Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон аз 10 то 16-уми май


САРХАТИ МАТОЛИБ

Раҳоварди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз сафари Покистон. Оё руҳи аллома Иқбол барои рушди равобити байни ин ду кишвар ёрӣ хоҳад кард?

Чеҳраи ин ҳафта - сохтмони ниругоҳи Роғун, ки аз замони шуравӣ ташнаи сармоягузорист.
Ниругоҳе, ки дар сурати сохта шуданаш, танҳо иншооти бузурги санъатӣ дар паҳное сар карда аз Файзобод то ба марзи Бадахшону Чин хоҳад шуд. Аммо агар сохта шавад.

Хуруҷи марзбонони рус аз марз бо Афғонистон хости худи Тоҷикистон будааст. Маскав мегуяд, ин марз аз он ба баъд рахнадор ва барои қочоқи маводи мухаддир боз мешавад.
Аммо Душанбе мегӯяд, ки на!

Ва дар Русия аввалин тазоҳуроти зиддиқавмӣ ба зидди муҳоҷирони тоҷик сурат гирифт. Бунёди "Шаҳри бидуни маводи мухаддир"-и Екатеринбург аз ҳудуди ин шаҳру вилояти Свердлов ихроҷ кардани ҳамаи муҳоҷирони тоҷикро талаб кардааст.

Салом, шунавандагони гиромӣ. Мирзои Салимпурам бо нашри навбатии маҷаллаи "7 Рузи Тоҷикистон" ва бо талоше чанд барои рафтан ба давру бар ва зеру рӯи таҳаввулоти муҳими дар ин як ҳафтаи гузашта пушти сар гузоштаи Тоҷикистон.
Моро ин навбат дар барнома таҳлилгар ва сиёсатмадори тоҷик, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон ва вазири пешини иқтисоди ин кишвар Давлат Усмон аз як сафари хидматиаш дар Афғонистон ва таҳлилгари умури низомӣ Павел Фелгенҳауер аз шаҳри Маскав ҳамроҳӣ мекунанд.
Меҳмонони моро дар барнома хушомадед мегуям.
Ва аммо шуруъ кунем мисли ҳамеша.
Яъне аз чашмандозе ба сархати ахбори муҳими ин ҳафтаи Тоҷикистон, ки ҳамкори мо Соҷидаи Мирзо таҳия кардааст.

АХБОР

Дар ҷараёни нахустин сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Покистон дар ин ҳафта миёни Душанбеву Исломобод 8 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.
Руъаҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Покистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Парвиз Мушарраф масъалаи транзити нируи барқи Тоҷикистон тавассути Помир ба шимоли Покистонро баррасӣ кардаанд. Президент Мушарраф гуфтааст, Покистон омода ҳаст ҷиҳати ба бозори ҷаҳонӣ баровардани фаровардаҳои саноатии Тоҷикистон тавассути қаламраваш мусоидат кунад.

Дар ин ҳафта як ҳайъати давлатии Чин аз Тоҷикистон дидан ва масоили ҳамкории ду кишвар дар риштаи энержиро бо ҷониби Душанбе баррасӣ кардааст.
Рашид Гулов, раҳбари идораи энергетикаи вазорати энержии Тоҷикистон дар ин робита гуфт: "Мо метавонем бо хароҷоти начандон зиёд дар ҳамкорӣ бо Хитой хатти баландшиддати интиқоли барқ сохта манотиқи ғарби он кишварро бо қувваи барқ таъмин кунем. Ҳамчунин онҳо ният доранд, ҳам дар Роғун ва ҳам дар Сангтуда сармоягузорӣ кунанд."
Оқои Гулов мегуяд, Тоҷикистон солона қобил ба содироти тақрибан 10 миллиард киловатт-соат нируи барқ аст, вале барои иҷрои ин барнома ба бунёди хаттҳои наву тавонои интиқоли ин ниру ниёз дорад.

Дар ҳафтаи гузашта як гуруҳ миллатгароёни рус дар деҳкадаи Широкаяи Речка, дар атрофи шаҳри Екатеринбург бо ташкили як тазоҳурот аз ҳудуди ин шаҳру вилояти Свердлови Русия ихроҷ кардани 150 000 муҳоҷири тоҷики муқими минтақаро талаб кардаанд. Масъули ташкили ин гирдиҳамоӣ бунёди "Шаҳри бидуни маводи мухаддир" мегуяд, бахши аъзами муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Свердлов машғули қочоқу тиҷорати маводи мухаддиранд. Як гуруҳи тоҷикони муқим дар рустои Широкаяи Речкаи Екатеринбург ҳануз пеш аз шуруъи тазоҳурот аз ин минтақа ба навоҳии атроф паноҳ бурдаанд.

Мақомоти милисаи вилояти Қустанайи Қазоқистон як гуруҳи 72-нафарии муҳоҷирини тоҷикро дар роҳ ба суи Русия боздошт, вале ба зудӣ дубора раҳо кардаанд. Ибтидо сухан дар бораи 120 муҳоҷири тоҷик ва 75 узбак мерафт, вале баъдан гуфта шуд, ки дар Қустанай танҳо 72 муҳоҷири тоҷик боздошт шудааст.
Мақомоти Қустанай мегуянд, тафтишот нишон дод, ки асноди ҳамагии онҳо қонунӣ буда, ҳар кадом муҳоҷир бо худ корти муҳоҷират ва эъломияи гумрукӣ доштааст.
Дар пайи раҳоӣ ин гуруҳ сафараш ба суи вилояти Кургани Русияро идома додааст.

Фиристодаи хоси раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) Марти Ахтисаари дар ин ҳафта зимни як сафар ба Тоҷикистон бо президент Эмомалӣ Раҳмонов ва бо намояндагони ақалиятҳои миллии сокини ин кишвар мулоқот кард. Оқои Раҳмонов ба Марти Ахтисаари гуфтааст, Тоҷикистон ба асли ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва ба меъёрҳои демократӣ пойбанд буда, дар ин роҳ ба идомаи ҳамкорӣ бо САҲА умедвор аст. Марти Ахтисаари гуфт, як мавзуъи дигари мулоқоти у бо президент масъалаи ислоҳи қонуни интихоботи Тоҷикистон буд.

Сарбозони Тоҷикистону Фаронса дар ин ҳафта дар машқгоҳи Фахробод як размоиши муштарак доир карданд.
Дар ҷараёни ин машқи низомӣ сарбозон бояд ҳайъати сарнишинони як ҳавопаймои дар қаламрави таҳти нуфузи як гуруҳи шартии террористӣ суқуткардаро аз асорат раҳо мекарданд. Ҳар ду ҷониб аз мизони иҷрои ин барномаи низомӣ изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Фаронса аз соли 2001 инҷониб кумакҳои низомиаш ба Афғонистонро тавассути Тоҷикистон анҷом медиҳад ва ба хотири ин як гурдони 70-нафарии сарбозонашро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе мустақар кардааст.

Барномаи ҷилавгирӣ аз бемории СПИД бар асоси як ташхисоти тиббӣ дар маҳбасҳои Тоҷикистон 52 ҳомили вируси ВИЧ, ангезандаи бемории кушандаи СПИД-ро ошкор кардааст, ки 19 нафари онҳо занон будаанд.
Маҳмуд Маҷидов, ҳамоҳангсози ин барномаи таҳқиқотӣ: "Дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак 8 нафар имсол ба қайд гирифта шуд, ки 70 фисадаш тавассути сузандору ва 10 фисад бо роҳи фоҳишагарӣ сироят шудаанд."
Адами оддитарин шароити беҳдошт дар зиндонҳои Тоҷикистон як сабаби аслии афзоиши мавридҳои сирояти ин беморӣ дар маҳбасҳо гуфта мешавад.

Додситонии кулли Тоҷикистон истирдоди ду бародари фармондеҳи пешини нируҳои мухолифини тоҷик Ризвон Содировро тасдиқ кард.
Муовини аввали додситони кулл Абдусамеъ Додобоев гуфт, Сайвалӣ ва Фахриддин Содировҳо, ки тайи чанд соли охир бо асноди ҷаълӣ дар Русия ба сар мебурданд, бо дастури мақомоти Тоҷикистон дар вилоятҳои Иркутску Перми он кишвар боздошт ва ахиран ба Душанбе таҳвил шудаанд.
Тафтишот ҳардуро шарики ҷиноятҳое меҳисобад, ки гуруҳи Ризвон Содиров то замони кушта шудани худи у дар соли 1998 дар ҳудуди Тоҷикистон анҷом додааст.

Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ин ҳафта дар боздоштгоҳи ҳамин вазорат ба сар бурдани Саодат Қодироваро тасдиқ карданд. Хешовандонаш мегуянд, Саодат Қодирова ҳануз рузи 7 апрел боздошт шуда буд.
Қаблан мақомот шавҳар ва бародари Саодат Қодироваро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони манъшудаи Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт карда буданд ва у моҳи март дар ин бора ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, вазири адлияи ин кишвар Халифабобо Ҳомидов ва ба созмонҳои байналмилалӣ номаи эътирозӣ навишт.

Мақомоти милисаи Тоҷикистон мегуянд, дар ҳафтаи гузашта дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз як гуруҳи қочоқбар 177 кило маводи мухаддир кашф ва мусодира кардаанд, ки бахши аъзамаш ҳероин будааст.
Чанд нафар барои кушиши қочоқи ин миқдори бузурги маводи мухаддир боздошт шудааст, вале мақомот ҳуввияти ин афродро ба далели ҳифзи сирри тафтишот ошкор накардаанд.

Ва шаҳрдории Душанбе дар ин ҳафта аз оғози як озмуни ҳунарҳои эстрадӣ бо номи "Ситораи Пойтахт" хабар дод.
Ин озмун рузҳои 22 ва 23 май доир ва рузи 25 май дар як консерти ниҳоӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд.

ПОЁНИ АХБОР

Як ҷаҳон ташаккур ба Соҷидаи Мирзо барои ёдоварии сархати ахбори муҳими ин ҳафта ва акнун биравем думболи ҷузъиёт. Ва ибтидо аз пайи ҷузъиёти нахустин сафари расмии серузаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Покистон.

Тоҷикистону Покистон дар ҷараёни ин сафар 8 созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд, ки соҳоти ҳуқуқу маориф, низоми равуо, ҷаҳонгардӣ, мубориза бо маводи мухаддир, пешгирӣ аз андозбандии такрорӣ ва ҳифзи сармоягузориҳоро дар бар мегиранд. Пиромуни таъсиси ду гуруҳи корӣ дар риштаҳои амнияти минтақа ва мубориза бо террору қочоқи маводи мухаддир низ дар Исломобод тавофуқ шудааст.
Албатта, додани дасти тааҳҳуд дар бораи ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо террору маводи мухаддир тайи чанд соли охир як ҷузъи ҳатмии чунин музокироти сатҳи олӣ дар тақрибан саросари ҷаҳон шудааст, вале таваҷҷуҳи аслӣ зимни сафари оқои Раҳмонов ба Исломобод руи масоили ҳамкорӣ буд. Ҳамкориҳое, ки роҳандозиаш барои ин ду кишвар аз замони шуруъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва ихтилофи назари ду кишвар бар сари масоили Афғонистон дар солҳои 90-уми асри гузашта ва авоили асри ҳозир бо мушкил сурат мегирифт.
Акнун тавре ҳам ки матбуоти Покистон менависад, ду кишвар ихтилофоти собиқи худро пушти сар гузошта, дар садади шикастани девореанд, ки дар роҳи равобити онҳо баланд шуда буд. Нигоҳе ба матолиби дар бораи сафари президенти Тоҷикистон ба нашр расонидаи матбуоти Покистон аз ҳамкори мо дар Исломобод Саъдии Юсуфӣ.

Саъдии Юсуфӣ:
"Рузномаи инглисизабони "Бизнес Рекордер" акси рангаи мулоқоти сарони Тоҷикистону Покистонро бо матлабе ба унвони "Покистон метавонад ҳамчун пайванди иқтисодӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хидмат кунад" чоп кард.
Ин рузнома бо нақли қавл аз Парвиз Мушарраф навишт, Осиёҳои Миёна ва ҷанубӣ имконоти зиёде барои боло бурдани сатҳи тиҷорат доранд, вале руёруиҳои сиёсӣ ҳамкориҳои иқтисодиро дар сатҳи паст нигоҳ дошта, сабаби ақиб мондани ин минтақа аз манотиқи дигари Осиё ва ҷаҳон шудааст.
Инчунин рузномаи "Дон" ё худ "Субҳидам" низ дар шумораи рузи панҷшанбеаш бо таваҷҷуҳ ба боздиди момалӣ Раҳмонов ба аҳамияти роҳҳои заминӣ, бандарҳо ва роҳҳои оҳан барои як ҳамкории фаъоли иқтисодӣ бо нақли қавл аз мақомоти покистонӣ таъкид кардааст.
Рузи ҷумъа, 14 май рузномаи урдузабони "Ҷанг" баъди хабари истеъфои сарвазири Ҳинд Ваҷпайи имзои 8 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Покистон ва аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо миёни ин ду кишварро аз сархати матолиби муҳими худ қарор дода, акси рангаи маросими имзогузории ин аснодро низ чоп кард.
"Ҷанг" ба масъалаи бахшида шудани 13 милён доллар қарзи давлати Тоҷикистон аз суи Покистон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, хабареро нашр кард, ки сарвазири Покистон Мир Зафарруллоҳхон Ҷамолӣ ҳангоми мулоқоташ бо оқои Раҳмонов бидуни тарҷумон ба форсӣ суҳбат кардааст.
"Де Нюз", рузномаи дигари покистонӣ, такзиби хабари додани пойгоҳи низомӣ барои Ҳиндустон дар хоки Тоҷикистонро ба нақл аз Эмомалӣ Раҳмонов аз сарлавҳаҳои аслии матолиби рузи ҷумъааш қарор додааст.
Саъдии Юсуфӣ, Радиои Озодӣ, Исломобод."

Дар Исломобод президент Парвиз Мушарраф гуфтааст, ки Покистон омода ҳаст ҷиҳати ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти Тоҷикистон тавассути бандарҳои уқёнусии худ мусоидат кунад.
Ҳамтои тоҷики у Эмомалӣ Раҳмонов бошад ба аҳамияти қарордоди ду кишвар дар бораи содироти нируи барқи Тоҷикистон ба вилоятҳои шимоли Покистон таъкид кардааст.
Чунин як созишномаро ҳануз то оғози сафари оқои Раҳмонов вазири иқтисоди давлати у Ҳаким Солиев низ дар Исломобод бо ҷониби Покистон имзо намуд.
Ғафур Расулов, сухангуи вазорати иқтисод дар тавзеҳ ба нукоти муҳими созишномаи имзошуда ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Тарафҳо мувофиқат карданд, ки аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳар сол ба миқдори 2 миллиард доллар нируи барқ содир гардад. Ин албатта, тавассути Помир ба шимоли Покистон як хатти баландшиддати интиқоли нируи барқ кашида хоҳад шуд, ки бунёди онро ҳам тарафи Покистон ба зимма гирифтааст."

Давлати Покистон ҳануз соли 1992 бо президенти вақти Тоҷикистон Раҳмонов Набиев як созишномаи нимиллиарддолларӣ ҷиҳтаи идомаи сохтмони ниругоҳи Роғун имзо карда буд. Давлат Усмон, меҳмони ин барномаи мо, ки соли 1992 муовини сарвазири Тоҷикистон буд, мегуяд, ин созишнома шояд нахустин иқдоми сармоягузории бузург ба иқтисоди Тоҷикистон тоза ба истиқлолият расида буд.

Давлат Усмон: " Ин созишнома ба поён расонидани кори сохтмони нимамондаи ниругоҳи Роғунро ҳадаф дошт. Ҳукумати Покистон уҳдадор шуда буд, ба Тоҷикистон 500 милён доллар қарз бидиҳад ва дар ивазаш баъди 5 сол аз Тоҷикистон барқ бигирад. Ин созишнома аммо , муттаассифона, дар пайи шуруъ шуданит ҷангҳои дохилӣ ба иҷро нарасид ва то имруз ҳам (иҷрои он) шуруъ нашудааст."

Аммо таҳаввулоти баъдӣ тавре оқои Давлати Усмон ҳам мегуяд, боиси ба маърази иҷрои нарасидани ин барномаи сармоягузории сохтмони ниругоҳи Роғун шуд.
Бо шуруъи ҷанги дохилии Тоҷикистон як қисм аз мухолифини исломии тоҷик дар хоки Покистон низ паноҳ бурданд, ки як иллати рехтани сардӣ дар роҳи муносиботи Душанбеву Исломобод шуд.
Иллати дигар ихтилофи назар ва мавзеъгирии ин давлатҳо бар сари масъалаи Афғонистон буд ва дарт ҳоле ки Покистон аз давлати Толибон ҳимоят мекард, Тоҷикистон дар он солҳо Эътилофи Шимоли Аҳмадшоҳи Масъуд, умдатарин ташаккули сиёсиву низомии мухолифи он режимро ҳамроҳӣ дошт.
Аммо мухолифини исломии тоҷик бо давлати Тоҷикистон билохира ба як сулҳу оштии нисбӣ даст ёфтанд ва давлати Толибон дар Афғонистон ҳам бо шуруъи маъаракаи ҷаҳонии зиддитеррор суқут кард.
Оё ин омилҳо метавонанд заминаи рушдро барои равобити Тоҷикистону Покистон дубора фароҳам оранд? – мепурсам аз меҳмони мо Давлати Усмон.

Давлат Усмон: "Албатта, сардии муносибатҳо байни Тоҷикистону Покистон ин ҳамон давоми сардии сиёсати замони шуравӣ буд. Имруз бисёр риштаҳое ҳаст, ки Тоҷикистону Покистон метавонанд бо ҳам дар масоили иқтисодӣ ҳамкорӣ кунанд. Пеш аз ҳама, баъд аз ин ки дар Афғонистон оромӣ омад, Покистон метавонад як роҳи транзитиро бозӣ кунад, яъне аз роҳи бандарҳои Покистон молҳо ба Тоҷикистон ворид шаванд ва молҳои Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир шаванд.
Риштаи дигар нируи барқ аст, ки Покитсон минҳайси як кишвари сераҳолӣ ва сернуфус ба нируи барқ ҳам хеле эҳтиёҷ дорад ва мешавад, ки Тоҷикистон ба Покистон нируи барқ бидиҳад ва ҳамчунин аз Покистон ба Тоҷикистон мешавад, ки меваҷот ва маҳсулоти зиёди саноатии он кишварро ворид кард. "

Аммо, Давлат, мешавад бо он шароити наве, ки дар минтақа ба вуҷуд омадааст, умед баст, ки Покистон билохира ба ҳамон тааҳҳудоти гузаштаи худ бармегардад ва дар кори сохтмони ниругоҳи Роғун ба сурате саҳм хоҳад гирифт?

Давлати Усмон: "Муттаассифона, сохтмони банди барқии Роғун алъон дигар бо он 500 милён доллар тамом намешавад. Шояд тарҳи ҷадиде, ки ҳукумтаи Тоҷикистонро мехоҳад онро бар пояи 300 милён доллар анҷом бидиҳад(барои сохтмони танҳо обанбори ниругоҳи Роғун - РО) ва Покистон, ки имконоти молиаш дар ин вақт хеле хуб аст ва саноаташ ҳам хуб тараққӣ кардааст, имкон дорад, ки агар Покистон он созишномаро амалӣ кунад, ин барои Тоҷикистон ҳам кори хубе хоҳад шуд. Ва умедвор ҳастем, ки ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон битавонанд ин созишномаро амалӣ гардонанд."

Сохтмони Роғун аз замони суқути Иттиҳоди Шуравӣ ба ин тараф қатъ шуда, талошҳои давлати Тоҷикистон барои эҳдоси дубораи ин сохтмон то ҳол ба натиҷае нарасидаанд.
Аммо тавре ба назар мерасад, тафовуқи Покистон барои харидории нируи барқ аз Тоҷикистон ва ҳам изҳори ахири омодагии Чин барои анҷоми чунин кор шуълаи умеди шуруъи дубораи сохтмони ниругоҳи Роғунро гуиё рушан мекунад. Чунки бо ин тавофуқот ҳадди ақал яке аз ду масъалаи истода дар роҳи эҳдоси Роғун ба ҳалли худ наздик шуд.
Шариф Раҳимов, сафири Душанбе дар Иттиҳоди Аврупо дар як суҳбате, ки пештар бо у доштам, гуфта буд, ки ҳамин ду масъала - номушаххасии бозори фуруши барқи Тоҷикистон ва ихтилофи назари кишварҳои минтақа ба сохтмони ниругоҳҳои нав дар ин кишвар сабаби аслии нокомии талошҳои то ҳол анҷомшуда ҷиҳати ҷалби сармояҳои бузурги байналмилалӣ ба сохтмони Роғун ва ниругоҳҳои дигари Тоҷикистон будааст.

Раҳимов.
Ниругоҳи Роғун дар сурати сохта шуданаш шояд танҳо иншооти муҳим ва бузурги санъатӣ барои як паҳнои бузурге сар карда аз ноҳияи Файзобод то ба марзи вилояти бадахшон бо Ҷумҳурии Чин мешуд. Аммо агар сохта мешуд.
Ҳадафи шуравӣ аз сохтмони Роғун бо роҳи содироти нируи барқи Роғун ба ҷануби Осиё густариши нуфузаш ба он манотиқ ҳам буд, вале ба иллати тангии фурсат ва суқуташ дар ниҳоят натавонист кори онро ба анҷом биорад.
Давлати Тоҷикистон, ки ин сохтмони нимаро ба мерос бурдааст, инак чандин сол аст, тарҳи сохтмони Роғунро чун як аруси коғазпеч ба тамоми кишварҳову созмонҳои молии алоқаманд нишон медиҳад, вале тавре ба назар мерасад, то ҳол як домоди мувофиқ барояш пайдо накардааст.
Ҳамкори мо дар Душанбе Раҳматкарими Давлат дар пасманзари чанд паёми умедворкунандаи ахир аз Чину Покистон сохтмони ниругоҳи Роғунро қаҳрамони нашри навбатии Чеҳраи Ҳафта интихоб кардааст.

ЧЕҲРАИ ҲАФТА - СОХТМОНИ АЗ ЗАМОИН ШУРАВӢ НИМАМОНДАИ НИРӮГОҲИ РОҒУН

Раҳматкарими Давлат: "Хабари имзои созишномаи фуруши барқи Тоҷикистон ба Покистон, ки ахиран дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмонов ба Исломобод имзо шудааст, умедвориҳоеро дар ҷиҳати азсаргирии сохтмони ниматамоми ниругоҳи барқи обии Роғун зинда кардааст. Хосса, ки гуфтушунид дар заминаи як эътибори 500-милёндолларии Покистон низ ба Тоҷикистон матраҳ аст. Покистон, ки ҷиддан ба нируи барқ ниёз дорад, бештар аз даҳ соли пеш алоқамандии худро ҷиҳати мусоидат ба сохтмони ниругоҳи Роғун изҳор карда буд. Аммо бо далоили мухталиф натавониста буд, ин корро анҷом бидињад. Ин далоил ба назари соҳибназарон, яке ҷанги дохилии Тоҷикистон, дигаре рақобатҳои ошкору ниҳони қудратҳо сари нуфуз дар минтақа ва ҳамчунин алоқаманд набудани бархе аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон барои сохтмони ин ниругоҳ ва ҷанги Толибон бо ҷабҳаи шимоли Афғонистон буд, ки ду кишвар аз ду тарафи он ҷанг пуштибонӣ мекард.
Вале Тоҷикистон аз ибтидо ба унвони як харидори умдаи нируи барқи худ руи Покистон ҳисоб боз карда буд. Ва бо фароҳам шудани бистари муносиб барои анҷоми ин кор инак созишномаи интиқоли нируи барқ ба имзо мерасад.
Аммо ин масъала ҳамоно ҷанбаҳои дигаре низ дорад ва дар сурати пайдо шудани сармоягузориҳо барои сохтмони ин ниругоҳ низ имкон дорад ҳамчунон мухолифатҳо бо ин барнома ба сурати ошкору ниҳон шиддат бигиранд. Ниругоҳи барқи обии Роғун дар рудхонаи Вахш, ки аз ҷумлаи иншоотҳои ниматамоми шуравии пешин аст, бо доштани бештар аз 120 метр баландии сарбанд, на танҳо аз бузургтарин ниругоҳҳои барқи обии дунё қарор буд бишавад, балки дар сурати анҷоми сохтмони он бо як обанбори бузург, метавонист Тоҷикистонро ба як танзимкунандаи умдаи нируи об дар минтақа табдил кунад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон, ду кишвари кучактари Осиёи Марказӣ аксари кулли манобеи обии минтақаро дар ихтиёр доранд ва бунёди ниругоҳҳо, ки метавонад ба нуфузи ин ҷумҳуриҳо дар минтақа биафзояд, боиси рашки кишварҳои калонтаре мисли Узбакистон ва Қазоқистон будааст. Зеро дар сурати сохтани обанборҳо ва танзим шудани истифодаи об заминаҳои зиёде дар ин ду кишвар ба биёбон табдил хоҳад шуд.
Аз ин ҷост, ки руъасои ҷумҳури кившарҳои Осиёи Миёна дар охирин ҷаласаи Бунёди Наҷоти Арал дар якуним соли пеш дар шаҳри Душанбе ба сароҳат мавзеьи худро дар ин масъала рушан карданд. Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон аз ҷумла мегуфт: "Аввал ин ки ин рудхонаҳо дарёҳои фаромарзӣ мебошанд ва ин масъала дар асноди байналмилалӣ низ саб шудааст. Гузашта аз ин, обе, ки барои зироъат истифода мешавад, мол нест ва мол танҳо оби ошомиданӣ аст. Обҳои минтақа як лутфи худододист барои ҳамаи мо."
Ислом Каримов ҳамчунин гуфта буд, сохтмони ниругоҳҳои бузург мисли Роғун дар ҳоли ҳозир манфиати зиёде надорад ва беҳтар аст ба сохтмони неругоҳҳои кучактаре мисли Сангтуда таваҷҷуҳ кард. Ва дар чаҳорчуби ҷомиъаи ҳамкории Осиёи Марказӣ як қарордоде дар заминаи мусоидат ба сохтмони ниругоҳи Сангтуда ҳам имзо шуд, ки бо гузашти ду сол ҳамчунон замин мондааст."
Аммо Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон назар ба ҳамтои узбакаш боз як қадам пештар рафт ва гуфт: " Масъалаи пардохт барои об ва фуруши он вуҷуд надорад ва мо барои истифодаи об ҳеҷ гуна ҳаққе пардохт карданӣ нестем. Агар Қирғизистон тавони онро дошта бошад, ки маҷрои Сирдарёро барои 20 сол ба суи мо бубандад, бигзор иқдом кунад. Бубинем, ки муваффақ мешавад ё на."
Нуралӣ Давлатов, коршиноси барномаи мо бар ин назар нест ва мегуяд, Тоҷикистон дар истифодаи захоири обии худ аз ҷумла соҳибихтиёр аст. Ва бояд дар ин маврид дар мадди аввал манофеъи миллии худро пеши назар дошта бошад: " Дар ин маврид созиш кардан мумкин ҳаст. Яъне Узбакистону Қазоқистон ба Тоҷикистон маводи мухт, яъне газу нафт медиҳанд. Бо имтиёз ё бартер мекунанд ва дар иваз аз Тоҷикистон об мегиранд. Бозор бояд ҳамин бошад."
Ба назари ин коршинос, ду харидори умдаи нируи барқи обии Тоҷикистон - Покистон ва Афғонистон аз ҷумлаи шарикони Амрико мебошанд ва ин як имтиёзест дар ихтиёри Тоҷикистон, ки бояд онро аз даст надиҳад ва бо истифода аз фароҳам шудани бистари муносиб барои аз сар гирифтани сохтмони Роғун ҷиддан иқдом кунад.
Раҳматкарими Давлат, Радиои Озодӣ, Душанбе

Идомаи маҷаллаи "7 рузи Тоҷикистон" аз бахши тоҷикии Радиои Озодӣ.
Вячеслав Трубников, муовини вазири умури хориҷии Русия ва раҳбари пешини хадамоти ҷосусии ин кишвар рузи чоршанбе дар суҳбат бо рузномаи "Независимая газета"-и чопи Маскав гуфтааст, ки хуруҷи марзбонони рус аз марз бо Афғонистон бо хоҳиши ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад, вале бо хуруҷи онҳо марзи мазкур рахнадор ва барои қочоқи маводи мухаддир боз хоҳад шуд. Оқои Трубников афзудааст, чунин ранг гирифтани кор дар ниҳоят мояи нороҳатии Амрико низ мешавад.
Дипломати рус мухолифати кишвараш бо ҳузури қудратҳои фароминтақавӣ ба мисли Амрикову Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ, қаламрави нуфузи ба гуфтаи вай, ҳаётан барои Русия муҳимро изҳор дошта гуфтааст, Амрико баъди анҷоми маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор ҳам аз ин қаламрав нахоҳад рафт.
Сухангуи сафорати Русия дар Тоҷикистон, Александр Лисов, дар тавзеҳ ба изҳори назариёти Вячеслав Трубников мегуяд: "Русия омода буд бар асоси ҳамон шароити пешин ҳамроҳ бо ҷониби Тоҷикистон ба ҳифзи муштараки марз бо Афғонистон идома диҳад. Вай омода буд, аммо тибқи созишномаи имзошуда дар соли 1993 Тоҷикистон ҳаққ дошт ба муҷарради омода шудани нируҳояш ҳифозати мустақилонаи марзро бар уҳда бигирад. Билохира ҳамин тавр ҳам шуд, аммо Русия пешниҳод дошт, ки ҳифзи марзро тибқи ҳамон шароити гузашта давом диҳад."
Аммо Нуралишоҳ Назаров, муовини аввали раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон мутақоид аст, ки нируҳои ин кишвар барои ҳифзи мустақилонаи марз бо Афғонистон омодаанд ва суҳбатҳои ахири Вячеслав Трубников танҳо аломати ангушти пушаймонӣ газидани Русия аз мавзеъгириҳои собиқаш дар қиболи ҳалли ин масъала бо Тоҷикистон аст.
Нуралишоҳ Назаров: " Онҳо ба фикрам, аз гуфтаҳои худ пушаймон шуда ва нав фаҳмидаанд, ки агар аз ин ҷо бираванд, аз лиҳози геополитикӣ хеле бой хоҳанд дод. Вагарна тибқи банди нуҳуми созишномаи соли 1993 худи онҳо гуфта буданд, ки баъди омода шудани марзбонони тоҷик мо сарҳадро батадриҷ ба онҳо месупорем. Мо ҳозир мустақил шудем, тайёр шудем ва худи мо аз уҳдаи ҳифзи сарҳадҳои худ мебароем. Талаб кардем, марзи Хитойро гирифтем, имсол марзи Помирро мегирем ва ояндаи ҳамаи марзҳоро. Аммо ин ба маънии бас шудани ҳамкории мо бо марзбонони Русия нест. Ба зудӣ як созишномаи нави ҳамкорӣ миёни мо бояд имзо шавад."
Аммо, меафзояд оқои Назаров , дар ихтиёри нируҳои сарҳадбони Тоҷикистон қарор гирифтани масъулияти ҳифзи ин марзҳо аслан ба маънии хатми тамоми ҳамкории марзбонони тоҷику рус нест. Генерал Назаров мегуяд, ба ҳамин тартиб, Тоҷикистон бо ҷониби Афғонистон ҳам роҳҳои ҳамкорӣ ва аз Амрикову Ғарб дасти ёрӣ хоҳад ҷуст: "Мо бевосита бо марзбоони афғон ҳамкорӣ дорем. Бевосита! Ва мо дар садади боз кардани минтақаҳои нави тиҷорати марзӣ дар сарҳади Афғонистонем,
Аммо агар сухан дар бораи ҳамкории мо бо Амрико равад, ки гуё мо бо Амрико ҳамкории сахт дар кори ҳифзи сарҳад дорем, ҳамкории мо бо Амрико ҳаст дар ҳақиқат. Ин дар чаҳорчуби мубориза бо террор ва қочоқи маводи мухаддир аст. Лекин охир онҳо ба мо ёриҳои амалӣ мерасонанд. "
Хуб, назари Душанбеву Маскавро дар ин бора бо ҳам шунидем. Ва акнун аз меҳмони дигари барнома коршиноси низомии рус Павел Фелгенҳавер мепурсам, ки решаи ин ҳама танишҳои марзӣ байни Тоҷикистону Русия аз куҷо об мехурад.

Павел Фелгенҳавер: "Тайи солҳои навадум марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро нируҳои Русия бонӣ мекарданд. Аммо ин ба истилоҳ нируи Русия буд, чунки ҳарчанд онҳо таҳти парчами Русия ва таҳти фармондеҳии афсарони рус буданд, аскори қаториаш ҳама аз Тоҷикистон даъват мешуд.
Аммо акнун дар пайи амалиёти таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон хатари воқеъии низомӣ аз он суи марз аз байн рафт ва танҳо хатари маводи мухаддир барҷой мондааст.
Вале бо хатми хатари ҳамлаи низомӣ хоҳиши табии Тоҷикистон, ки мехоҳад ихтиёри ҳифзи марзҳояшро бар души худ бигирад, қобили фаҳм аст. Табиист, ки Маскав аз чунин сурати кор норозист ва мегуяд, ки акнун он сарҳад рахнадор мешавад. Гуё ки пеш ин марз рахна надошт. Фақат ин ки пештар он рахнаҳои мо буд ва акнун аз они Тоҷикистон."

Аммо Павел, бо дарназардошти таҳаввулоте, ки ҳолиё дар минтақа мегузарад, дурнамои ҳузури низомии Русия дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна хоҳад шуд?

Павел Фелгенҳавер: "Албатта, як миқдори ҳузури низомӣ боқӣ мемонад. Чанд иншооти муҳими стротегӣ ба мисли маркази назорати кайҳонии Норак, машқгоҳҳои низомӣ ва зербинои мухобиротиро Русия ҳамчунон таҳти назораташ қарор хоҳад дод. Шумораи артиш дар Тоҷикистон каме коҳиш меёбад, вале на комилан.
Таври маълум, хатари тундгароии исломӣ дар минтақа аз байн нарафтааст ва аз ин ру барои режимҳои маҳаллӣ ҳамоно дар ҷайб нигоҳ доштани қартаи ҳузури низомии Русия холӣ аз манфиъат нест. Ҳарчанд пойин рафтани мизони чунин хатар хоҳиши ин режимҳо барои танготангӣ бо Русияро коҳиш дод, вале як ташаннуҷи андаки вазъ масалан мо дидем, ки ҳатто Узбакистони хеле истиқлолхоҳро бо вуҷуди ҳифзи дустиаш бо Вошингтон боз ҳам дар канори Маскав овард."

Вале мардумони оддӣ дар Тоҷикистон бештар дар тарси онанд, ки мабодо Маскав қартаи муҳоҷирони тоҷикро, ки ҳамасола дар пайи ёфтани ризқу рузӣ ба Русия меоянд, ба як василаи дигари фишор дар баҳсҳои марзиву низомиаш бо Душанбе табдил диҳад?

Павел Фелгенҳавер: "Ман фикр намекунам, ки аз ин масъала як фишанги бузургу ҷиддӣ созанд. Чунин авзоъи танишомез ва ҳатто наздик ба ҷанг дар гузашта бо Гурҷистон ҳам иттифоқ уфтода буд, вале мунҷар ба аксуламалҳое нашуд. Ҳол он ки шумораи мардикорони гурҷӣ дар Русия то 2 милён нафар ҳисоб мешавад.
Чунки ин мардум дар ин ҷо лозиманд ва онҳо кореро мекунанд, ки бо ҳамон маош худи мардуми Русия аслан ба он даст нахоҳанд зад. Ман ҳамин ҳоло, ки барои харидани нон берун рафтам, муҳоҷирони тоҷикро дидам, ки дар паҳлуи хонаи ман дар як сохтмони роҳ сиёҳтарин корҳоро бар уҳда доранд.
Ин мардум ба мо лозиманд ва дар Русия ба онҳо кор додан кадом аломати савобҷуии мо нест. Ва ин ҷойҳои кори сиёҳро ҳам аз дасти онҳо кашида гирифтан ва онҳро ба таври оммавӣ ихроҷ крадан кори саҳл нест.
Албатта, ҳар сари чанд вақт амалиётҳое бар зидди онҳо сурат дода хоҳад шуд, вале аз суи дигар зарурати иқтисодӣ барои ҷалби чунин тоифаи коргар ҳам бузург аст.
Шояд ин масъала ба забон зиёд оварда шавад, вале дар амал касе ба пеш кардани онҳо иқдом нахоҳад кард."

Аммо масъала, ба назари маҳфилҳои Душанбеву Маскав, ин аст, ки оё ин ду кишвар акнун дуст хоҳанд монд ё бародар?
Соҳибназарон мегуянд, ихтилофи назар дар музокироти низомиву марзии Тоҷикистону Русия дар ниҳояти амр ба сурате роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард, вале набояд роҳ дод, ки муҳоҷирони оддии тоҷик дар Русия дастхуши ин бозии "роҳи ҳалли масъала" шаванд.
Дар ин ҳафта бунёди "Шаҳри бидуни маводи мухаддир"-и Екатеринбурги Русия бо ширкати вакили Думаи давлатӣ ва яке аз раҳбарони ин бунёд Евгений Ройзман дар рустои Широкая Речкаи канори ин шаҳр як тазоҳурот бар зидди муҳоҷирони тоҷики муқими минтақа доир кардааст.
Аҳли ин тазоҳурот, ки ба гуфтаи ташкилдиҳандагонаш, 1 000 нафар, аммо ба ақидаи ҷамъияти тоҷикон, 50-100 нафар будааст, аз мақомот талаб кардаанд, ҳамаи 150 000 муҳоҷири тоҷикро, ки дар минтақа ба сар мебаранд, ба далели дар қочоқу тиҷорат маводи мухаддир даст доштани онҳо аз кишвар ихроҷ кунанд. Андрей Селетский, муовини раиси бунёди "Шаҳри бидуни маводи мухаддир": " Мо талаб мекунем, ки ҳамаи 150 000 муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик аз минтақа ихроҷ карда шаванд ва байни Тоҷикистону Русия низоми раводид ҷорӣ шавад!"
Тазоҳуроти Широкаяи Речка вокуниши шадиди ҷамъиятҳои миллии сокини шаҳри Екатеринбургу вилояти Свердловро ба бор овард ва 15 иттиҳодияи миллии сокини ин сарзамин бо нашри як изҳороти муштарак ин тазоҳуроти зиддиқавмиро маҳкум карда, хостори ба муҷозот кашидани масъулони он шудаанд.
Фаррух Мирзоев, раиси созмони "Сомониён" аз шаҳри Екатеринбург: "Ба ин изҳорот ҷамъиятҳои арманиҳо, озариҳо, немисҳо, бошқирдҳову тоторҳо ва яҳудиҳо, дар маҷмуъ 15 иттиҳодия имзо гузоштааст."
Як далели аслии дар муқобили муҳоҷирони тоҷик пешовардаи тазоҳургарон дар Широкая Речка мушорикати ин мардум дар қочоқу фуруши маводи мухаддир аст.
Аммо Қурбоналӣ Ҳалимов, муовини ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердлов мегуяд, албатта, афроди алоҳида аз байни тоҷикҳо низ ба чунин аъмол шарик аст, вале на ба он сурати саросарӣ, ки "Шаҳри бидуни маводи мухаддир" тасвир кардааст: "Албатта, ҷангал бе хор намешавад ва ҳастанд ҳаммиллатҳои мо, ки ба чунин аъмол даст мезананд, вале намешавад саросар ҳамаи тоҷиконро гунаҳкор кард."
Бино бар оморҳои дарёфтӣ, дар ҳудуди вилояти Свердлов тақрибан 150 000 муҳоҷир аз Тоҷикистон ба сар мебарад ва аммо то кунун танҳо ҳудуди 4 000 нафари онҳо ҳаққи шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.

Иброҳим Абдуллоев, намояндаи вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Свердлов мегуяд, ҳамчунон беҳимоят мондани муҳоҷирони тоҷик дар ин қаламрав метавонад дар ниҳоят мунҷар ба пайомадҳои фалокатборе барои ҳама тоҷикони муқими ин минтақа шавад: " Вақте дар бораи муоҳҷирони узбак чанд даҳон гап заданд, консули Узбакистон ба ин ҷо омад. Як кас аз сафорат аст ё аз консули Тоҷикистон бояд омада, вазъи мавҷударо дар сатҳи ҳукумати ин шаҳру вилоят таҳлил ва баррасӣ кунад."
Муҳоҷирони тоҷики муқими деҳкадаи Широкая Речка ҳануз чанд руз пеш аз шуруъи ин гирдиҳамоӣ аз ин минтақа ба навоҳии ҳамсоя паноҳ бурдаанд. Аммо раҳбарони бунёди "Шаҳри бидуни маводи мухаддир" ба Родиёи Озодӣ гуфтаанд, ин мардумро дар он навоҳӣ низ осуда нахоҳанд гузошт. То замоне ки ба ватани худ, Тоҷикистон барнамегарданд.

Шунавандагони гиромӣ дар ин ҷо мерасем ба поёни нашри навбатии маҷаллаи иттилоотиву таҳлилии "7 рузи Тоҷикистон".
Мизбонии ин барнома бар души ман, Мирзои Салимпур, буд ва моро дар ин барнома сиёсатмадори тоҷик, муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон ва вазири пешини иқтисоди ин кишвар Давлат Усмон аз сафари хидматиаш дар Афғонистон ва коршиноси умури низомии Русия павел Фелгенҳавер аз шаҳри Маскав ҳамроҳӣ мекард.
Бо умеду рузу рузгори хуше барои ҳамаи шумо то ҳафтаи дигар ва то "7 рузи дигари Тоҷикистон" худо нигаҳдор.
Мирзои Салимпур

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG