Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷирони тоҷик: "Тоҷирони хориҷӣ хуш намеоянд моро"


Дар бозори бузургтарини Тоҷикистон «Корвон», воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа на танхо моли сохти Чин бештар ба назар мерасад, балки ҳамчунин савдогарон ва тоҷирони чиноӣ низ дар он роҳ ёфтаанд, ки ба қавли соҳибкорони тоҷик чунин вазъ метавонад ҳузури соҳибкорони худиро дар бозорҳои ватанӣ маҳдуд созад.
Ноибмудири бозори «Корвон» Давлатбегим Алиева дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бозори Корвон ба уйғурҳои Чин беш аз дусад нуқтаи тиҷоратӣ додаанд. Уйғурон айни ҳол дар ин нуқтаҳо дукон ва ошхонаҳои миллии худро бино карда истодаанд.
Пас аз афғонҳо, уйғурон дуввумин қавми хориҷиянд, ки ба бозорҳои дохили Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Аммо Мағфират Деҳқонова - мудираи шуъбаи савдо, хидмати пулакӣ, рушди соҳибкорӣ ва бозорҳои ҳукумати шаҳри Душанбе мегуяд, шумораи тоҷирони афғон дар Душанбе рӯз аз рӯз коҳиш меёбад. Ба гуфти хонум Мағфират, имрӯз дар аксари нуқтаҳои тиҷоратии афғонҳо тоҷикон кор мекунанд: «Яке аз муҷтамааҳои тиҷорати «Садбарг» мебошад, ки то солҳои 1997 ва инро инкор кардан лозим нест, дар он тоҷирони афғон савдо мекарданд. Аммо рӯз аз рӯз тоҷирони тоҷики мо худашон аз дигар мамолик мол оварда, дар ин ҷо савдо мекунанд. Мана дар мамлакати ҳамсояи мо Афғонистон, пас аз осоишта шудан, ҳамаи он шаҳрвандони ин кишвар кӯчида рафта истодаанд.»
Бино ба қавли Мағфират Деҳқонова, дар шаҳри Душанбе 31 бозор фаъолият мекунад, ки танҳо 5 адади он давлатӣ мебошад. Бузургтарини ин бозорҳо «Корвон» аст ва он ҳам ғайридавлатист. Вале овозаи ба бозори «Корвон» омадани уйғурон тоҷирони маҳаллӣ ва қабл аз ҳама он мардумеро, ки дар ин бозор ҷо гирифта буданд, нигарон сохтааст. Аммо Давлатбегим Алиева - ноибмудири бозори «Корвон» мегӯяд, аксари он ҷойҳое, ки миёни мардуми маҳаллӣ тақсим шуда буд, аз сабаби бекор хобидан ба партобгоҳ ва харобазор табдил гашта буд.
Ду сол қабл ҳудуди 22000 нафар дар бозори «Корвон» ҷо гирифта буд, аммо танҳо чор ҳазор кас нуқтаҳои тиҷоратии худро обод карда ба савдо оғоз кардаанд. Бар иловаи ин, маъмурияти бозор маҷбур буд, ки барои он ҷойҳои бекорхобида низ андози замин супорад. Аз ин рӯ онҳо тасмим гирифтаанд, ин ҷойҳоро ба уйғурҳо диҳанд ва аммо он мардуме, ки атрофи ҷойҳояшонро бо симхор печонида буданд, акнун маҷбуранд, ин симхорҳоро канда баранд, мегуяд хонум Алиева: «Он ҷойҳое, ки ба одамон дода будем, ба харобазор ва ҷойҳои ифлосӣ мубаддал гашта буд. Ва мо маҷбур шудем, ки агар пеши мо хитоӣ ҳам ояд, иронӣ ҳам ояд, мо ин ҷойро ба ӯ медиҳем, ки обод кунад. Мо гуфтем, ки (ба одамон) ҳамон оҳану ҳамон арматуратонро ҳамаашро канда баретон. Ҳамаашро мо кандем, дар як тараф мондем, ки омада баранд.»
Вале нигаронии бештари тоҷирони маҳаллӣ аз адами қудрати молии хеш дар рақобат бо тоҷирони хориҷӣ мебошад. Онҳо мегуянд, афзоиши теъдоди тоҷирони хориҷӣ ва тавсиаи фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон мавқеи тоҷирони маҳаллиро танг мекунад. Маҳбуба Исоева- фурушандаи либосворӣ дар бозори «Баракат» низ аз тавсиаи фаъолияти тоҷирони хориҷӣ дар Тоҷикистон норозӣ аст: «Азбаски онҳо қудрати молӣ бештар доранд, метавонанд, ба мо зарарашонро расонанд. Яъне бори онҳо ба савдо меравад, бори мо мемонад. Онҳо арзонтар мефурушанд. Зиндагии Тоҷикистон беҳтар не, балки бадтар мешавад. Зеро ягон корхонае надоранд, ки ин мардум кор кунад.»
Гуфтанист, ки молҳои мефурӯхтаи хонум Исоева истеҳсоли Чин мебошад. Як тоҷири дигар, ки худро Бозорбой муаррифӣ намуд, гуфт, агар тоҷирони хориҷи бевосита худ ба бозорҳои Тоҷикистон роҳ ёбанд, пас дигар барои ба Чин ва дигар кишварҳо рафтани тоҷирони тоҷик ниёз намемонад: «Қудрати молишон бисёртар аст аз мардуми тоҷик. Онҳо борашонро оварда бо нархи арзон мефурӯшанд ва он тоҷиконе, ки рафта аз он ҷо бор меоранд, дигар он қадар фоидае намебинанд. Хайр, налог фоида мешавад. Ба давлат ва хӯҷаинҳои бозорҳо фоида мешавад, аммо на барои халқи оддӣ.»
Барот Юсуфӣ - хабарнигори тоҷик, ки дар навиштаҳояш бештар ба масоили иқтисодӣ даст мезанад, бар ин андеша аст, ки дар бозорҳои Тоҷикистон пайдо шудани тоҷирони хориҷӣ ҳам тарафи мусбат ва ҳам манфӣ дорад:
«Онҳо маҳсулоти худашонро бо нархи аслӣ меоранд ва аз ин рӯ то андозае мавқеъи тоҷирони тоҷик танг мешавад. Шояд як қисме аз онҳо муфлис ҳам гарданд. Манфиаташ ин аст, ки рақобат бештар мешавад ва нарху навои мол паст мешавад.»
Ба ақидаи таҳлилгарон, аксари он мардуме, ки имруз дар Тоҷикистон мондаанду ба Русия нарафтаанд, ризқу рузии худро аз бозор меёбанд. Як гуруҳ аз хориҷа мол меорад, гуруҳи дигар дар ин ҷо онҳоро мефурӯшад, гурӯҳи саввум аз инҳо андозҳои гуногун мегирад, гуруҳи чаҳорум, ки аслан занҳо мебошанд, барои ин бозорнишинҳо таом мепазад. Бозор ягона умед ва ягона манбаъи даромади ин мардум мондааст.
Бо назардошти набудани ҷойҳои дигари кор, аз даст додани бозорҳо ин мардумро низ аз ягона имкони рӯзгузаронӣ маҳрум месозад. Аммо аз пайдо шудани тоҷирони хориҷи, бозордорҳо ва он харидорони оддӣ, ки воситаи маблағёбиашон на бозорҳои Душанбе, балки бозору сохтмонҳои Русия аст, бурд мекунанд. Коршиносон як роҳи ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи вазъи ин тоифаи мардумро дар эҳёи истеҳсолоти дохилӣ мебинанд.
XS
SM
MD
LG