Пайвандҳои дастрасӣ

Косачев: "Марзбонони рус маҷбуранд аз Тоҷикистон хориҷ шаванд."


Рӯзи панҷшанбе, 13 май раиси Кумитаи равобити байналмилалии Думаи Давлатии Русия Константин Косачев зикр намуд, ки эҳтимол барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз самти марзи Афғонистону Тоҷикистон Маскав ба қабули чораҳои иловагӣ водор шавад.
Косачев мегӯяд, ки ҷониби Тоҷикистон бо ҳар баҳона имкон намедиҳад, ки санадҳои марбути бунёди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон такмил ёбанд. Номбурда тахмин мекунад, ки ҷониби сеюм ва нерӯҳои хориҷӣ манфиатдор нестанд, ки ҳузури дарозмуддати Русия дар Тоҷикистон аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ танзим ёбад. Раиси Кумитаи равобити хориҷии Думаи Давлатӣ бар ин фикр аст, ки Тоҷикистон омодагӣ ба ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро таъкид мекунад ва дар чунин ҳол Русия маҷбур мешавад нерӯҳои марзбонашро аз Тоҷикистон берун барорад.
XS
SM
MD
LG