Пайвандҳои дастрасӣ

18 май - Рузи ҷаҳонии Умари Хайём


Соҷидаи Мирзо

Дафтари Созмони Милал дар умури фарҳанг ва илму маориф - ЮНЕСКО рузи ҷаҳонии шоиру файласуф ва мутафаккири бузург Умари Хайёмро ба феҳрасти ҷашнҳои муҳими байналмилалӣ таҳти унвони "Рузи ёдбуди Хайём" ворид кардааст.
Умари Хайём дар авохири асри 11 дар Нишопури Хуросон ба дунё омада, аз бузургтарин донишмандони замони худ дар риштаи нуҷумшиносӣ, риёзиёт ва илми фалсафа ба шумор мерафт. Аммо дар хориҷ аз Эрон ва аз ҷумла дар Ғарб Умари Хайём аслан аз машҳуртарин шоирони шарқӣ шинохта шудааст.
Бо ибтикори ЮНЕСКО ва саофратхонаҳои Эрон рузи 18 май дар 55 кишвари ҷаҳон ҷашнҳои ёдбуди Умари Хайём баргузор мешаванд. Маъракаҳои асосӣ дар зодгоҳи шоир - шаҳри Нишопури Эрон барномарезӣ шудаанд. Дар ин руз макотиби Нишопур тадрисро бо мавзуъи "Рузи Хайём" шуруъ мекунанд. Ҳамчунин дар ин руз дар толори "Симурғ", воқеъ дар пояи мақбараи Умари Хайём, як анҷумани байналмилалии хайёмшиносон оғоз хоҳад шуд.
Хайём аз бузургтарин шуъарои адабиёти классикии форсу тоҷик аст ва тақрибан ҳар нафар дар Тоҷикистону соъири кишварҳои Осиёи Марказӣ порае аз рубоиёти уро бо забони форсӣ ва ё ба русӣ аз бар кардааст ва мардум ҷашну маъракаҳоро бо хондани чанд мисра рубоии Хайём ба ҳамдигар шодбош мегуянд.
Шоираи шинохтаи тоҷик Гулрухсор чандин солро ба шинохти рубоиёти Умари Хайём сарф кардааст ва аз у мепурсам, ки оё ҳама чизе, ки бо номи Хайём чоп шудааст, моли уст ё аз шуъарои дигар?
Гулрухсор мегуяд: "Аввал ин ки Умари Хайём дар навиштани шеър зур намезад, азият намекашид. Ва мисли ҳамон шеъри Ҳофиз, ки мегуянд Лисонулғайб аст, гуё як касе аз забони Умари хайём мегуяд ин ҳамаро. Дигар ин ки Хайём хурду резаҳоро барои рубоӣ намегирифт. У як шоири байни маргу зиндагист ва дар ҳамин мобайн кашокаш мекунад. У гуё як довар аст байни маргу зиндагӣ. Яъне онҳо се нафаранд ва Хайём дар миёна ҳамчун як ҷангхалоскун."
Дар ҳамин ҳол, дар Ҳоливуди Амрико ҳунармандон аз 8 кишвари ҷаҳон ба таҳияи филми муштараке бо номи "Меросбари Умари Хайём" пардохтаанд. Ин гуруҳ кушиш дорад ба ҷаҳониён нишон диҳад, ки дар Шарқи Вусто як донишманди фидоии роҳи илму фанн ва як фарди ринду росткоре ба сар мебурд, ки ҳамтояш дар Аврупо Леонардо да Винчи аст.
Соҷидаи Мирзо
XS
SM
MD
LG