Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҷумҳури Эрон ба Душанбе сафар мекунад


Носири Сармади Порсо, сафири Ирон дар Душанбе, бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, масоили муқадаммоти сафари Муҳаммади Хотамӣ ба ин кишварро баррасӣ кардаанд. Сармади Порсо гуфт, қарор шудааст, сафари расмии раиси ҷумҳури Ирон ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат бигирад. Зимни ин мулоқот инчунин масъалаи ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар ва ба хусус оғози тарҳи сохтмони неругоҳи Сангтӯда ва ширкати Ирон дар ин сохтмон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Сафири Ирон гуфт, ба манзури суръат бахшидан ба иҷрои ин тарҳ, ки Ирон дар он нақши асосиро хоҳад дошт, қарор шудааст, як гурӯҳи мушовирони иронӣ вориди Тоҷикистон шавад. Тавофуқ миёни Тоҷикистон ва Ирон дар масъалаи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда аз чанд вақти пеш матраҳ шуд ва дар ҷараёни сафари ахири раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ирон ба имзо расида буд.
Ирон тавофуқ кардааст, сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯдаро, ки бештар аз 400 миллион ҳазина мехоҳад, бар дӯш бигирад ва бад-ин манзур то кунун 120 миллион доллар ихтисос додааст. Сафири Ирон ҳамчунин хабари мутаваққиф шудани кор дар сохтмони тунели Анзобро, ки тавассути як ширкати иронӣ сохта мешавад, рад кард ва гуфт, мушкили кор дар ин замина аслан дар фасли зимистон ношӣ аз камбуди нирӯи барқ будааст ва ҳамакнун ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.
Сафири Ирон ҳамчунин афзуд, масъалаи таъсиси як корхонаи муштараки тракторсозӣ низ баррасӣ шудааст. Муносиботи Тоҷикистон ва Ирон тайи ду соли ахир дучори таҳаввули чашмрасе шуда ва ба гуфтаи Носири Сармади Порсо, тайи ин муддат мубодилаи мол миёни ду кишвар се баробар афзоиш пайдо кардааст. Ҳаҷми мубодилоти миёни Ирон ва Тоҷикистон ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 95 миллион долларро ташкил медиҳад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG