Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти нави ҳайъатҳои низомии Тоҷикистону Олмон


Ҳанс Герог Вагнер, муовини вазири дифоъи Олмон бо Рамил Нодиров, фармондеҳи кулли ситоди нирӯҳои муссалаҳи Тоҷикистон мулоқот ва масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини амният дар минтақаро баҳс кардааст. Ба гуфтаи сухангуи вазорати дифои Тоҷикистон, идомаи ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон аз мавзуоти умдаи ин мулоқот будааст. Заробиддин Сироҷев сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ин робита гуфт: "Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи мавзуъҳои амнияти минтақавиву ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин дар атрофи авзоъи кунунии давлати ҳамсояи мо - Афғонистон. Рамил Нодиров иброз дошт, ки Тоҷикистон омодааст, ба ҳама кишварҳое, ки дар бунёд ва барқарории баъдиҷангии Афғонистон ширкат меварзанд, кӯмак кунанд, чунки Тоҷикистон ҳам аз ҳарчӣ зудтар мӯътадил гаштани вазъи Афғонистон манфиатдор аст. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникии Олмон изҳори назар карданд."
Ҳамкории идораҳои низомии Тоҷикистон бо Олмон баъди оғози муборизаи муштарак бо терроризм ва таъсиси Эътилофи зиддитеррористӣ дар соли 2001 густариши бештар пайдо кардааст. Вале то он замон низ ин кишвар дар ихтиёри артиши Тоҷикистон кумакҳои техникие, аз қабили васоили тиббӣ ва дастгоҳҳои минарӯбӣ қарор додааст.
Зимни ин сафари ҳайъати Олмон ба Тоҷикистон санади мушаххасе ба имзо нарасидааст. Ва ба гуфтаи мақомоти вазорати дифоъи Тоҷикистон, кадом ҳамкории ҷиддӣ ва барномаи муштараки ҳамкории низомии Тоҷикистон бо Олмон низ то кунун вуҷуд надорад.
Вале сарбозони Олмон дар ҳайъати нируҳои таъмини амният дар минтақаи шимоли Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, ифои вазифа мекунанд ва қарор аст, дар сурати пеш омадани вазъияти изтирорӣ дар он минтақа Тоҷикистон ба ин нирӯҳо кумак кунад.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG