Пайвандҳои дастрасӣ

Қиммати об гарон ё сӯзишвории нафтӣ?


Қиммати оби нӯшоки дар Душанбе ба арзиши сӯзишворӣ қариб баробар гаштааст. Ин дар сурате, ки маводи сӯхт аз хориҷа ба кишвар ворид мешавад ва аммо Тоҷикистон бо захоири оби тозаи худ меболад. Ба ҳамин тариқ, як литр бензин аз як сомониву бист дирам то як сомониву панҷоҳ дирам нарх дорад ва қиммати як зарфи якунимлитраи оби газнок низ дар дуконҳои обфурӯшии пойтахт як сомониву бист дирам мебошад.
Бино бар иттилои ожонсии давлатии «Тоҷикстандарт», феълан дар Тоҷикистон беш аз чил ширкат ба истеҳсоли обҳои нӯшокии ранга, газнок ва бегаз машғул аст. Каромат Саидова - ноибмудири шуъбаи назорати давлатии хуроквории ожонсии «Тоҷикстандарт» мегуяд, теъдоди ширкатҳое, ки фаъолияти худро дар самти истеҳсоли оби нӯшоки ба роҳ мондаанд, афзудааст. Аммо афзоиши шумори ин ширкатҳо то ҳол наметавонад, ба нархи оби нӯшокӣ таъсир расонад.
Саймуддин ном сокини пойтахт мегӯяд, нархҳои ҳозираи ин обҳо барои мардуми оддӣ гарон маҳсуб мегардад. Саймуддин меафзояд: «Нархи обҳое, ки дар дӯконҳо мефурӯшанд ба кисаи мардум нест. Об дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешавад, аммо бензин ва сӯзишворӣ, ки аз хориҷ оварда мешаванд, қариб об аз ҳамон сӯзишворие, ки чи қадар роҳро тай мекунаду бо боҷи гумрукиву дигар ба ин ҷо меояд, аз ҳамон сӯзишворӣ ҳам обҳое, ки дар ҳамин ҷумҳурии мо истеҳсол мешаванд, қиматтар ҳастанд.»
Ширкати «Шоҳона» ба тозагӣ ба истеҳсоли оби нӯшокӣ шуруъ кардааст. Наҷиб Ҳамробоев - мудири тиҷоратии ин ширкат иллати гаронии арзиши обҳои нӯшокиро дар андозҳои сершумору вазнин ва адами истеҳсоли зарфу хокаҳои кимиёвӣ дар кишвар мебинад.
Ҷаноби Ҳамробоев мегӯяд: «Ҳозир об ҳам пулакӣ шудааст. Мо ҳисобкунакҳои обӣ дорем, бо корхонаи «Душанбеводоканал» созишнома дорем ва барои об пул месупорем, ҳарчанд на он қадар бисёр. Сабаби асосии қиммат будани об ашёи хом аст. Пули барқ, андоз низ гарон аст.»
Ба андешаи коршиносон, моддаи аслии обҳои нӯшокӣ табиист, ки «об» аст. Ширкатҳои истеҳсолкунандаи оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон маъмулан аз обҳои зеризаминӣ истифода мебаранд. Онҳо аз чоҳҳо об мебароранд, онро тоза мекунанд, ба он газ ё хокаҳои кимиёвӣ ва ё ягон моддаи дигар омехта карда, ба зарфҳо мерезанд ва сипас онро ба фурӯш мебароранд. Ба андешаи соҳибони ширкатҳо, бо назардошти ҳамаи он масрафоти истеҳсол, андозу маблағи барқ ва об нархи ҳозираи об наметавонад аз будаш арзонтар бошад. Дар худи ширкатҳо нархи оби минералӣ то як сомон ва қиммати обҳои ранга то як сомону бист дирам мебошад. Вале то ҳол ягон ширкат фурӯши бевоситаи обро ба роҳ намондааст. Мардуми оддӣ, ки ҳатто дар маъракаҳои мотами худ об мехарад, маҷбур аст, ин обҳоро аз дӯконҳо дастрас намояд. Бо назардошти ҳавои гарм, тоза набудани оби хонаҳо ва номумкин будани нӯшидани он, эҳтиёҷи мардум ба обҳои нӯшокии минераливу газдору ранга меафзояд. Арзиши як зарфи якунимлитраи оби ранга дар дӯкон то ба ду сомони мерасад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ фурӯшандаҳои дӯконҳо ва дӯкондорҳо сабаби асосии ба арзиши аслӣ қариб як баробари дигар изофа кардани нархи обро ба вазнинии андозҳо нисбат доданд.
XS
SM
MD
LG