Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди сенаторҳои фаронсавӣ аз Душанбе


Гурӯҳе аз сенаторҳои фаронсавӣ рӯзи 20 май бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот ва масоили муносиботи дуҷониба, ҳамкориҳои низомиву иқтисодӣ ва вазъияти минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Сенатор Франсуа Трюси роҳбари ин ҳайъат пас аз хатми мулоқот дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо терроризм, бунёдгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир корҳои зиёдеро анҷом медиҳад ва аз ин рӯ, ин кишвар бояд дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомиаи байналмилал қарор бигирад. Вай бо тааҷҷуб аз камтаваҷҷӯҳии ҷомиаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон афзуд, ки талошҳои ин кишвар ба зидди таҳдидоти ҷадиди байналмилалӣ, ба хусус маводи мухаддир барои тамоми ҷаҳон судманд ва муфид аст.
Оқои Трюси гуфт: "Ман дар тааҷҷубам, ки ҳанӯзам ҷомиаи байналмилалӣ дар мубориза бо маводи мухаддир ин падидаи манфур, ки на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми дунё хатар дорад, ҳамроҳӣ намекунад. Тоҷикистон аз ҳар кишвари дигари собиқи шӯравӣ барои истиқлолияти худ бештар мубориза кардааст ва аз ин хотир аз ҷониби Фаронса кӯмак ва қадрдонӣ хоҳад шуд."
Ба гуфтаи оқои Трюси, аз моҳи сентябри соли ҷории мелодӣ дар сафорати Фаронса дар Душанбе атташеи вижае ҷиҳати мубориза зидди қочоқи мухаддир ташкил мешавад, ки он дар мубориза бо қочоқи ин мавод ба Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовари назди раиси ҷумҳур кӯмаки лозим хоҳад кард.
Сенатор Трюси ҳамчунин зимни қадрдонӣ аз пазириши нирӯҳои низомии кишвараш дар фурудгоҳи Душанбе гуфт, Фаронса хатти парвози фурудгоҳи пойтахти ин кишварро тармим ва таҷдид хоҳад кард. Абдуфаттоҳ Шарифов, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки президент Раҳмонов аз сатҳи муносиботи кишвараш бо Фаронса изҳори ризоият кардааст.
Гуфтанист, гурӯҳи сенаторҳои фаронсавӣ масоили равобити дуҷонибаи мақомоти қонунгузории ҳарду кишварро бо руасои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон мавриди гуфтӯгу қарор дода, ҳамчунин бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқот карданд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG