Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи нашри ду рузномаи ҳукуматӣ дар Кӯлоб


Дар минтақаи ҷануби кишвар, пас аз таътили 4-сола газетаҳои ҳукуматии «Кулябская Правда» ва «Навиди Кӯлоб» боз ба дасти чоп расиданд. Дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб гуфтанд, нашри рӯзномаҳо, ки ҳамакнун пайваста дарҷ мегарданд, ба ибтикори шахсии раиси тозатаъйини шаҳр бастагӣ дорад. Ва аммо коршиносон мегӯянд, ки ҳукумати маҳаллӣ дар баробари нашри газетаҳои ғайридавлатӣ дар марказ ва фаъолгардии аҳзоби сиёсӣ, ҳамчун Ҳизби Демократ, Ҳизби Наҳзат ва Ҳизби Коммунист дар шаҳри Кӯлоб аз чопи рӯзномаҳои худ кор гирифтааст. Нашри газетаҳои фаромӯшшударо коршиносон ҳамчун оғози маъракаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократӣ муаррифӣ кардаанд. Ва аммо рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, ки ба дасти чоп расидани газетаҳо дар Кӯлобро наметавон ҳамчун озодии матбуот талаққӣ кард. Зеро дар шумораҳои нахустини рӯзномаҳо дасти қавии сензура, ё худсенсурӣ ба чашм мерасад.
Газетаҳои «Кулябская Правда» ва «Навиди Кӯлоб» ҳамакнун пайваста нашр мешаванд, ва ҳомили замимаи «Ҳамдиёр» ҳам ҳастанд. Аммо коршиносон мегӯянд, нашри ин ду газета шояд боз як сол идома ёбад ва сипас онҳо боз баста шаванд. Зеро пеш аз маъракаҳои таблиғотии интихоботи қаблӣ ҳам масъулин газетаҳоро аввал фаъол ва сипас баста будаанд.
Ҷалолиддини Фарҳодӣ аз Кӯлоб
XS
SM
MD
LG