Пайвандҳои дастрасӣ

Дилбастаҳои забони Хайём


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Дар ҳошияи ҷашни бузургдошти ҷаҳонии Ҳаким Умари Хайём аз як гӯшаи гумноми Русия хабар расид, мардуми деҳкадаи Инз бо забони Умари Хайём ҳарф мезанад ва ин ошноӣ собиқаи беш аз як асра дорад. Деҳаи Инз воқеъ дар вилояти Уляновски Русия, ба қавли Гулрухсор дар як гӯшаи олам аз назарҳо дур аст. Омӯзиши забони форсӣ дар ин гушаи олам собиқаи беш аз садсола ва имрӯз ҳам корбурд дорад. Ба гуфтаи Николай Сенчев, хабарнигори минтақаии рузномаи «Российская газета» бунёдгузори мактаби форсӣ дар деҳаи Инз дар як саду панҷоҳ соли пеш ховаршинос Дмитрий Ознобишин будааст ва донишманди рустабори тоҷикистонӣ Татяна Голс дар солҳои навади садаи ахир он мактабро эҳё кард ва чандин шогирд ба камол расонид.
Дмитрий Ознобишин зодаи Инз аст. Хотираи ӯро дар ин ҷо гиромӣ медоранд. Дмитрий Ознобишин таърихдон, ховаршинос ва тарҷумон буд. Вай барои бачаҳои деҳқонон мактаб ташкил кард. Дар мактаб ба бачаҳо ҳамзамон забони форсӣ, таърих ва расму ойини мардуми форсро ёд дод. Аммо бо даргузашти вай таълими забони форсӣ дар Инз қатъ гардид. Солҳои навад Татяна Голс як донишманди рустабор аз Тоҷикистон ба Инз омад ва кори қатъшудаи Дмитрий Ознобишинро идома дод.
Бо ташаббуси Татяна дарси форсӣ дар Инз эҳё шуд. Ва дар андак замон бачаҳои зиёде забондон шуданд. Таълими забони форсӣ дар мактаб дар сатҳи баланд буд. Аксари шогирдони мактаб ба донишгоҳҳо дохил шуданд. Яке аз онҳоро, ки Миша Барсков ном дорад ва зодаи деҳаи кӯчаки Оқсаур аст, чанде пеш як ширкати тиҷоратии ирониву русӣ ва ба Самара ба кори тарҷумонӣ даъват кард.
Дигар шогирдони мактаб дар саросари Русия пароканда шудаанд. Татяна Голс ҳам аз ҷаҳон даргузашт. Татяна Голс дар Душанбе дар мавзуъи эҷодиёти Дмитрий Ознобошин рисолаи илмӣ дифоъ кардаааст. Вай қаблан чандин бор ба Инз ба манзури омӯзиши осори донишманд омада буд ва соли 1990 бо модараш ба ҳамин ҷо кӯчида омад. Дар мактаб омӯзгор буд. Хотираи Татяна Голс дар ҳамоише, ки дар бузургдошти 200-умин солгарди Дмитрий Ознобишин баргузор гашт, ба некӣ ёд шуд.
Дар ҳамоиш беш аз сад нафар адабиётшиносон, таърихдонон ва сабкшиносон аз Русия ва хориҷа ширкат карданд.
Мудири гимназия, Владимир Шикунов, тайи суханони худ хостори аз саргирии омӯзиши забони форсӣ дар гимназия, ки ҳоло техникум номида мешавад, гардид ва аммо ибрози таассуф кард, ки шогирдони Татяна Голс ҳама тарки минтақа карданд ва касе нест, ки дарси форсиро идома бидиҳад. Вай ҳамзамон ибрози умедворӣ кард, шояд рӯзе нафаре аз форсидонон ба зодгоҳ баргардад ва дарси форсӣ дар техникум шурӯъ шавад ва мардуми Инз боз ҳам Ҳаким Умари Хаёмро дар асл қироъат кунанд.
Ба гуфтаи Николай Сеченев, кашфкунандаи алоқамандони Хайём ва форсидонони як гӯшаи аз олам дур дар Русия, дар китобхонаи ғании Дмитрий Ознобишин, донишманди қарни нуздаҳи рус, китобҳои форсӣ интизори хонанда ҳастанд.
XS
SM
MD
LG