Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи пойтахт кист?


Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе аз шурӯъи марҳалаи муқаддамотии озмуни мусиқии муосири эстрадӣ таҳти унвони "Ситораи Пойтахт" хабар додааст.
Дар ин даври озмун барои ширкат овозхонҳо ва гурӯҳҳои ҳунарӣ баргузида хоҳанд шуд.
Озмуни "Ситораи Пойтахт" ба 80-солагии шаҳри Душанбе бахшида шуда, рузҳои 22 ва 23 май доир мешавад.
Мудири идораи фарҳанги шаҳрдории пойтахт Асроров ба хабаргузории "Авасто" гуфтааст, ғолибони ин озмун рузи 25 май дар як консерти ниҳоӣ эълон хоҳанд шуд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG