Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷудоӣ дар иттиҳод


Ҷурабек Муродов, овозхони саршиноси тоҷик, ки ахиран муовини раиси кумитаи тадорукотии баргузории Кунгураи мардумони Осиёи Марказӣ интихоб шуда буд, бо нашри як изҳорот дар рузномаҳои ҳукуматии Тоҷикистон гуфтааст, ҳадафҳои ин кунгураро муғризона хонда ва гуфта аст, узвияти ин ташкилотро надорад ва аз номаш суйистифода шудааст.
Дар баёнияе, ки бо имзои Ҷурабек Муродов дар охирин шумораи «Ҷумҳурият» нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон мунташир шудааст, омадааст: «Дар санаи 18 апрели соли 2004 ҷаласаи кумитаи ташкили кунгураи якуми «Осиёи Марказӣ - хонаи умед» баргузор шуд, ки маро бо роҳи фиреб ба ин ҷаласа даъват намуданд, вале ман аз рафтору гуфтори аъзои он дарк намудам, ки аз он буи сиёсатбозӣ, дасисаву тафриқа андозӣ меояд ва фаҳмидам, ки он ба мақсаду мароми халқи азизи ман мувофиқ нест. Ва бо масъулияти том изҳор мекунам, ки узви ягон ташкилоту ҳаракат нестам ва ботинан узви Ҳаракати Ваҳдат ва Эҳёи Миллии Тоҷикистон мебошам, ки Эмомалӣ Раҳмонов сарвари он мебошад"
Аммо Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси Кумитаи ташкилии баргузории Кунгураи халқҳои Осиёи Марказӣ мегуяд, ин касони мухолифи ҳамгироӣ ва ваҳдати мардумони ин минтақа ҳастанд, ки аз номи Ҷурабек Муродов чунин баёнияеро пахш намудаанд ва худи оқои Муродов, ба гуфтаи Муҳаммадрузӣ Искандаров, аз ин баёния хабар надорад: "Мо як нафарро пеши устод Ҷурабек Муродов фиристодем, устод қасами зиёде хурдаанд, ки хабар надоранд аз ин иттилоъе, ки дар "Ҷумҳурият" нашр шудааст. Талоши мо фақат барои дустии ҳама Осиёи Марказӣ аст ва касе ки ин мақоларо навиштааст, маълум мешавад, ки зидди дустии ардум аст, зидди рафтуомаду зидди ҳамкориву равобити байни ин кишварҳост."
Ҷурабек Муродов баъди нашри ин баёния барои хабарнигорон дастрас нест. Наздиконаш мегуянд, у саргарми омодагӣ барои як барномаи ҳунарист, ки қарор аст рузи 20 май дар Кохи Борбад доир шавад ва аз ин лиҳоз фурсати мулоқот бо хабарнигоронро надорад. Вале у дар воқеъ дар рузи баргузории ҷаласаи кумитаи ташкилии Кунгураи мазкур бо умедворӣ дар мавриди ояндаи ин кунгура суҳбат мекард: Мақсади мо ҳамин. Нияти Конгресс, ки иттифоқ шавад, иттифоқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадди ақал. Охир мо дар як макон зиндагӣ мекунем. Рафтуомад зиёд шавад. Умеди ман калон аст."
Аммо Қироншоҳ Шарифзода, муовини дигари раиси кумитаи ташкилии баргузории Кунгураи Халқҳои Осиёи Марказӣ мегуяд, агар ҳатто хабари бурун рафтани Ҷурабек Муродов аз ин кумита низ тасдиқ шавад, ҳеҷ суъитаъсире дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории ин кунгура нахоҳад дошт. Кунгураи мазкур, мегуяд у , ҳеҷ ҳадафи сиёсӣ надорад ва танҳо ба манзури ҳамгироии иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои минтақа таъсис хоҳад шуд. Ба гуфтаи оқои Шарифзода, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хоса Тоҷикистон дар шароити феълӣ ба густариш ва ҳамгироӣ ва шаффофсозии марзҳо ва баргаштан сари эътимод ба ҳамдигар ва канор гузоштани суъизан нисбат ба якдигар ниёз доранд.
Аммо агарчанд мақомоти кумитаи баргузории Кунгураи халқҳои Осиёи Марказӣ мегуянд, ки бовар надоранд, Ҷурабек Муродов бихоҳад дар кори ин кунгура халал ворид кунад ва чунин баёнияе пахш карда бошад, вале соҳибназарони умур бар ин боваранд, ки ин як иқдоми ғайриинтизоре аз суи оқои Мурдов нахоҳад буд. Зеро у то кунун низ борҳо мавқеъи худро дар сари ин ё он масъала дигар кардааст.
XS
SM
MD
LG