Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедҳои барбодрафта


Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, то охири соли 2005 барномаи таҷдиди сохтории Корхонаи арзиз ва ё алюминий, яке аз сутунҳои аслии иқтисоди кишварро таҳия ва заминаи ҳуқуқиро барои хусусигардонии он фароҳам оварад. Ҳанӯз чанд соли беш Бонки Ҷаҳонӣ ва муассисаҳои дигари молиявӣ, ки ба Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ кумак мекунанд, ба ҳукумати ин кишвар тавсия доданд, то ки Корхонаи арзизро хусусӣ гардонад. Ин корхона солона дар ҳаҷми қариб 400 миллион доллар маҳсулот мефурӯшад ва беш аз 11 ҳазор коргар дорад. Дар сӯҳбат бо Иқболшо Салимов, муовини раиси Кумитаи идораи амволи давлатии Тоҷикистон, пурсидам, ки оё санаи ниҳоии хусусигардонии корхонаи мазкур дақиқ шудааст ва ё на.
Вай гуфт: "Ба ғайр аз заводи алюминий дар нақшаи стратегӣ боз 34 корхонаи дигар ҳам номнавис шудааст. Корхонаҳое, ки ҳамчун субъектҳои монополияҳои табиӣ, аз ҷумла заводи арзизам дохил мешавад, бояд то охири соли 2005 нақшаи лоиҳаҳои инфиродӣ бо назардошти реструктуризатсия ё хусусигардонӣ таҳия карда шавад. Имруз пагоҳ онро хусусӣ карда намешавад."
Аммо муовини раиси Кумитаи амволи давлатии Тоҷикистон ба ин суол ки чаро ҳукумат дар хусусигардонии ин корхона таъхир мекунад, посух надод ва боз ҳам гуфт, корхонаи мазкур тибқи ҳамон барномаи давлатие, ки таҳия шудааст, барои хусусигардонӣ омода мешавад. Аз Марат Мамадшоев хабарнигори тоҷик ва собиқ муҳарири нашрияи "Азия Плюс" пурсидам, ки ба назари сабаби ин таъхир дар чист?
Вай гуфт: "Дар Тоҷикистон корхонаҳои мисли заводи арзиз ба истилоҳ "зинда", ки фоида меоранд, ангуштшуморанд. Ин муассиса ба қавле "қурси наботест", ки барои ба даст овардани он дар ҳалқаҳои бузург бозиҳои пасипардагӣ сурат мегирад. Барои ман мушкил аст, ҳукм кардан, аммо маълумот вуҷуд дорад, ки барои соҳиб шуданд ба он бозингарони мухталиф вориди рақобат шудаанд аз ширкати бузурги РусАл-и Русия сар карда, то дигар сармоягузорони дохилӣ. Ва ҳоло муборизаи пасипардагӣ барои соҳиб шудан ба заводи арзиз идома доранд, шояд аз ин аст, ки ҳукумат мунтазир аст, то баъдан коре бикунад."
Марат назарияе дигаре ҳаст, масалан дар матбуоти маҳаллӣ, ки бо хусусӣ шудани корхонаи мазкур ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус буҷаи бе ин ҳам начандон фақири давлат зарари зиёд мебинад пурсидам аз Марат Мамадшоев: "Тавре ман медонам, ин корхона ҳамвора ва ҳар сол соҳиби имтиёзҳои нав ба нав мешавад, ё аз ҷиҳати коҳиши андоз ва ё супурдани боҷи гумрукӣ ҳангоми содироти маҳсулот. Барои ҳамин аз хусусӣ кардани он буҷаи давлатӣ зарари зиёд намебинад. Беҳтар аст, ки барои хусуси кардани ин корхона музоядаи шафофе баргузор шавад, то ки дар он довталабе муайян гардад, ки пули зиёдтар пешкаш мекунад. Аммо дар ин масъала ҳама чиз тираву тор ва асрор аст. Масалан матбуоти маҳаллӣ инро гуфта буд, аз ҷумла иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров изҳори нигаронӣ карда буд, ки имкони фурухтани ин моликияти миллӣ бо нархи ночиз имкон дорад."
Маълум аст, ки хусусигардонӣ, як ҷузъи барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аст ва тавре Иқболшоҳ Салимов муовини раиси Кумитаи идораи амволи давлатӣ мегуяд, ҳадафи ниҳоии он беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардуми оддӣ аст ва дар маҷмуъ коҳиши сатҳи камбизоатӣ: "Мақсади асосӣ ин тезонидани суръати ҷараёни хусусигардонӣ ва ҷалби бештари сармоягузорӣ. Мақсади ниҳоии мо ва асосӣ ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, ташкили бозори коғазҳои қимматнок, баланд бардоштани самаранокии воситаҳои асосӣ, кам намудани сарбории буҷети давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба кор бештар таъмин кардани аҳолӣ мебошад. Яъне дар ниҳоят вазифаи асосии мо ин кам кардани сатҳи камбизоатӣ аст."
Тоҷикистон дар чаҳорчуби барномаи хусусигардонии муассисаҳои хурду миёна 7 ҳазор чунин муассисаҳоро хусусӣ кардааст ва ҳамчунин 600 корхонаи бузург низ аз дасти давлат ба дасти тоҷирон гузаштааст. Аммо оё ин ҳама пас аз хусусӣ шудан оё фаъолият мекунанд ва ҳукумат ба ҳадафаш ноил гашт? Иқболшоҳ Салимов муовини раиси кумитаи амвол: "Таҳлиле, ки мо порсол гузарондем, нишон дод, ки зиёда аз 65 фоизи корхонаҳои миёнаву хурду калони хусусишуда кор мекунанд. Зиёда аз 65 фоизи онҳо кор мекунанд ва ин натиҷаҳои таҳлилест, ки моҳи октябри соли гузашта анҷом дода шуд."

Вале Марат Мамадшоев ба ин гуфта шубҳа дорад: "Ба андешаи ман ин рақам комилан нодуруст аст, зеро дар нашрияи мо пештар мақолаҳои иқтисодшиносон чоп шуд, ки дар он рақамҳои тамоман дигар буданд. Дар онҳо гуфта мешуд, ки камтар аз ними муассисаҳои хурду миёнаи шахсӣ кор намекунанд. Иқтисодшинос Ҷабборов аз ҷумла дар нашрияи мо навишта буд, ки камтар аз ними муассисаҳои хусусишуда кор намекунанд. Ман ба он рақам бовар надорам."
Аз Марат ҳамчунин пурсидам, дар маҷмуъ маъракаи хусусигардонӣ, ки он муроди ҳукумат, ки ҷойҳои кории иловагӣ пайдо мешаванд, тиҷорати хурду миёна рушд мекунад, ҳосилро гашт?
Вай гуфт: "То кунун таҷрибаи хусусигардонӣ нишон дод, умеди аз ин маърака дошта ҳосил нашуд. Ҷойҳои корӣ, тавре мебинам воқеан зиёд нашуд. Аксарияти муасисаҳои хусусишуда ё фалаҷ шудаанд ва ё ба мақсадҳои дигар истифода мешаванд. Ин андешаи ман нест, андешаи иқтисодшиносони маъруфи Тоҷикистон аст ва ман ҳамчун як фарди оддии Тоҷикистон шоҳиди ин ҳол ҳастам. Ва сабаби инро ман дар он мебинам, ки онҳое, ки муассисаҳоро хариданд, ӯҳдадориҳои худро иҷро накарданд ва назорате ҳам аз рӯи онҳо бурда нашуд."
Рустам Файзиев муовини раиси Ҳизби Таррақиёти Тоҷикистон мегуяд, хусусигардонӣ ҳеҷ гоҳ зиёне ба иқтисод намерасонад, вале танҳо дар сурате, ки дуруст иҷро шавад. Аммо мегӯяд ӯ натиҷаҳои маъракаҳои аввали хусусигардонӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ суде ба мардуми оддии кишвар наовардааст ва аз ин маъракаҳо танҳо доираи хурде аз мақомот баҳра бурдаанд: "Ҳукуматдорон, хусусигардониро ба фоидаи худашон ташкил карда гузарониданд. Ҳамин одамон, яъне номенклатура соҳиби моликият шуд. Мансабро истифода бурда, моликияти сотсиалистиро аз худ карданд, пеш коммунист буданд, ҳозир капиталист шуданд. Мансабро истифода бурда бо нархи арзон хусусӣ карда гирифтан ба фоидаи худашон. Хусусӣ карда гирифтанд, лекин ҳамон корхонаҳоро ба кор дароварда наметавонанд, чунки дониш нест, илм нест, таҷриба нест. Агар корхонаҳо ба мутахассисон мерасид, ба одамони соҳибистеъдод, ба инженерҳо ва иқтисодчиён мерасид, баъд корхонаҳо кор мекард, ҳоло ҳеҷ яке аз онҳо кор намекунанд."
XS
SM
MD
LG