Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои пуштипардагии Русия, эстафетаи оилавии Раҳмонов, демократҳо пирӯз мегарданду дигарон «интихоб» мешаванд


«Одаму Олам» бо дарҷи матлабе зери номи «бозиҳои пуштипардагии Русия» низомиёни ҷудогонаи русро дар даст доштан дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, хариду фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир ва бедодгариҳо нисбати мардуми маҳаллии ин кишвар муттаҳам кардааст. Дар ин навишта омадааст, Тоҷикистон марзҳои хешро ба танҳоӣ метавонад дифоъ кунад, аммо талошҳои Русия барои дар ин марзҳо мондан, на аз ноӯҳдабароии марзбонони тоҷик аст, балки ин ба унвони як манбаи сердаромад будааст. Нависандаи мақола мегӯяд, даромади солонаи марзбонҳои рус дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон даҳҳо миллион доллари амрикоиро ташкил медод. Як афсари олирутбаи мустаъфии рус иқрор шудааст, ки барои дар марзҳои Тоҷикистон соҳиби мансаби аввал гардидан, дар Маскав маблағҳои хеле ва хеле калон талаб мекардаанд, ки ин маблағро дар Тоҷикистон дар зарфи на бештар аз ду моҳ чанд баробар меёфтаанд. Вале дар ҳамин ҳол, марзбонони рус дар Кӯлоб варақаҳое паҳн кардаанд, ки гуиё агар артиши Русия аз марзи Точикистон барояд, вазъ дар марзҳои ин кишвар ноором мегардад, омадааст дар мақола.
«Рӯзи Нав» дар матлабе имкони бо роҳҳои ба истилоҳ «демократӣ» меросӣ шудани ҳукумат дар кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ кардааст. Дар матлаб навишта шудааст, ки ягон сарвари кишварҳои Осиёи Марказӣ тӯли 10-15 соли сари қудрат буданашон ягон шахсеро наёфтаанд, ки онҳоро иваз кунад. Муаллифи навишта, Раҷаби Мирзо сабаби инро чунин шарҳ медихад: «Наёфтани онҳо шояд чанд сабаб дорад:
а) аз фаъолияти президентӣ «сер» нашудаанд.
б) аз фаъолияти худ дар ин давра «метарсанд»
в) «меҳнати» онҳо ҳанӯз ба қадри зарурӣ «қадр» нашудааст.
г) онҳо ҳанӯз ҳам бар он боваранд, ки касе онҳоро иваз карда наметавонад- яъне онҳо ИВАЗНАШАВАНДААНД.»

Раҷаби Мирзо навиштааст, аз ин рӯ руасои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳи гузаронидани интихобот ва раъйпурсиҳои гуногун фаъолияти роҳбарии худро тамдид менамуданд. Аммо имрӯз, ки синну солашон ҳам ба ҷое расидааст, дар андешаи ба ҷои хеш гузоштани фарзанд ё ягон шахси наздикашон ҳастанд. Чунин ҷойгузин дар Қазоқистон - Дариға Назарбоева ва дар Ӯзбакистон Гулнора Каримова - духтарони президентҳои феълии ин кишварҳо, дар Қирғизистон Майрам Акаева - ҳамсари Аскар Акаев ва пас аз ӯ фарзандашон Айдар Акаев мебошад. Раъйпурсии ахир дар Тоҷикистонро, ки ба Эмомалӣ Раҳмонов боз ду ҳафтсолаи дигар аз маснади президенти барнахостанро имкон медиҳад, бархе аз мухолифони сиёсии раисҷумхур ба он нисбат додаанд, ки то он вақт, яъне то соли 2020 синну соли Рустам Раҳмонов - писари айни ҳол донишҷӯи Эмомалӣ Раҳмонов ба президентӣ ҳам мерасад. Дар мақола навишта шудааст, президенти Тоҷикистон низ ба мисли вамтоёни дигараш метавонист, духтарони худро ба ҷойи худ омода созад.
Аммо мегӯяд Раҷаби Мирзо: «Мутаассифона ё хушбахтона, духтарони Раҳмонов то ин замон тибқи овозаҳо танҳо ба тиҷорат машғуланд, на ба сиёсат. Пас, Раҳмонов то ба синну соли мувофиқ расидани Рустами писараш дар мансаб мемонад, ё ба ҷои худ дастнишондаи дигаре мемонад, ки то он замон фаъолият намояд, ё аз баҳри «эстафетаи оилавӣ» мегузарад, ин саволест, ки ба он танҳо соли 2007 ҷавоб додан мумкин аст.»
«Рӯзи Нав» ҳамчунин матлаберо оид ба тақаллубкориҳо дар интихобот нашр кардааст. Дар он омадааст, ки дар интихоботи Конибодом демократҳо пирӯз мегарданду халқӣ-демократҳо «интихоб» мешаванд. Муаллиф ду мисол меорад, ки чӣ тавр бо вуҷуди монеаҳои зиёди сунъӣ намояндагони Ҳизби Демократ дар интихоботи маҳаллӣ ғолиб омадаанду баъдан дар курсиҳо намояндагони Ҳизби Халқӣ-Демократӣ нишастаанд. Дар ҳоле, ки ҳизби ҳоким намегузорад, намояндагони аҳзоби сиёсии дигар дар интихоботи ҳатто маҳаллӣ пирӯз гарданд, Диловар Ҷӯраев -собиқ ҷонишини вазири кишоварзии Тоҷикистон, фарзанди Акашариф Ҷӯраев ва бародари Қандил Ҷӯраев дар сӯҳбат бо «Рӯзи Нав» аз тасмими худ ва як гурӯҳи калони олимону арбобони давлатии Тоҷикистон дар мавриди таъсиси ҳизби нави сиёсие бо номи "Ҳизби Мероси Миллии Тоҷикистон" хабар додааст.
Дар саҳифаи охири «Одаму Олам» акси муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳангоми кор нашр гардидааст. Дар яке аз тасвирҳо ҷавони тоҷик дар як истгоҳи метрои шаҳри Маскав фаррошӣ дорад. Аксҳо зери сарлавҳаи «рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад» чоп шудааст.
XS
SM
MD
LG