Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Екатеринбург ихроҷи муҳоҷирини тоҷикро талаб кардаанд


Дар вилояти Свердлови Русия беш аз ҳазор нафар мардуми бумӣ дар як гирдиҳамоӣ аз мақомоти кишвари худ хостори берун кашидани тоҷикон аз вилоят ва роҳандозии режими виза байни Русия ва Тоҷикистон шуданд.
Гирдиҳамоӣ бо ибтикори маркази хайрияи "Шаҳри бидуни маводи мухаддир" баргузор шуд. Дар тазоҳурот Евгений Ройзман, намояндаи Думаи Давлатии Русия ҳузур дошт ва суханронӣ кард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дар Маскав Андрей Селетский, муовини маркази "Шаҳри бидуни маводи мухаддир" хабар дод. Вай гуфт: "Тазоҳурот рузи душанбе дар деҳкадаи Широкая Речка, дар ҳошияи шаҳри Екатеринбург баргузор шуд. Ширкаткунандагони тазоҳурот ба унвони мақомоти вилояти Свердловск ва шаҳрдории Екатеринбург баёния қабул карданд. Дар баёния омадааст: Мо талаб мекунем 150 ҳазор тоҷикон аз минтақа депортасия карда шаванд. Байни Русияву Тоҷикистон низоми раводид роҳандозӣ шавад. Онҳое, ки ба вуруди тоҷикон ба минтақа мусоидат кардаанд, ба ҷазо кашида шаванд."

Андрей Селетский ба саволи ин ки пас аз тазоҳурот тоҷикон чӣ ҳол доранд,гуфт: "Чанд рӯз пеш аз тазоҳурот онҳо деҳкадаи Широкая Речкаро тарк карда, ба ноҳияи Унск паноҳ бурдаанд." Ҳамзамон раиси Бунёди "Шаҳри бидуни наркотик" Андрей Кабанов дар суҳбат бо ожонсии "Новий Регион" гуфт: "Мо тоҷиконро дар он ҷо ҳам осуда намегузорем. Маслиҳати ман ба тоҷикон ин аст,ки дарзамон ба хонаҳояшон, ба ватанашон бираванд." Вай афзудааст, чунин тадбир дар дигар навоҳии Екатеринбург низ анҷом хоҳад ёфт ва акнун навбати ноҳияиҳои Сортировка ва Арамил аст. Ба гуфтаи вай, тоҷикон дар минтақа ба ҷуз тиҷорати маводи мухаддир шуғли дигаре надоранд, ва гоҳе ҳам ба ҷиноятҳои сангин, аз қабили одамкушӣ даст мезананд.

Аммо Қурбоналӣ Ҳалимов, муовини раиси иттиҳодияи тоҷикони Екатеринбург бо номи "Пайванд" мегуяд, ин бунёди "Шаҳри бидуни маводи мухаддир" чанд сол аст, ки ба тоҷикон туҳмат мезанад, дар ҳоле ки беш аз сад ҳазор муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбург бо анҷоми сангинтарин корҳо дар сохтмону бозор ба мушкилӣ руз мегузаронанд. Ӯ афзуд: "Албатта, ҷангал бе хор намешавад ва ҳастанд ҳаммиллатҳои мо, ки ба чунин аъмол даст мезананд, вале намешавад саросар ҳамаи тоҷиконро гунаҳкор кард."
Лозим ба ёдоварист, Андрей Кабанов, Андрей Селетский ва Евгений Ройзман муассисони бунёди "Шаҳри бидуни маводи мухаддир"-анд. Ройзман дар аввали моҳи май бо эъломи ин ки дар Тоҷикистон 800 тонна маводи мухаддир анбор шудааст ва корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир фаъол ҳастанд, мақомоти олии Тоҷикистонро низ бо даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам кард. Идеяи низоми раводид байни Русия ва Тоҷикистон ҳам моли вай аст.

Дар робита ба шахсияти Евгений Ройзман намояндаи Маркази байниминтақавии ҳуқуқи башар дар шаҳри Екатеринбург Владимир Шаклеин ибрози нороҳатӣ кардааст, ки чунин шахсе ба парламони кишвар роҳ ёфт. Вай ташкили тазоҳурот бар зидди тоҷиконро кирдори ғайрибашарӣ хонд. Муҳофизи ҳуқуқи башар мегуяд, ҳар амале ки ба ҷонибдории як қавм ва бар зидди қавми дигар аст, ҳеҷ гоҳ шоиста нест.Дар Русия бори аввал аст, ки тазоҳуроти ошкорои зиддиқавмӣ баргузор мешавад ва он ҳам бо ибтикор ва ширкати намояндаи мақомоти олии ин кишвар.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG