Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қотилони духтараки нӯҳсолаи тоҷикро пайдо карданд?


Иля Клебанов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар ҳавзаи шимоли ғарби федератсия, дар Санкт-Петербург хабар дод, номи қотилони духтараки тоҷик ба зудӣ маълум хоҳад шуд. Нуҳӯми феврал дар Санкт-Петербург, гурӯҳи номаълум ба як хонаводаи муҳоҷирони тоҷик ҳамла кард. Дар натиҷа духтараки нӯҳсола бо номи Хуршеда кушта шуд. Падар ва хешбачаи вай, Акобири 11-сола бо захмҳои гуногун ҷон ба саломат бурданд.
Ба гуфтаи сухангуйи намояндагӣ, Андрей Мазуров, оқои Клебанов ин матлабро дар маросими ифтитоҳи шурӯъи фаъолияти худ ба ҳайси намояндаи вижаи раиси ҷумҳур, дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон эълом кард.
Вай гуфт: "Тафтиш ҷиддӣ идома дорад ва мо умед дорем, номи қотилон ба зудӣ эълом мешавад."
Ҳамзамон, мақомоти полиси ҳавза низ аз анҷоми бозрасӣ ва кашфи қотилони духтараки тоҷик хабар дод.
Намояндаи мақомот гуфт, феълан ҷиноят аслан ошкор шудааст. Гурӯҳи одамоне, ки ин ҷиноятро содир кардаанд, маълум аст ва номи онҳо ба зудӣ расман эълом мешавад.
Дар рӯзҳои ҳодиса ривояти даст доштани скинхедҳо дар ҳамла аввалият дошт. Аммо идораи марказии полиси Санкт-Петербург дар дунболаи сӯҳбати Клебанов ба оҷонси "Интерфакс" гуфтааст: "Баъдан, мо дар қазия ба ҷой скинхедҳо, пайи пои маводи мухаддирро ошкор кардем." Манбаъ истилоҳи «пайи пой маводи мухаддир»-ро тавзеҳ накардааст.
Лозим ба ёдоварист, идораи марказии полиси Санкт-Петербург аз оғоз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Маскав талош мекард, ширкати синхедҳо дар фоҷеъаро рад намояд. Идораи полис шумораи скинхедҳо дар вилоятро 620 нафар мегӯяд, дар ҳоле, ки манбаъҳои дигар иттиҳодияи скинхедҳои ин минтақаро яке аз 20 иттиҳодияи сернуфуси Русия, баъди Маскав медонанд.
Акобир, писарбачаи раҳоёфта дар рӯзи дуввуми фоҷеъа ба хабарнигорон гуфта буд, ҳамлаварон «Русия барои русҳо» фарёд мекашиданд. Куштори Хуршеда Султоноваи нӯҳсола дар ҷомеъа вокуниши густурда ба бор овард. Волии Санкт - Петербург, Валентина Матвиенко ва Рашид Нургалиев, вазири умури дохилаи Русия ҷараёни тафтишро таҳти назорат гирифтаанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав
XS
SM
MD
LG