Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабари истирдоди бародарони Ризвон Содиров тасдиқ шуд


Абдусамеъ Додобоев, муовини аввали додситонии кулли Тоҷикистон хабари истирдоди Сайвалӣ ва Фахриддин, ду бародари Ризвон Содиров, собиқ фармондеҳи оппозиситюни пешини тоҷик аз Маскав ба Душанберо тасдиқ намуд. Абдусамеъ Додобоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рузи 12 май гуфт, бародарони Ризвон - Валӣ ва Фахриддин Содировҳо аз ҷониби кормандони интизомии Тоҷикистон бо ҳавопаймои хатти парвози Маскав - Душанбе аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир парвандаи онҳо дар ихтиёри вазорати амнияти кишвар аст ва аъмоли онҳо аз тарафи кормандони ин вазорат мавриди тафтишот қарор дорад.
Намояндагони вазорати амнияти Тоҷикистон истирдоди Валӣ ва Фахриддин Содировҳоро таъйид карда, вале аз додани шарҳи бештар дар бораи ин ду нафар худдорӣ намуданд.
Бино ба иттилоъи додситонии кулли кишвар, ин ду нафар аслан бо дархости додситонии кулл аз соли 1997 ба ин тараф дар ҷустуҷӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон қарор доштанд ва намояндагони хадамоти амниятии Русия маҳз бар асоси дархости додситонии Тоҷикистон дар моҳи гузашта Валӣ ё Сайвалӣ Содировро дар Иртутск ва баъдтар Фахриддинро дар шаҳри Перми Русия боздошт карда буданд. Гуфта мешавад, ин ҳарду дар Русия бо номҳои тақаллубӣ ба сар мебурдаанд.
Бар асоси хабари додситонии кулл, Валӣ ва Фахриддин аъзои гурӯҳи мусаллаҳи худсари Ризвон Содиров ба шумор мерафтанд ва ин гурӯҳ дар куштору таъқиби сокинони атрофи Душанбе ва одамрабоӣ, бахусус дар як қатор кушторҳои пурсарусадо дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон айбдор дониста мешаванд.
Пас аз кушта шудани Ризвон Содиров дар пайи як амалиёти вазоратҳои амният ва умури дохилаи Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 1998 дар шаҳри Душанбе Сайвалӣ, Фахриддин ва тарафдорони дигари ӯ ба таври пинҳонӣ дар Русия паноҳ бурдаанд.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG