Пайвандҳои дастрасӣ

Имтиҳони ҷиддии ҳукумати Тоҷикистон


Соҷидаи Мирзо

Владимир Сотиров - раиси Дафтари Созмони Милал дар умури мусоидат ба сулҳи Тоҷикистон мегӯяд, ки ба доир шудани як маъракаи шаффоф, одилона ва боз дар Тоҷикистон хушбин шудааст. Ба ақидаи ҷаноби Сотиров, раванди демократия дар Тоҷикистон аз мушкилот орӣ нест, аммо ба сурати умум баҳои созмон ба он мусбат аст. Намояндаи Созмони Милал талоши аҳзоби Тоҷикистонро, ки мехоҳанд, дар парлумон намояндаи бештар ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа таъсири бештар дошта бошанд, тамоюли мусбат арзёбӣ кардааст.
Созмони Милал дар ҳоле ба дурнамои рӯшани интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон изҳори умедворӣ мекунад, ки аҳзоби сиёсӣ аз сарнавишти норӯшани Қонуни интихобот ташвиш доранд ва то ҳол намедонанд, ки ин қонуни дар ҳоли баррасӣ аҳдофи онҳоро бароварда месозад ё не? Аз Валдемар Рокашевский, мушовири сиёсии дафтари Созмони Милал дар Тоҷикистон, пурсидам, ки хушбинии созмон доир ба шаффофияти интихоботи оянда аз куҷо маншаъ гирифтааст?
Вай гуфт: "Хушбинии мо ба дурнамои интихоботи Тоҷикистон баъди суханронии президент Раҳмонов дар ҷаласаи муштараки ҳар ду палатаи парлумон бештар шуд. Зеро президент аз намояндагони мардумӣ тақозо кард, ки бо раиси аҳзоби сиёсӣ, ки дар парлумон намоянда надоранд, мулоқот кунанд. Албатта дар заминаи баррасии қонуни нави интихобот. Ба назари ман интихоботи оянда барои дурнамои сиёсиву иҷтимоӣ ва рушди демократия дар Тоҷикистон хеле муҳим аст ва мо аломатҳои рӯшанеро мушоҳида мекунем, ки ҳукумат ният дорад, дар ҳамин ҷода қадам бардорад."
Валдемар Рокашевский ҳамчунин гуфт, дафтари Созмони Милал раванди интихоботи Тоҷикистонро дар ҳамдастӣ бо ҳукумат, созмонҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, сафорати давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад. Ва рӯзҳои наздик гузориши миссияи Созмони Милал дар умури интихоботро, ки вазъи пешазинтихоботии Тоҷикистонро тайи ду ҳафта омӯхтааст, ба ҳукумат пешниҳод мекунад.
Аз сӯи дигар созмонҳое амсоли Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ дар робита ба интихоботи оянда ва дар маҷмӯъ ба вазъи сиёсии Тоҷикистон арзёбии эҳтиёткорона дорад. Ин созмон рӯзи 19 май дар Душанбе гуфт, бо наздикшавии маъракаҳои интихоботӣ, ба назар мерасад, ки президент Раҳмонов қудрати худро на танҳо ба ҳазинаи ҷангсолорони собиқ, балки гурӯҳҳои оппозитсионӣ, бо шумули ҳизби қонунии Наҳзати Ислом таҳким медиҳад.
Кофӣ Аннон, дабири кулли Созмони Милал, 30 апрел дар як нома ба президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов тақрибан ба ин мазмун навишт, ки интихоботи парлумонӣ дар моҳи феврали соли 2005-ум санҷишест, ки оё сулҳи Тоҷикистон то кадом андоза қобили эътибор шудааст.
Соҷидаи Мирзо
XS
SM
MD
LG