Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмондеҳони гирдиҳамоии зиддитоҷикӣ ба додгоҳ кашида мешаванд?


Ба навиштаи рузномаи «Время новостей» чопи Маскав мақомоти вилояти Свердлов, қасд доранд, дар кутоҳмуддат дар ҷаласаи комиссиюни зиддитерористӣ ҳам гирдиҳамоӣ ва ҳам фаъолияти созмондеҳони онро баррасӣ намояд. Ин пайомади эътирози ҷомеаи Екатеринбург ба гирдиҳамоии зиддитоҷикест,ки фонди "Шаҳри бидуни маводи мухаддир" 10 май ташкил кард. Рӯзнома ба нақл аз мақомоти полиси шаҳри Екатеринбург меафзояд. Гирдоварии аснод дар бораи митинг ба зудӣ анҷом меёбад ва ба додситонӣ ирсол мешавад.
Ин хабарро намояндаи вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар вилояти Свердлов Иброҳим Абдуллоев тасдиқ кард.
Вай ҳамчунин хабар дод, дар нишасти матбуотие, ки дар робита идораи умури дохилаи Екатеринбург баргузор кард, расонаҳои хабарии минтақа ширкати фаъол доштанд ва ба мардум асли воқеаро хабар доданд. Аз ҷумла, маълум шуд,ки дар митинг каме беш аз панҷоҳ нафар ширкат кардааст. Лозим ба ёдоварист,ки дар гирдиҳамоӣ намояндаи Думаи Давлатии Русия Евгений Ройзман ширкат ва суханронӣ кард. Талаби гиридиҳамомадагон ин буд,ки тоҷикон аз минтақа хориҷ ва бо Тоҷикистон низоми раводи роҳандозӣ шавад.
Раиси фонд Андрей Кабанов гуфтааст, тоҷикон яксара муҷоҳид ва наркотикфуруш ҳастанд. Ба навиштаи рӯзномаи "Время Новостей" суханрониҳои намояндагони фонд дар масъалаи миллӣ солҳо боз аз суи мақомот нодида гирифта мешуд. Тайи панҷ соли фаъолият фонд аз пуштибонии бемаҳдудияти волии вилоят Эдуард Россел бархурдор буд. Ба гуфтаҳои Кабанов, танҳо вақте таваҷҷӯҳ карданд, ки намояндагии сафорати Тоҷикистон ба манзури омӯзиши вазъ ба Екатеринбург рафт.
Дар ҳамин ҳол рузномаи «Время новостей» аз қавли Алексей Воробёв, раиси ҳукумати вилоят навиштаст: "Минтақа сермиллат аст, мақомот ба барангехтани низоъ роҳ намедиҳад ва ҷинояткоронро ба миллатҳо ҷудо намекунад. Шумори тоҷикон дар минтақа беш аз сад ҳазор гуфта мешавад.
Рузнома дар идомаи гузориш хабар додааст, сафири Тоҷикистон дар Маскав барои боздид аз Свердлов ва гуфтӯгу бо мақомоти вилоят омодагӣ мегирад. Ва аммо ин хабарро намояндаи Тоҷикистон дар Екатеринбург ва ҳам дар сафорат таъйид накарданд.
Муҳаммадраҳими Сайдар
XS
SM
MD
LG