вақти корхонаи пахтатозакунии ноҳияи Мастчоҳ ҳамла карда, аз у талаби пул кардааст.
Лутфуллоҳ Муҳаммадиев ва Абдурашид Қурбонов аз замони мавриди таъқиби мақомоти Тоҷикистн қарор гирифтани худ аз ин кишвар фирор намуда, дар Русия ба сар мебурдаанд.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG