Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд қонуни нав дар Тоҷикистон ба ҳукми иҷро медарояд


Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон бар асоси шароити Қонуни Асосии ин кишвар як силсила қонунҳоеро, ки порлумони кишвар ба тасвиб расонида буд, таъйид кардааст. Тибқи баёнияи матбуотии дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонуни минтақаҳои озоди иқтисодӣ, қонуни маориф, қонуни ироаи иҷозатномаҳо ва қонуни худидораи маҳаллӣ ба имзо расида ва барои нашр пешниҳод шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, бархе аз ин қавонин бори дуввум таҳрир шуда ва бархе ҳам бори аввал қабул мешавад ва ҳадаф аз ин қавонин мутобиқсозии низоми иҷтимоӣ бо шароити бозор ва ба меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ мебошад. Дар баёнияи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ омадааст, ки ислоҳоти Қонуни Асосӣ дар соли гузашта зарурати ворид намудани тағйирот ба қонуни маорифро низ пеш оварда буд. Тибқи ислоҳот, қонунгузории Тоҷикистон акнун танҳо таҳсилоти дар мактабҳои ҳамагониро ба таври ройгон кафолат медиҳад. Дар қавонини пешин давлат таҳсилоти ибтидоӣ ва олиро ба сурати ройгон барои ҳама замонат медод.
Аммо ҳадафи асосӣ аз қонуни минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки бори аввал дар Тоҷикистон қабул мешавад, кушодани роҳ барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар унвон шудааст.
Инчунин қонуни Тоҷикистон дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ низ таъйид шудааст, ки гуфта мешавад, қонуни ҷиноии соли 1998 бо таваҷҷуҳ ба қабул шудани он дар шароити буҳронӣ ҷавобгуи талаботи вақт набудааст. Тибқи ислоҳоти қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ки акнун ба имзои раисиҷумҳур расидааст, моддаҳои ин қонун, ки ҳукми эъдомро пешбинӣ мекунанд, аз 15 то 5 маврид коҳиш дода шудааст.
Вале ахиран раисиҷумҳур ба манзури иҷро накардани ҳукми эъдом як тарҳи дигареро ҳам ба Маҷлис ироа кардааст, ки то кунун ба тасвиб нарасидааст.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG