Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати чаҳор чупон дар шимоли Тоҷикистон


Дар натиҷаи боришот ва сели шадид чаҳор чӯпон дар ноҳияи Ғончӣ 70-километрии Хуҷанд ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора Худойбердӣ Қодирбердиев, корманди ситоди вилоятии вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рузи 19 май дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин фоҷиа шоми душанбе, 17 май дар мавзеъи Овҷияи ноҳия рух додааст. Чаҳор тан чӯпон Умарҷон Ҷӯраев, Абдурауф Раҳимов, Одинамуҳаммад Бадалов, ки дар ин мавзеъ саргари бонии ҳайвонот буданд, зери сел монда ба ҳалокат расиданд. Сели шадид ҳамчунин садҳо сар ҳайвоноти хонагиро ба коми худ кашидааст. Кормандони ситоди ҳолатҳои фавқуллода ҷасади чупонҳоро пайдо кардаанд. Ба гуфтаи Худойбердӣ Қодирбердиев, онҳо сокинони ноҳияи Масчоҳ будаанд. Ба иттилоъи ситоди мазкур, боришоти рӯзҳои душанбе ва сешанбе ба вилояти Суғд дигар хисороти моливу ҷонӣ ворид насохтааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG