Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се нафар бо иттиҳоми интишори шабномаҳои Ҳизби Таҳрир боздошт шудааст


Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегуянд, дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Душанбе 3 нафарро ҳангоми паҳн кардани шабномаҳои созмони манъшудаи Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт кардаанд. Ношири ин хабар, ожонсии ИТАР-ТАСС аз қавли манобеъаш дар вазорати умури дохилӣ навишт, ки аз манзили афроди боздоштшуда ҳудуди 300 шабнома ва 20 китоб бо мазмуни, ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ваҳҳобӣ ёфт шудааст.
Манбаъи ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки аз аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 50 кас, бо шумули як раҳбари минтақавии Ҳизби Таҳрир барои интишори ақоиди тундравонаи мазҳабӣ ба масъулият кашида шудаанд. Ҳадафи ниҳоии Ҳизб-ут-Таҳрир, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, табдили низомҳои дунявӣ дар минтақа ва таъсиси як хилофати воҳиди исломӣ дар саросари Осиёи Марказӣ будааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG