Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори аҳли як хонавода дар Турсунзода


Дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон соҳибкори шинохтаи тоҷик Нарзуллоҳ Эргашев ва аҳли хонаводаи ӯ аз тарафи афроди номаълум ба қатл расиданд. Ин воқеъа дар соати се шаби 20 май дар манзили Эргашев ба вуқӯъ пайвастааст.
Барои пажӯҳиши куштор ҳайъати вижаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, таҳти сарварии муовини вазир Маҳмадсаид Ҷӯрақулов ва бо иштироки ноиби дигари вазир Абдуманон Ғозиев ба Турсунзода сафар кардааст. Мақомоти расмӣ аз шарҳи воқеъа худдорӣ мекунанд, вале бархе аз онҳо тахмин мезананд, ки мумкин аст, қатли соҳибкор фармоишӣ ва ба фаъолияти тиҷоратии ӯ робита дошта бошад. Ин аввалин ҳодисаи куштори фарди номдор аст, дар қариб ду соли охир. Нарзуллоҳ Эргашев дар нимаи солҳои навадум як муддат ба сифати раиси ҳукумати шаҳри Турсунзода кор карда ва он замон низ ба ҷони ӯ сӯиқасде сурат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG