Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президент Раҳмонов ба Покистон


Саъдии Юсуфӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рузи чоршанбе, 12 май сафари расмии серузааш ба Покистонро оғоз кард. Ин нахустин дидори расмии оқои Раҳмонов аз Покистон буда, уро дар ин сафар вазири умури хориҷа Талбак Назаров, вазири иқтисоду тиҷорат Ҳаким Солиев ва вазири дороии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ҳамроҳӣ мекунанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Исломбод бо президенти Покистон Парвиз Мушарраф дидор ва мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот масъалаи транзити нируи барқи Тоҷикистон ба Покистон тавассути Помир ба шимоли Покистон баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ин сурат, Покистон метавонад, солона аз Тоҷикистон аз 2 то 3 миллиард киловатт-соат нируи барқ бихарад.
Президент Мушарраф гуфтааст, Покистон омода ҳаст, ҷиҳати ба бозори ҷаҳонӣ баровардани фаровардаҳои саноатии Тоҷикистон тавассути қаламраваш мусоидат кунад.
Ҳамчунин имзои чанд созишномаи дигари ҳамкории сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоративу фарҳангӣ байни Тоҷикистону Покистон дар ҷараёни сафари ин ҳайъати олии Душанбе ба Исломобод дар назар гирифта шудааст.
Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар гузашта Покистонро айбдор мекарданд, ки дар хоки худ ба мухолифини исломии ин давлатҳо паноҳ медиҳад ва ба маҳзи ин дар муносиботи байни онҳо танишу сардиҳое дар миён буд.
Саъдии Юсуфӣ
XS
SM
MD
LG