Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туъмаи осон


Ахиран, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода - муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, яке аз раҳбарони собиқи Иттиҳоди мухолифини ҳукумат ва раиси собиқи идораи қозиёти кишвар дар яке аз нашрияҳои даврии Тоҷикистон як матлабе дар ҳаҷми се саҳифа дар бораи Ҳизби Таҳрир ва хатари он ба ҷомеа ва давлатҳо нашр кард.
Барои нахустин бор аст, ки як руҳонии бонуфузи кишвар тариқи расонаи хабарӣ зидди ҳизби мамнуьи Таҳрир садо баланд кардааст. Дар мақолаи худ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода навишта буд, ки густариши фаьолияти Ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон, ба истиқлол ва давлатдории миллии тоҷикон, ягонагии ақидатии мардуми тоҷик, ки аксари кулли ин мардум пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, ба сулҳу субот дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Бино бар навиштаи раиси собиқи идораи қозиёти Тоҷикистон, ақоиди шаръии аз тарафи Ҳизби Таҳрир таблиғшаванда аз таьлимоти аслии исломӣ бисёр дур мебошад.
Ин ҳизб авоили солҳои панҷоҳум аз тарафи ҳуқуқшиноси фаластинӣ Тақиуддини Набахонӣ бунёд ёфтааст. Аммо уламои исломӣ ба истилоҳ муьтадил, таьлимоти Ҳизби Таҳрирро хато меноманд ва мегуянд, ин ҳизб ва аҳзоби ба ном исломии ифротии дигар зери ниқоби ислом бар зидди ислом фаьолият мебаранд. Таьлимоти ин аҳзоб бо интерпретатсия ва ё шарҳи таҳрифдида ва нодурусти ояҳои Қуръониву аҳодиси набавӣ асос ёфтааст. Қамариддин Афзалӣ - раиси шуъбаи кор бо ҷавонони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бар ин фикр аст, ки огаҳии ками ҷавонони тоҷик аз таълимоти исломӣ яке аз сабабҳои аслии ба зудӣ фирефта, балки шефтаи ин гуна таьлимот гардидани онҳо мебошад: "Ҷавонони мо холӣ ҳастанд(аз лиҳози маьрифатӣ) ва ҳар чизи холиро, ки ба дарунаш чизе рехта пур кунем, қабул мекунад. Ҷавонони мо, ки ба Ислом эьтимоди қавӣ доранд ва ҳар нафаре, ки чизеро аз номи Қуръон бигуяд, аз номи Пайғамбар бигуяд, гуяд, ки Қуръон чунин гуфтаву ҳадис чунин гуфтааст, онро бовар мекунад."
Ба андешаи коршиноси мустақили тоҷик Рашид Ғанӣ афзоиши теъдоди пайравони гуруҳҳои ифротӣ иллатҳои дигар низ дорад: "Ин тақозои худи ҷавонон аст, ки ҳамеша дар такопуй ва дар ҳаракат ҳастанд. Яьне як чизи умдаи ба ҷавонон хос аст. Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар, ҷавононе, ки имруз ба арсаи ҳаёт қадам мениҳанд, онҳо мехоҳанд барои мушкилоте, ки азияташон медиҳад, ҷавоб пайдо кунанд. Мушкилоти онҳо аз чӣ иборат аст? Мушкилии таъйини ҳуввият, мушкилии пайдо кардани ҷои муносиб дар ҷомеа, мушкилии ба амал баровардани орзуву омоли худ. Ва ҳар як ҳизбе, ки барояшон ҷавоби осон, содда ва бурроро пешкаш карда метавонад, ҷавонон ба сурати умум ба ин созмон, ба ин гуруҳ ва ё ҳизб майл пайдо мекунанд."
Дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ дар роҳи мубориза бо гуруҳҳои ифротии ба мисли Ҳизби Таҳрир ва "Байъат" асосан аз роҳи зурӣ ва тариқи ниҳодҳои қудратӣ кор мебаранд. "Байьат" - исми нав дар феҳрасти гуруҳҳои ифротист, ки ахиран як гуруҳи калони аьзои он дар вилояти Суғд боздошт гардида буд.
Гуфта мешавад, имруз дар маҳбасҳои кишварҳои минтака, аз ҷумла дар Тоҷикистон садҳо нафари муттаҳам ба узвият дар ин аҳзоб ба сар мебаранд. Миёни пайравони ин аҳзоб на танҳо мардон, балки занон низ кам нестанд.
Дар Душанбе ахиран Саодат Қодирова ном зан аз тарафи кормандони вазорати дохилии ин кишвар бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир дастгир гардид. Саодат Қодирова чанд руз қабл аз боздошт шуданаш ба номи раисиҷумҳури Тоҷикистон номаи додхоҳӣ навишта буд. Ба ин маьнӣ, ки шавҳар ва бародарашро бидуни ҳеҷ як гуноҳе ба узвият дар Ҳизби Таҳрир гунаҳгор ва дастгир намудаанд.
Дар шаҳри Кулоб ахиран ноиби раиси шаҳр аз кор барканор гардида буд, ба иллати ин ки дар манзилаш як шуъбаи марбут ба Ҳизби Таҳрир фаъолият доштааст. Гувоҳи ин дарёфти варақаҳои таблиғотии ин ҳизб дар хонаи ноиби раиси шаҳри Кулоб будааст, ки он хонаро ҳамон ҷавонони боздоштшуда таъмир мекарданд.
Вале ба гуфти коршиносон, ин тарзи мубориза натоиҷи баръакс медиҳад. Рашид Ғанӣ - коршиноси мустақили тоҷик: "Тавассути танҳо ҳабсу ҷазодиҳӣ масьаларо ҳалл кардан мумкин нест, баръакс ин масьаларо ба маротиб мураккаб месозад. Зиндон ва маҳбас чандон ҷои хуб барои ҷавонон намебошад ва дар аксари ҳолатҳо мардум дар худи ҳамон зиндон ба ҳаракатҳое, ки чандон ба қонунҳо созгор нестанд, мегараванд."
Рашид Ғанӣ меафзояд, бар иловаи ин, агар ин боздоштхо бо роҳҳои поймоли ҳуқуқи инсон ва ғайриқонунӣ сурат бигиранд, пас ин афроди боздоштгардида, агар гунаҳгор ҳам бошанд, дар назди мардум чеҳраи мазлум ва ҷабрдида касб мекунанд. Кушиши бо роҳи зурӣ ҳалл намудани ин мушкилӣ, ҳамчунин миёни ақшори ҷомеа норизоиятро ба вуҷуд меорад, ки ин боиси халали суботу амният дар минтақа мегардад. Гуфта мешавад, беҳтарин роҳи ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа, ҷалби ҷавонон ба раванди эьмори ҷомеаи пешрафта, ангезиш, эҳё ва устувори боварӣ ба неруи худ, ба ояндаи нек дар зеҳни ҷавонон мебошад. Нишон додани симои аслии гуруҳҳои тундрав ба ҷомеа ва боло бурдани сатҳи дониши исломии мардум низ метавонад монеьаи қавие дар роҳи тавсиъаи фаьолияти гуруҳҳои ифротӣ гардад, мегуянд соҳибназарон.
XS
SM
MD
LG