Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе биноҳои нави истиқоматӣ месозанд


Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, ба зудӣ якҷо бо ширкатҳои шаҳри Маскав дар чорроҳаи байни хиёбони Рудакӣ ва кучаи Бухорои шаҳри Душанбе ба бунёди як муҷтамаъи бисёрқабатаи истиқоматӣ оғоз мекунад.
Шаҳрдории Душанбе барои иҷрои ин барнома 500 ҳазор доллар ихтисос дода, аз ширкатҳои кишвар даъват кардааст, ки низ дар кори ин сохтмон саҳим шаванд.
Сухангуи ҳукумати Душанбе Шавкат Саидов дар ин робита ба Радиёи Озодӣ гуфт: "Ҳаждаҳуми май дар доираи созишномаи генералии мавҷудаи байни ҳукумати шаҳри Душанбе корхонаи воҳиди давлатии раёсати сохтмони таҷрибавии шаҳракҳои шаҳри Маскав аз 17-уми марти соли 2004 қарордод барои бунёди комплекси замонавии бисёрошёна, ки аз ҳисоби сармоягузории муштарак сохта хоҳад шуд, ба имзо расид. Тавре муовини директори генералии корхонаи мазкур Анатолий Мелниченко гуфт, дар татбиқи ин барнома ба ҳайси сармоягузори генералӣ ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Русия-Тоҷикистон-дӯсти" баромад карда, бори нахуст сармояҳои соҳибкорони рус ва тоҷикро аз Маскав ба Душанбе ба хотири пешниҳоди ҷойҳои нави корӣ ворид менамояд. Ҳамчунин дар сохтмони ин бино метавонанд, афроди алоҳида ва корхонаҳои дигар ширкат варзида, соҳиби хонаҳои замонавӣ шаванд."
XS
SM
MD
LG