Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмоновро дигар сулҳофарин намедонанд


Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе

Эҷоди мавонеи маснӯӣ дар фаъолияти аҳзоби сиёсии ғайриҳукуматӣ, идомаи фишор ба Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон зуҳури гурӯҳҳои тундрави исломӣ, мавҷудияти ҷангсолории мерос аз ҷанги дохилии ин кишвар, адами риояи Қонуни афв ва таъқибу боздошти размандаҳои пешини собиқи мухолифини тоҷик ва масоили дигари мавҷуд дар Тоҷикистон метавонанд, сулҳ ва суботро дар ин кишвар хатчадор намуда, раванди омодагии Тоҷикистон барои баргузории як интихоботи мунсифона ва демократӣ дар соли 2005-ро ба мушкилот мувоҷеҳ созад.
Ин нуктаро намояндагии Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ дар Душанбе бо интишори як гузориши муфасаал роҷеъ ба вазъи феълии Тоҷикистон, таъкид кардааст.
Бар асоси ин гузориш, агар мардум чанд сол қабл мушкилот ва камбудиҳоро аз ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ медонистанд ва худро бо ин тасаллӣ медоданд, ҳамакнун дигаргунии ҷиддӣ ва беҳбудии воқеиро талаб доранд. Майкл Ҳолл - мушовири Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ ва яке аз муаллифони ин гузориш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи мо ин аст, ки ба ҷомеаи Тоҷикистон вазъи феълии ин кишварро дар маҷмӯъ бозрасӣ кунем ва огоҳ намоем, зеро бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор пешрафтҳои ҷиддӣ дар соҳоти Тоҷикистон дар чаҳор панҷ соли баъди ҷанг ба даст омад ва худо нохоста бо саҳлангориҳои мақомоти давлатӣ ин ҳама барбод дода шавад.
Намояндаи Гурӯҳи Бӯҳроншиносӣ, Майкл Ҳолл таъкид мекунад, ки Тоҷикистон дар пешорӯи як маъракаи муҳим, яъне интихоботи парлумонӣ қарор дорад ва ҳар рафтори нохушоянди ниҳодҳои марбута метавонад, вазъро муташанниҷ гардонад: "Мо ба ин фикрем, ки баъзе сохторҳои давлатӣ дар арафаи интихобот ба аҳзоби сиёсӣ ба хусус ба Ҳизби Наҳзати Ислом фишор меоранд ва ҳамчунин аз тарафи мақомоти интизомии ин кишвар размандаҳои пешини оппозитсиюн мавриди таъқибу боздошт қарор мегиранд, ки чунин ҳолат метавонад, ба ҷараёни омодагии интихоботи соли ояндаи парлумон халал ворид кунанд."
Ба қавли намояндаи Гурӯҳи байнамилалии бӯҳроншиносӣ, танҳо дар чанд моҳи ахири соли равон ду намояндаи аршади Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, Шамсуддин Шамсуддинов - муовини раиси ҳизб ва Қосим Раҳимов ба зиндон кашида шуданд. Дар оғози моҳи равон Муҳаммадрузӣ Искандаров ва Саламшоҳ Муҳаббатов - фармондеҳони пешини оппозитсиюн дар мавриди таъқибу боздошти размандаҳои пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик аз тарафи мақомоти интизомӣ бо президент Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот намуданд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар сӯҳбати ахир бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳафтаи гузашта феҳрасти 200 нафараи размандаҳои пешинро, ки дар маҳбасҳои ҳукуматӣ ба сар мебаранд, ба дастгоҳи раёсати ҷумҳур пешниҳод намудааст, ки онҳо шомили Қонуни афв будаанд.
Тибқи гузоришҳо ду ҳизби сиёсӣ Ҳизби Тараққиёт ва Ваҳдат аз тарафи вазорати адлия ба қайд гирифта нашуданд.
Лидерони ҳар ду ҳизб Султон Қувватов ва Ҳикматулло Саидов ин амали вазорати адлияро ғайриқонунӣ ҳисобиданд. Аммо сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Абдуфаттоҳ Шарифов мегӯяд, ишораҳои Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ то ҳадде воқеият надоранд ва ин, ки дар пешорӯи ҳизбҳо монеа эҷод мекунад, асос надорад, зеро бархӯрди ин ниҳодҳо бар асоси қонунҳои ҷории кишвар сурат мегиранд.
Оқои Шарифов мегуяд: "Президенти кишвар дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба таври қатъӣ дар ин бора таъкид шуд ва на мавқеи президент ва на мавқеи мақомоти дигари давлатӣ дар ин масъала тағйир наёфтааст. Агар Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ бидуни далел дар ин масъала сӯҳбат мекунад, фикр мекунам, ки нодуруст мебуд. Аммо дар масъалаи сабти аҳзоби Таррақиёт ва Ваҳдат ҳамин гуфтанӣ ҳастам, ки вазорати адлияи Тоҷикистон бар асоси қонуни ҷорӣ ва дар заминаи қонунӣ расидагӣ кардаанд.
Аммо намояндагони аҳзоби сиёсии ғайриҳукуматӣ мегӯянд, мавонеи маснӯие, ки мақомоти давлатӣ, хусусан дар давраҳои интихоботҳо эҷод мекунанд, водор намудааст, ки ахиран Ҳизби Наҳзати Ислом, Сотсиал-Демократӣ ва Ҳизби Сотсиалистӣ маҷбур ба таъсиси як эътилоф ба хотири интихоботи шаффоф шуданд.
Ва илова ба ин бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва аҳзоби сиёсӣ тарҳи нави қонуни интихобот барои эҷоди шароити солим ҷиҳати рақобати мунсифона дар маъракаҳои сиёсӣ ба муҳокимаи вакилони парлумони ин кишвар гузошта шудааст.
Ба гузориши Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ, як мушкили дигаре, ки аз паёмадҳои ҷанги дохилӣ ба шумор рафта ва ҳанӯзам дар ҷомеаи Тоҷикистон ба таври рӯшан мушоҳида мешавад, мавҷудияти қумандонсолорӣ мебошад. Ин нуктаро коршиносони дохилӣ низ таъйид мекунанд. Ба назари коршиноси мустақили тоҷик Искандар Асадуллоев, аз соли 1997 то кунун манотиқи алоҳида ва корхонаҳои муҳими алоҳидаи Тоҷикистон ба таври ғайрирасмӣ ва пинҳонӣ таҳти фармонфармоии рафиқ командирони ҳукуматӣ ва бародарқумандонони пешини оппозитсиюн қарор доранд.
Тибқи баъзе гузоришҳо, ҳатто корхонаҳои таҳти манотиқи нуфузи қумондонон ба таври пинҳонӣ ба онҳо андоз месупоранд. Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ ба ин назар аст, ки мавҷудияти давомдори чунин вазъият бастагӣ ба он дорад, ки президент Раҳмонов дар муҳосираи иттилоотӣ қарор дошта, вазъи воқеии кишварро намедонад ва манбаъҳои мӯътамади иттилоотӣ надорад. Ҳикматулло Сайфуллозода коршиноси тоҷик мегӯяд: "Ман аз ин воқеаҳо чунин бардошт намудам, ки воқеан як гурӯҳе дар атрофи президент вуҷуд дорад, ки намегузорад, сухани президент мустақим ба мардум бирасад ва мардум шафоф ва рӯшан аз сӯҳбату суханрониҳои раиси ҷумҳур огоҳ шаванд."
Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ дар гузориши худ таъкид кардааст, ки чунин ҳол, яъне беиттилоотии ҳамаҷонибаи раиси ҷумҳур аз вазъи амалии кишвар боиси афзоиши ришвату фасод, фақр ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ дар байни ҷомеа шудааст. Дар ин гузориш ишора шудааст, баъд аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонов симои сулҳофарин ва унвони Исмоили Сомонии сониро ба худ гирифт, аммо ҳафт соли баъди ҷанг, ки ҷомеа ҳарчӣ бештар ба мушкилоти иҷтимоӣ ғӯта мехӯрад ва ин чеҳраи Раҳмоновро дигар кардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG