Пайвандҳои дастрасӣ

Кори додситон ба додгоҳ кашид


Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасии парвандаи ҷиноии муовини додситони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро шурӯъ кардааст. Мусаммир Уроқов, қозии додгоҳ ва масъули мурофиаи мазкур гуфт, Қузибой Рӯзиев, муовини аввали додситони ноҳияи Роҳи Оҳан ба иттиҳоми ришваситонӣ ва суъистифода аз ваколати давлатӣ айбдор мешавад. У афзуд: "Парвандаи чинои бо айбдории Рӯзиев Қузибой Ҷумъаевич ва Баҳодури Исматзода бо моддаҳои 319 қисми 4, 314 қисми 2, 339 қисми 2, 323 ва 353 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри Душанбе дохил шуд ва дар истеҳсолоти суди шаҳри Душанбе мебошад ва баррасии парвандаи ҷиноии мазкурро суди шаҳри Душанбе шурӯъ кард."
Оқои Уроқов афзуд, Қузибой Рӯзиев ҳамроҳ бо муфаттиши ҳамин идора Баҳодур Исматзода бо истифода аз вазифа ва мансаби давлатӣ аз Зиёриддин Абдуллоев, корманди умури дохилаи минтақаи Ромити ноҳияи Ваҳдат(Кофарниҳони собиқ) барои мусоидат ва кӯмак дар тафтиши парвандаи ҷиноии вай 3 000 сомонӣ, муодили 1 000 доллари амрикоӣ ришва гирифтааст. Аммо ба ҳангоми вуқӯъи ин ҳодиса, яьне гирифтани ришва дар таърихи сеюми феврали соли равон аз тарафи кормандони амниятии кишвар боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Саидакрам Комилов, вакили мудофеъи Қузибой Рӯзиев дар мавриди тафтиши парвандаи ҷиноии нафари зери ҳимояташ ва иттиҳомоти эъломшуда нисбат ба вай изҳори назар накард. Вай гуфт, то анҷоми мурофиа ва эьломи ҳукм ба манзури наовардани фишор ба кори додгоҳ аз изҳори назар ва мавқеъаш худдорӣ хоҳад кард.
Қузибой Рузиев, муовини аввали додситони ноҳияи Роҳи Оҳани пойтахт, мушовири адлияи дараҷаи дуввум, аз соли 1990 дар мақомоти мухталифи додситонӣ ифои вазифа ва дар ду соли ахир масъулияти ҳозираашро ба ӯҳда доштааст.
Қозии додгоҳи шаҳри Душанбе афзуд, бар асоси Кодеси ҷиноии кишвар дар сурати тасдиқ шудани айбҳои эълоншуда Қузибой Рӯзиев ба муддати аз 7 то 12 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд ва ҳамчунин ҳуқуқи минбаъд дар мақомоти тафтишотӣ фаъолият карданро аз даст хоҳад дод.
Гуфтанист, ки дар як соли пеш се нафар аз раисони додгоҳҳои ноҳиявӣ дар вилояти Суғд ва пойтахт бо айби ришваситонӣ ба солҳои гуногун маҳкум ба зиндон шудаанд. Вале барои бори аввал аст, ки як мақоми масъули додситонии кишвар ба иттиҳоми ришвахорӣ ва тамаъҷуӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Абдуқайюми Қайюмзод
XS
SM
MD
LG