Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст


Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико аз идомаи қонуншиканиҳо ва поймолшавии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки гоҳо шиканҷаву латукуб ва таҳқири зиндониёну афроди дигар аз суи кормандони пулис ва вазорати амният ба чашм мерасад. Ҳукумати Тоҷикистон чанд санади наверо таҳия кардааст, ки дар роҳи озодии баён ва фаъолияти расонаҳои хабарӣ монеъаҳо иҷод мекунанд. Чанд рузномаи мустақил ба таъқибу фишори мақомоти кишвар мувоҷеҳ гардид.
Тибқи гузориш, соли гузашта системаи додгоҳии Тоҷикистон зери фишори сиёсӣ қарор дошт, бархе аз мурофиаҳои додгоҳӣ бидуни далел мавқуф гузошта мешуданд. Қочоқи инсон дар Тоҷикистон ҳамчунин як мушкили ҷиддӣ боқӣ мондааст.
Департаменти давлатии Амрико меафзояд, аз як су дар Тоҷикистон теъдоди афроде, ки бо ғаразҳои сиёсӣ боздошт мешаванд, коҳиш ёфтааст, аз суи дигар, соли гузашта маҳдудсозии озодии иттиҳодияҳо ва озодии виҷдон, назорати шадид аз болои аҳзоби сиёсӣ ва таъхири сабти номи ҳизбҳои мухолиф идома дошт.
Дар гузориши Департаменти давлатӣ стратегияи Ийолоти Муттаҳида дар бахши ҳуқуқи башар ва демократия ин гуна арзёбӣ шудааст: мусоидат ба таҳкими неруи ҳукумат ва рушди ҷомеъаи шаҳрвандӣ, волоияти қонун, баргузории интихоботи озоду мунсифона ва мубориза бо қочоқи инсон. Соли гузашта Ийолоти Муттаҳида дар чаҳорчуби барномаҳои мусоидат ба демократия дар Тоҷикистон беш аз 7,5 миллион доллар ҷудо кард ва ин маблағ,аз ҷумла, барои кумаки техникиву грантҳо дар бахши ҳуқуқи башар, ҷомеъаи шаҳрвандӣ, волоияти қонун ва расонаҳои хабарӣ харҷ гардид. Ҳудуди 2 миллион доллари он барои барномаҳои омӯзишӣ дар Ийолоти Муттаҳида сарф шудааст.
Дар гузориш, аз ҷумла омадааст, соли гузашта Амрико ба 14 студияи телевизионии манотиқи гуногуни Тоҷикистон кумаки моливу техникӣ кард. Телевизионҳои маҳаллӣ бо ёрии молии оҷонсии рушди байналмилалии Амрико барномаҳои ҳафтаинаи "Набзи ҳаёт" ва "Осиёи боз"-ро таҳия мекарданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳамасола дар чаҳорчуби барномаҳои омузишӣ, ки аз суи Ийолоти Муттаҳида сармоягузорӣ мешаванд, даҳҳо донишҷуёну мутахассисони тоҷик дар Амрико ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Соли гузашта тибқи барномаи Маршал 80 тан аз афсарону сарбозони тоҷик дар Ийолоти Муттаҳида илми ҳарбӣ омухтанд.
Саидқосими Қиёмпур
XS
SM
MD
LG