Пайвандҳои дастрасӣ

Хуруҷи марзбонони рус аз Тоҷикистон хоҳиши кӣ буд?


Соҷидаи Мирзо

Ноиби вазири умури хориҷии Русия Вячеслав Трубников гуфт, Маскав нируҳои сарҳадбони худро аз Тоҷикистон берун мебарад. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс навиштааст, изҳороти Трубников дар суҳбат бо нашрияи "Независимая Газета"-и чопи Маскав баёнгари он аст, ки ҳадафи Маскав дар мавриди афзоиши ниру дар Осиёи Марказӣ дар муқобили ҳузури Амрико халал дидааст. В.Трубников, собиқ сарвари хадамоти истихбороти хориҷии Русия гуфтааст, берун рафтани нируҳои Русия аз Тоҷикистон бо хости тоҷикҳо буд. Аммо афзудааст у, натиҷа яке хоҳад буд, ки марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ба марзи маводи мухаддир табдил хоҳад ёфт. Зимнан,мегуяд оқои Трубников, амрикоиҳо аз ин иқдом хушнуд намешаванд. Онҳо мефаҳманд, ки баъди ин қочоқи маводи мухаддир суръати бештар касб хоҳад кард, мегуяд Вячеслав Трубников, муовини вазири умури хориҷии Руссия.
Баъди суқути шуравӣ дар соли 1991, Русия нируҳои худро қариб аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ хориҷ кард ва баръакс бо истиқрори 20 000 аскар ҳузури худро дар Тоҷикистон афзунтар намуд. То имсол 90 дар сади аскарони нируҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон аз ҷавонони тоҷик иборат буд, ки дар зери парчами Русия хизмат мекарданд. Қабл аз итмоми муҳлати қарордоди ҳузури нируҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон, Маскав музокироти бунёди пойгоҳи низомиаш дар хоки Тоҷикистонро шурӯъ кард. Аммо дар ҳоле ки ҳар ду ҷониб аз пешрафт ва набуди мушкилот дар раванди гуфтушунид суҳбат мекунанд, боз ҳам баёнияҳои гоҳ-гоҳии мақомоти Маскав баёнгари он аст, ки гуфтушунид ба бунбаст ворид шудааст. Маскав дар Осиёи Марказӣ танҳо дар Қирғизистон пойгоҳи низомӣ дорад ва аммо талош мекунад, ки аз тариқи созмону гурӯҳҳои минтақавӣ, амсоли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳузури худро дар минтақа бештар кунад. Трубников дар суҳбат бо "Независимая Газета" гуфтааст, Маскав аз Иёлоти Муттаҳида нороҳат аст, ки нируҳои худро дар заминаи тадобири муваққат дар Осиёи Марказӣ мустақар карда буд, аммо ин истиқрор акнун доимӣ шудааст.
Ноиби вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, Маскав бо ҳузури абарқудратҳои фароминтақавӣ, амсоли Иёлоти Муттаҳида, Чин ва ё кишварҳои дигар дар минтақаи таҳти нуфузаш мувофиқ нест. Вай афзудааст, Амрико бо Русия созиш карда буд, ки чаро бояд ба минтақа ворид шавад.
Дар идомаи суҳбат бо "Независиямая Газета" ноиби вазири умури хориҷии Русия гуфт, бо роҳи таъсиси як созмони сунъӣ бо номи ГУУАМ, Амрико хост кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро аз таҳти нуфузи Русия дур кунад. Аммо афзуд у, ин иқдом низ натавонист, кишварҳои минтақаро аз бозгашт ба таҳти нуфузи Русия нигаҳ дорад.
Вячеслав Трубников афзуд, намоиши истиқлолхоҳӣ тақрибан ба охир расид ва парчамҳо дигар дар ҳавои "Ҳар кас бо роҳи худаш!" парафшонӣ намекунанд. Имруз ҳамаи кишварҳои собиқ шуравӣ дар фикри ҷои кору рушди саноат шудаанд ва дар ин мавқеъият онҳо хоҳишманди ҳамкорӣ бо Русия ҳастанд, хулоса кардааст суҳбаташро Вячеслав Трубников, ноиби вазири умури хориҷии Русия.
Соҷидаи Мирзо
XS
SM
MD
LG