Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати автобуси мусофирбар миёни Тоҷикистону Чин


Миёни Тоҷикистону Чин сар аз моҳи июн ҳаракати автобуси мусофирбар шурӯъ мешавад. Дар ин бора хабаргузории чиноии "Чжунго Синвэн" хабар додааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, созишнома дар ин бора дар шаҳри Урумчӣ маркази вилояти автономии Шинҷону Уйғур ба имзо расидааст. Хатти ҳаракати автобуси мусофиркаш 669 километрро ташкил медиҳанд ва мусофирбарҳо дар як моҳ се маротиба, рузҳои 6, 16 ва 26 ҳар моҳ ҳаракат мекунанд.
XS
SM
MD
LG