Пайвандҳои дастрасӣ

Мавсими миначинӣ кай меояд?


Маркази миллии минарубии Тоҷикистон рузҳои наздик ба татбиқи марҳалаи аввали як барномаи стратегии барчиниши минаҳо дар манотиқи марказ ва шимоли ин кишвар шуруъ хоҳад кард.
Ҷонмаҳмад Раҷабов - сарвари маркази минарубӣ ахиран дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар давраи аввал майдонҳои минакоришуда дар минтақаи водии Рашт ва хатти марзи минагузоришудаи байни Тоҷикистону Узбакистон дар вилояти Суғд аз ҷониби гуруҳҳои тадқиқотӣ мавриди омузиш қарор хоҳанд гирифт: "Гуруҳҳои тадқиқотӣ аз сохторҳои мақомоти маҳаллӣ, аз аҳолии манотиқи наздимарзӣ дар бораи майдонҳои минакоришуда ва маҳали ҷойгиршавии онҳо маълумот ҷамъ мекунанд. Дар бораи он ки хаттҳои минакоришуда дар манотиқи наздимарзии Суғд чӣ хатарҳое ба сокинон эҷод мекунад, дар куҷо, кай, чӣ қадар таркиш руй додааст, чанд одам ва ҳайвон куштаву маҷруҳ шудааст."
Ба гуфтаи оқои Раҷабов, ин маълумот дар марҳилаи баъдии пиёдасозии барнома - тадқиқоти техникӣ ва безараргардонии минаҳо мавриди истифода қарор хоҳад ёфт.
Барномаи барчиниши минаҳо аз хатти марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон аз ҷониби маркази минарубии Тоҷикистон барои чаҳор соли оянда таҳти сарпарастии барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва моҳи апрели соли 2004 аз суи Комиссияи ҳукумати Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалӣ тасдиқ шудааст.
Оқои Раҷабов афзуд, Маркази минарубӣ ҳеҷ як маълумоти дақиқе дар бораи дарозо ва паҳнои хатти минакоришудаи марзи байни Узбакистону Тоҷикистон ва теъдоди минаҳои хобонидашуда дар даст надорад. Давлати Узбакистон то кунун харитаи майдонҳои дар марз минакоринамудаи худро дар ихтиёри Тоҷикистон нагузоштааст.
Тоҷикистон дар минтақаи шимоли худ бо Узбакистон беш аз 900 километр марзи муштарак дорад.Соли 1999 давлати Узбакистон ба далели ҷилавгирӣ аз ворид шудани нируҳои мусаллаҳи ҳаракати исломии ин кишвар аз Афғонистон ба қаламраваш хатти сарҳади муштараки худро бо Тоҷикистон минагузорӣ карда буд. Давоми 5 соли сипаришуда бар асари таркиши минаҳои зиддинафари Узбакистон дар марз 68 сокини мулкии Тоҷикистон, ба шумули кудакон, кушта ва 58 тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Давлати Узбакистон дар ин муддат дар бораи ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ як вокунише нишон надодааст. Аммо баъзе аз мақомҳои баландпояи ин кишвар ахиран гуфтаанд, Узбакистон барои барчиниши минаҳои зиддинафар аз марзаш бо Тоҷикистон мувофиқ аст.
Вале марҳилаи барчиниш ва бехатаргардонии минаҳои зиддинафар дар марзи байни Узбакистон ва Тоҷикистон аз кай шуруъ хоҳад шуд? Ҷонмаҳмад Рачабов - сарвари маркази минарубии Тоҷикистон: "То даврае, ки хатти сарҳади байни Тоҷикистон ва Узбакистон тибқи тартиби муайяншудаи ҳуқуқи байналмилалӣ муайян ва нишонгузорӣ нашавад, маркази мо ба бехатаргардонии минаҳо сар карда наметавонад. Фақат баъди он ки тарафҳои Тоҷикистону Узбакистон дар бораи барчидани минаҳо ба мувофиқа расиданд, пас аз муайян шудани хатти сарҳадот ё пеш аз он, мо метавонем ба безараргардонии минаҳо шуруъ кунем."
Бино ба иттилоъи расмӣ, дар ҳоли ҳозир давлатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон 85 дар сади марзи байни ин кишварҳоро дар қисмати вилояти Суғд муайян кардаанд.
Маркази минарубии Тоҷикистон мегуяд, чандин кишвари ҷаҳон, аз қабили Амрико, Бритониёи Кабир, Фаронса, Суис ва Ҷопон дар баробари барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо , Бунёди Суис оид ба безараргардонии минаҳо изҳор доштаанд, ки дар кори поксозӣ ва минарубии майдонҳои минакоришуда ба Тоҷикистон кумак хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG