Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои дуст доштан ҳам ба ҳабс мекашидаанд


Милисаҳои Душанбе як ҷавони бегуноҳро бо истифода аз нируи барқ шиканҷа додаанд. Хабаргузории мустақили "Авасто" бо такя ба «Маркази ҳуқуқи инсон» хабар додааст, ки як шаҳрванди ҷавони Русия, собиқ низомии дивизияи 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз тарафи кормандони яке аз шуьбаҳои умури дохилии пойтахт мавриди боздошти ғайриқонунӣ ва шиканҷа қарор гирифтааст. Ин ҷавон рузи 13 апрели соли ҷорӣ ба «Маркази ҳуқуқи инсон» бо хоҳиши ҳимоят аз милиса муроҷиат кардааст. Ин ҷавон гуфтааст, у бо як духтаре вомехӯрд ва волидони духтар мухолифи ин шиносоӣ будаанд. Падари духтар ба шуъбаи корҳои дохилӣ шикоят навишта, ин ҷавонро ба дуздии компютер муттаҳам кардааст. Тӯли ҳафта ҷавонро бидуни фаҳмонидани сабаб ду бор боздошт кардаанд. Ҳамроҳ бо у ҳамчунин як бор духтари дӯстдоштаашро низ боздошт кардаанд. Ин духтар гуфтааст, тули се соат дар шуъбаи корҳои дохилӣ мавриди хушунати равонӣ ва ҳамчунин кӯшиши таҷовуз қарор гирифтааст. Аммо худи ҷавон гуфтааст, ҳангоми боздошти такрорӣ аз тарафи милисаҳо барои эътирофи дуздӣ шиканҷа дидааст.
Ба қавли ин ҷавон, барои шикастани иродааш муҳофизони ҳуқуқ аз нируи барқ истифода кардаанд. Ба ин азобу шиканҷа тоб наоварда, ҷавон ҳама коғазхоро имзо карда, танҳо пас аз розӣ шудан ба пешниҳоди ба истилоҳ «ҳалли масьала» дар ивази 800 доллари амрикоӣ ба озодӣ баромадааст. Ҷабрдида рузи 22 апрел бо тавсияи додситонии шаҳр аз санҷиши тиббӣ гузашта ва ин ташхис мавҷудияти осори шиканҷа дар бадани уро тасдиқ кардааст.
Зафар Абдуллоев, мудири хабаргузории «Авасто» мегуяд, дар Тоҷикистон имруз низ поймоли ҳуқуқи инсон аз тарафи мақомоти муҳофиз аз ин ҳуқуқ ба назар мерасад. Зафар Абдуллоев мегуяд: «Ин поймолкунии ҳуқуқ қабл аз ҳама дар боздоштҳои ғайриқонунӣ, адами дастрасии боздоштшудагон ба вакили мудофеъ, пинҳон доштани маълумот аз расонаҳои хабарӣ дида мешавад. Ман фикр мекунам, ки ин ҳуқуқвайронкуниҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сатҳи пасти дониши ҳуқуқии бархе аз кормандони мақомоти мазкур низ вобастагӣ дорад.»
Аммо дар мавриди дурустии қазияи он ҷавон ва умуман то чӣ андоза ҷой доштани ин гуна ҳодисаҳо ман ба мақомоти масъул ҳам муроҷиъат кардам. Навбатдори идораи корҳои дохилии пойтахт, ки худро Хоҷаев муаррифӣ кард, дар суҳбати телефонӣ гуфт, аз соли 2000 инҷониб онҳо ягон шикояти шаҳрвандон аз болои милисаҳоро ба қайд нагирифтаанд ва барои маълумоти саҳеҳтар, гуфт ҷаноби Хоҷаев, ба роҳбари бахши ҷустуҷуи ҷиноии идораи умури дохила, Қамар Ёрмуҳаммадов муроҷиъат кунем. Ҷаноби Ёрмуҳаммадов низ гуфт, милисаҳо ҳеҷ касро намезананд ва пас аз ин ҳарфҳо гӯширо гузошту дигар он рақами телефон ба зангҳои баъдина ҷавоб надод.
Ҳумоюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG