Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саламшоҳ Муҳаббатов соҳиби вазифа шуд


Саламшоҳ Муҳаббатов аз фармондеҳони аршади Иттиҳоди оппозитсиюни пешини тоҷик, ки аз мақоми Кумитаи нафту гази Тоҷикистон барканор шуда буд, ба вазифаи раиси корхонаи воҳиди давлатии "Сайёҳ" таъйин шудааст. Дар ҷараёни як сӯҳбати кӯтоҳе, ки Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19 май бо Саламшоҳ Муҳаббатов доштааст, масъалаи таъйини ӯ ба ин мақом баррасӣ ва ҳаллу фасл шудааст. Оқои Муҳаббатов дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард.
Корхонаи воҳиди давлатии "Сайёҳ" дар заминаи ширкати "Интурист"- и Тоҷикистон бо ҳадафи роҳандозии дубораи фаъолияти ин корхона ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷаҳонгардони хориҷиву дохилӣ ба ин кишвар таъсис ёфтааст. Замони муқовиматҳои дохилӣ дар Тоҷикистон ва дар солҳои баъд аз он бар асоси барномаи хусусигардонии ҳукумати кишвар аксари иншоот ва моликияти ин ширкат ё ба сирқат рафта ва ё хусусӣ гардонида шудааст. Гуфта мешавад, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, бо таъсиси корхонаи воҳиди давлатии "Сайёҳ" дар ин самт низом ва сиёсати муносиберо ҷорӣ кунад.
Аммо Саламшоҳ Муҳаббатов фармондеҳи собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки акнун раиси корхонаи воҳиди давлатии "Сайёҳ" таъйин шудааст, дар авохири соли гузашта ба нишони эътироз аз сиёсати президент Раҳмонов ва афзоиши мавориди фишор ва таъкиби ҷонибдорон ва размандагони собиқи мухолифин аз сӯи мақомоти интизомӣ ҳамроҳ бо Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба минтақаи шарқи Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷиргатол рафт. Оқои Муҳаббатов тайи муддати иқоматаш дар ин минтақа ба манзури ҳимояти размандагони собиқ , риояти шароити Созишномаи умумии сулҳ ва татбиқи Қонуни афв аз ташкили як шӯрои сиёсии фармондеҳони пешин эълом дошт.
Оқои Мухаббатов зимни сӯҳбат гуфт, ки новобаста аз таъйинаш ба ин мақом, вай аз тақозои иҷрои шароити пешгузоштааш сарфи назар нахоҳад кард. Аз Саламшоҳ Муҳаббатов пурсидам, ки аз таъйни дуборааш ба вазифаи давлатӣ ҷонибдоронаш огоҳӣ доштаанд ва ё ин тасмими бевоситаи худи ӯ будааст.
Вай гуфт: "Мо фикр мекунем, ки он нафароне, ки ҳамроҳи мо буданд, ҳамроҳ будему ҳамаи талаботҳое, ки доштем, бе маслиҳату машварат нашудааст. Ҳамааш маслиҳату машварат шуда буд."
Ба ин тартиб, ба дунболи таъйини Мирзохӯҷа Низомов ба вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, Ғаффор Мирзоев ба вазифаи раиси Оҷонсии назорат бар гардиши гайриқонунии маводи мухаддир, Шоҳ Искандаров ба вазифаи сардори яке аз раёсатҳои кумитаи марзбонӣ, Саламшоҳ Муҳаббатов чаҳорумин фармондеҳи собиқ аст, ки бо дастури раиси ҷумҳур дубора ба масъулияти давлатӣ бозгардонида мешавад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз Душанбе
XS
SM
MD
LG