Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шири кӣ дар бозор ширтар аст?


Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тибб, аз як су гармо ва аз суи дигар адами шароити мувофиқ барои нигоҳдории маводи хурдание, ки ба фуруш гузошта мешавад, боиси сар задани бемориҳои уфунӣ ва сироятӣ дар байни сокинони пойтахт шудааст. Доктори улуми тибб, гиёҳшинос Зебо Баҳромова мегуяд, ҳануз ҳавои Тоҷикистон дар ҳоли ҳарорат гирифтан аст, хусусан маҳсулоти ширӣ ва ҳар ғизое, ки бо гӯшту шир таҳия шуда, ба бозор оварда мешавад, бояд ҷиддан ва ҳар лаҳза таҳти назорати намояндаи беҳдоштии бозор қарор дошта бошад.
Хонум Баҳромова мегуяд, аз ҳоло ба маркази онҳо ҳамаруза 3-4 нафар бо бемориҳои исҳол муроҷиат мекунанд.
Ӯ афзуд: "Анвоъи ғизоии аз шир ва гӯшт тайёршударо фурӯшандаҳо дар рӯи замин гузошта, мефурӯшанд, ки чангу ғубори аз пойафзоли роҳгузарон хеста ба онҳо мешинад ва дар натиҷа ин маводи ғизоӣ сифатан хароб шуда, сабаби ангезиши бемориҳои сироятӣ, ба монанди дезинтирея ва дигар бемориҳо дар миёни кӯдакон ва ҳам калонсолон мешавад."
Тавре ки Зебо Баҳромова ишора намуд, фасли баҳор хусусан барои хурдсолон ва навзодон хатарзо мебошад, зеро натанҳо маҳсулоти нопоки ширӣ барои онҳо пайомади нохуш дорад, балки меваҳое, ки ба тозагӣ ба бозор оварда мешаванд, низ аз лиҳози санитарӣ ҷавобгӯи талабот намебошанд.
Ба хусус олудашавӣ дар миёни мардум ва хосса кӯдакон зиёд ба қайд гирифта мешавад, ки яке аз сабабҳои онро табибон дар сифати пасти фаровардаҳои шириву гуштӣ дар бозорҳои пойтахт медонанд.
Мо аз руи масали "шунидан кай бувад монанди дидан" амал намуда,ба яке аз бозорҳои пойтахт, ки "Баракат" ном дошта ва тақрибан дар 400-метрии қасри раёсатиҷумҳур қарор дорад, омадем.
Нахустин чизе, ки мушоҳида кардем, бидуни риояти кадом меъёри беҳдоштӣ руи замин қатор чида шудани маҳсулот дар ин бозор буд.
Яке аз харидорони ин бозор, ки худро Шамъигул Ризоева муаррифӣ кард, мегуяд: "Ман ба қарибӣ аз бозори назди хонаамон барои духтарам ҳасиб харидам.Ӯ аз боғча дар ҳолати бемории дарунрав баргашт. Маълум шуд, ки он ҳасиб куҳна будааст. Охир чаро ягон кас сифати маҳсулотро дар бозорҳо назорат намекунад?"
Шамъигул афзуд, азбаски нархи маводи шириву гуштӣ дар дуконҳои маркази шаҳр хеле гарон аст, у маҷбур аст аз бозор, ки андаке арзонтар аст, ин маводро харидорӣ кунад.
Аммо фурӯшандагони ин бозор мегуянд, маҳсулоти онҳо ҳамеша пеш аз фурӯш аз ташхиси беҳдоштӣ мегузарад.
Баҳром Рабиев, як фурӯшандаи бозори "Баракат": "Ҳар рӯз- ку не, дар як ҳафта як бор омада, маҳсулоти шириву гӯштиро ташхис мекунанд. Не, равғани ман тоза аст ва худамон ҳам аз он мехӯрем."
Як харидори равған бо номи Абдуваҳҳоб Абдусатторов мегуяд, медонад, ки дар ҳоли ҳозир равғани пахта ҳатто дар корхонаи равғанбарорӣ ба таври бояду шояд такшин ва тоза карда намешавад ва барангезандаи бемориҳои мухталиф ва аз ҷумла ҷоғарро бо худ дорад, аммо барои харидории равғани поккардашуда буҷаи оилавиаш имкон намедиҳад. У мегӯяд: "Ин равғанҳо ба сифати равғанҳои солҳои шӯравӣ баробар намешаванд, пок нестанд, аммо назар ба бозорҳои дигар дар ин бозор беҳтар ва тозатар аст."
Дар ҳамин ҳол, Амирхон Муьминов, духтури беҳдоштии яке аз бозорҳои пойтахт дар робита ба мавзуъ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо ҳар саҳар соати 6 субҳ сифати маҳсулоти ба бозор воридшударо ташхис мекунем ва дар сурати ба талабот ҷавоб надодани сифати онҳо, ин маҳсулотро акт тартиб дода, ба бозор роҳ намедиҳем."
Ҳангоме ки ин гузориш омода мешуд, гармии ҳаво ба 25- 30 дараҷа баробар буд ва мо аз чанд дукони фуруши анвоъи шириву гӯштии бозорҳои шаҳри Душанбе дидан кардем, воқеъан ҳам дар фурӯши маҳсулот на ҳамаи талаботи муносиботи бозаргонӣ ба инобат гирифта мешуд, яьне бисёре аз ин анвоъи ғизоӣ бидуни яхдон ва дар ҳавои кушод фурухта мешуданд.
XS
SM
MD
LG