Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ру ба ру бо Ройзман


Дар ҳоле ки сарнавишти муҳоҷирони фирории тоҷик аз ноҳияи Широкая Речкаи вилояти Свердлов ба дигар ноҳияи ҳамин минтақа номаълум боқӣ мемонад, Шурои ҳамоҳангии иттиҳодияҳои иҷтимоъии тоҷикони муқими Маскав аз раиси Думаи Давлатии Русия Борис Гризлов ва волии вилояти Свердлов Эдуард Россел, дар ин робита додхоҳ шудаанд.
Дар номаи Шуро омадааст: " Мо хабари баргузории тазоҳуроти зиддитоҷикӣ дар деҳкадаи Широкая Речкаи Екатеринбургро таҳти сарпарастии Евгений Ройзман, депутати Думаи Давлатии Русия бо нигаронии шадид шунидем."
Ҷамшед Раҳмонов,узви Шурои мазкур, ҳамроҳ бо қироъати хитоба гуфт, дар нома тавзеҳ шудааст, ки бешубҳа созмондеҳони ин амал ғаразҳои ифротгароёна доранд. Ширкати мустақими Ройзман дар тазоҳуроти зиддитоҷикӣ рузи душанбе дар Екатеринбургро яке аз сомондеҳони гирдииҳамоӣ Андрей Садовский, ки ҳамроҳ бо Ройзман муассиси Бунёди «Шаҳри бидуни маводи мухаддир» мебошад, таъйид кард.
Тоҷикони муқими Екатеринбург мегуянд, гурӯҳи Ройзман ҳадафҳои сиёсии худро бо суъистифода аз ҳузури тоҷикон пиёда мекунад. Ба гуфтаи Шамсиддин Нуриддинов, ҳуқуқшиноси созмони «Пайванд», як ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Свердлов, ин гуруҳ дар суханрониҳои худ тоҷиконро фурушандаи маводи мухаддир, сабабгори беморӣ, бекорӣ ва муфлисии мардуми таҳҷоӣ муаррифӣ менамоянд ва худро пуштибони манофеъи онҳо ҷилва медиҳанд, дар ҳоле, ки худи онҳо гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ буда, ба сари тоҷикон ҳуҷум менамоянд, молу амволи онҳоро ба тороҷ мебаранд.
«Шаҳри бидуни маводи мухаддир» на созмони хайрия, балки созмони ҷиноӣ аст ва депутат интихоб шудани Ройзман роҳро барои ин гурӯҳ фарохтар кард, мегӯяд мусоҳиби ман. Шамсиддин ҳамчунин афзуд, ки дар вилояти Свердлов беш аз сад ҳазор тоҷикон кор мекунанд, ҳудудан 60 дар сади онҳо сабти иқомат доранд. Наздик ба 4 ҳазор тоҷикон шаҳрвандиии Русияро дарёфт карда, ватандор шудаанд, вале барои Ройзман ва гурӯҳи вай онҳо ҳамчунон бегона ҳисоб мешаванд.
Шамсидин ҳамчунин хабар дод, аз сарнавишти муҳоҷироне, ки аз ноҳияи Широкая Речка зери фишори тазоҳуроти ҷонибдорони Евгений Ройзман, намояндаи Думаи Давлатии Русия, гурехтаанд, хабаре дар даст надорем. Онҳо чанд бинокор буданд .
Ин дар ҳолест, ки яке аз созмондеҳони тазоҳурот таҳдид кардааст, ки онҳо тоҷиконро дар ҳеҷ куҷо осуда нахоҳанд гузошт.
Дар ҳамин ҳол, Иброҳим Абдуллоев, намояндаи вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷиистон дар вилояти Свердлов бар он аст, ки муҳоҷирони тоҷик дар минтақа ба сабаби надоштани пуштибон гирифтори мушкил ҳастанд: "Ман дар ин бора ҳамин руз ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав телефон карда гуфтам. Гуфтам, ки ҳамин одам ба муқобили узбакҳо ду даҳан гап зад, консули узбакҳо дар ин ҷо омад, ба қавле «разбор» кард. Аз Тоҷикистон ҳам бояд касе, ё консул ё каси дигар ин ҷо биёяд, бубинад, инҳо дар ҳаққи мардуми тоҷик чӣ ҳарфҳое мезананд, ҳам ҳукумат, ҳам мардумро шарманда кардаанд."
Шамсидин ҳам афзуд, ки онҳо соли дуввум аст ба сафорати Тоҷикистон ба Маскав дар бораи амалҳои зиддитоҷикӣ хабар медиҳем, аммо аз онҳо пуштибоние намебинем.
Дар робита ба тазоҳуроти зиддитоҷикии ахир дар Екатеринбург, Радиои Озодӣ дар Маскав хостори дарёфти назари сафорати Тоҷикистон шуд, аммо сафорат ҳануз ба эъломи дидгоҳи худ омода набуд.
Кирдори зиддитоҷикии Евгений Ройзман дар ҷараёни дуввумин ҷаласаи комиссияи байнипарлумонии Русияву Тоҷикистон 27 апрел дар Думаи Давлатии Русия бо ширкати депутатҳои ду кишвар баррасӣ ва дар протоколи ҷаласа дар ин робита банди вижа сабт шуда буд. Натиҷаи он баррасӣ ташкили тазоҳурот дар Екатеринбург шуд ,акнун интизор мебояд буд, то Борис Гризлов, раиси Думаи Давлатии Русия ва Эдуард Россел, волии вилояти Свердлов ба номаи додхоҳонаи тоҷикони муқими Маскав чӣ посух медиҳанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар
XS
SM
MD
LG