Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҷавонон дар рӯзҳои сахт


Дар Тоҷикистон барои ҳафтумин бор рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад. 23-уми майи соли 1997 раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи тадобири беҳтар намудани кор бо ҷавонон амре содир карда буд, ки дар пайи он кумитаи кор бо ҷавонон таъсис гардид. Пас аз як соли пурра, яъне соли 1998 бо қарори Маҷлиси Олии Тоҷикистон 23-уми май рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид. Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон ба ифтихори ин сана, силсилаи чорабиниҳо зери номи «Ҳафтаи ҷавонон»-ро ба нақша гирифтааст. Рӯзи 23-уми май бо баргузории як қатор тадобири марбут ба ин рӯз, ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон анҷом мепазирад.
Тибқи нақша, субҳи 23-уми май дар пояи маҷмааи Исмоили Сомонӣ маросими гулгузорӣ барпо мешавад. Пас аз он, дар бинои кумитаи кор бо ҷавонон маросими супурдани ҷоизаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ба олимони ҷавон ва шоми он рӯз дар варзишгоҳи марказӣ барномаи тафриғӣ бо ширкати сарояндагои ҷавони тоҷик доир мегардад.
Тибқи маълумоти расмӣ беш аз ҳафтод дар сади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аммо мавҷуд будани ҷавонон танҳо дар чанд шаҳри калони Тоҷикистон эҳсос мегардаду халос, мегӯянд соҳибназарон. Ҷавони давраи пуршӯртарин, пурэҳсостарини зиндагии инсон ба шумор меравад. Донишу илмомӯзӣ ва истироҳату фароғати ҷавонӣ хуштар аз ҳар чиз аст, мегӯянд онҳое, ки ҷавонияшон имрӯз ба моли таърих табдил ёфтааст. Вале рӯзи аксари ҷавонони имрӯзи тоҷик ё дар бозору сохтмонҳои Русия шаб мешавад, ё дар ҳамин Тоҷикистон, аммо боз ҳам бо фикри пешбурди зиндагӣ. Мушкилоти зиндагӣ ҷавононро аз имкони таҳсил ва кор маҳрум сохтааст ва сарчашмаи ҳамаи мушкилиҳои дигар низ бекорӣ аст, мегӯяд Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон: «Вақте, ки ҷавонон ояндаи миллату ояндаи кишвар номида мешаванд, аниқ аст, ки бо ин тарзу бо ин илм на танҳо ҷавонон, балки худи кишвар ҳам солхои наздик ба хеле душвориҳо дучор мешавад.»
Ба андешаи Рустам Файзиев - ноибраиси ҳизби расман сабт нашудаи «Тараққиёт», мушкилоти ҷомеа ба мардонаву занонаву ҷавонона ва ё кӯдакона тақсим намешавад. Бо назардошти он, ки қувваи аслии пешбарандаи ҷомеа маҳз ҷавонон маҳсуб мегарданд, мушкилоти онҳо мушкилоти кулли ҷомеа мебошад: «Тақсим кардани проблемаҳо ба проблемаҳои мардҳову занҳо, ҷавонону калонсолон ин нодуруст аст. Проблемаҳои имрӯз ба тамоми мардуми Тоҷикистон дахл дорад. Масалан, проблемаи кор, ҷойи кор нест, корхонаҳо кор накарда истодаанд, корхонае кор кунад агар, маош нест, ё маош бошад ҳам, маоши дуруст нест. Барои ҳамин одамон маҷбур шуда, Русия мераванд, мардикор мешаванд.»
Тибқи омори дафтари Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Душанбе, теъдоди ҷавонони муҳоҷири тоҷик ҳар сол дар ҳоли афзоиш аст. Мушовири маркази иттилоотӣ барои муҳоҷирони созмони мазкур, Мукаррама Бурҳонова мегӯяд, тадқиқоти ахири онҳо соли гузашта анҷом гирифтааст: «Аз руи ин тадқиқот ҳар сол зиёда аз 620.000 муҳоҷири меҳнатӣ барои ҷустуҷӯи ҷои кор Тоҷикистонро тарк мекунад. Ҷавонони аз 18 то 29 - сола ҳудуди сӣ дарсади ҳамаи ин муҳоҷиронро ташкил медиҳанд.»
Набудани ҷои кори хуб ва даромаднок ва маоши ночизи муассасоти давлати бархе аз ҷавононро дар Русия мардикор ва аробакаш мекунад. Ин мушкили барви дигарро ҷинояткор, дузд, наркокурйер, узви гурӯҳу созмонҳои ғайриқонунӣ ва тундрав, танфурӯш мегардонад. Дар сурати каме сустирода будан, ҷавон барои раҳоӣ аз ин мушкилот, барои фирор аз воқеияти зиндагӣ ба истеъмоли маводи нашъаовар даст мезанад. Ба тахмини коршиносон, имрӯз дар Тоҷикистон беш аз ҳафтод ҳазор нашъаманд ба сар мебарад, ки ағлабияти томи онҳоро ҷавонони аз 15 то 29-сола ташкил медиҳад.
Муртазо Хидиров - нарколог ва сарвари созмони ғайриҳукуматии «Раҳоӣ аз нашъамандӣ» мегӯяд: «Таҷриба нишон медиҳад, дар давлатҳое, ки ҳолати иҷтимоияшон душвор мешавад, бисёртар дар он ҷо ҳамин мушкилоте аз қабили нашъамандиву дигар бемориҳои иҷтимоӣ пайдо мешавад. Бемориҳои иҷтимоӣ - ин бемориҳои руҳӣ, нашъамандӣ, сил ва ғайра.»
Ҷаноби Хидиров бар ин бовар аст, ки на ҳама мӯътодонро мушкилоти иҷтимоӣ ба ин роҳ бурдааст. Бархи дигари ҷавонон аз нодониву камогаҳӣ аз оқибатҳои фоҷиаовари нашъа, аз хоҳиши чашидани лаззати ин мавод мӯътод мегардад. Коҳиши одоб, ахлоқ, фарҳанги ҷавонон низ аз мушкилоти умдаи ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бахтиёр Каҳҳоров- филмсози ҷавони тоҷик, ягона офарандаи филмҳои тасвирӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ӯ дар ҳайрат аст, ки оё ин ҷавонон дар ҳақиқат насли ҳамон Саъдиву Фирдавсӣ, Рӯдакиву Ҳофизу садҳо адиби классики дигаранд, ки эҷодиёташон лабрез аз насиҳату маслиҳат мебошад?
«Аз қадимулайём ахлоқи тоҷикон боиси ибрат буд. Ҳозир бисёр ба шигифт меоям, ки оё ҳамон бачаҳое, ки рафторҳои ношоиста доранд, воқеан тоҷиканд?»
Иллати аслии коҳиши ахлоқи ҷавонон боз дар ҳамон мушкилоти иҷтимоӣ дида мешавад. Дар ҳамин ҳол, биноҳои маъмуриву хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистонро шиорҳои марбут ба ҷавонон оро медиҳад. Аз қабили «Ҷавонон ояндаи миллат», «Ҷавонон - нерӯи созандаву бунёдкор» ва ғайра. Ин шиорҳо ба шиорҳои уррабоди замони Шӯравӣ монандӣ дорад, аммо фарқи зиндагии ҷавонони имрӯз аз ҳаёти ҷавонони Шӯравӣ аз замин то осмон аст.
XS
SM
MD
LG