Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти гумонбарон дар қатли Хуршедаи нӯҳсола


Додситони шаҳри Санкт-Петербург Николай Винниченко хабар дод, ки якчанд нафар дар ин шаҳр бо гумони даст доштан дар куштори духтарчаи нӯҳсолаи тоҷик Хуршеда Султонова ба ҳабс гирифта шудаанд. Вале вай афзуд, ҳанӯз ба боздоштшудагон айбнома расман эълон нашудааст. Тибқи Кодекси ҷиноии Федерасиюни Русия ин эълон бояд дар давоми даҳ рӯз ҳабс садо диҳад. Додситон Винниченко аз нақли тафсилот худорӣ кард, вале гуфт, ҳабсҳои ахир самти пажӯҳиши ҷиноиро тағйир додаанд. Пештар гумон мерафт, ки куштор ӯ аз нафрати нажодпарастона ба амал омадааст. Ҳоло гуфт додситон, маълум мешавад, ин як амали авбошона будааст.
Шоми нуҳӯми феврали соли равон Хуршеда Султонова, падар ва хешовандаш дар тангкӯчаи Бойтсоваи маркази Петербург ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳ қарор гирифта, Хуршеда бар асари ёздаҳ зарбаи корд дар ҷойи ҳодиса ҷон дод.
XS
SM
MD
LG