Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷопон чойхонаи тоҷикӣ боз мешавад


Дар Ҷопон чойхонаи тоҷикӣ қомат хоҳад кашид.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" иттилоъ дода навиштааст, наққошон ва ҳунармандони тоҷик таҳти сарварии рассоми моҳир аз шаҳри Қӯрғонтеппа Раҳимҷон Ҳамдамов ба сохтани чойхонаи наве шурӯъ карданд, ки дар барномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2005 дар Ҷопон мақоми марказӣ хоҳад дошт.
Чунин чойхонаи сутунҳояш кандакорӣ ва шифташ мунаққаш дар Ҳанновери Олмон, дар намоиши ЭКСПО- 2000 ба намунаи ҳунарҳои дастии тоҷикон ва ба ҷойи дӯстдоштааи меҳмонони намоишгоҳ табдил ёфта буд.
Аммо усто Раҳимҷон Ҳамдамов мегӯяд, чойхонаи нав аз он намунаи Ҳанноверӣ бо илова шудани гаҷкорӣ ва нақшунигори махсус фарқ хоҳад кард.
Гурӯҳи таҳти сарварии Ҳамдамов дар озинбандии Хонаи ақди никоҳ дар маркази совхози ба номи Файзалӣ Саидов, осорхонаи кишваршиносӣ дар хоҷагии ба номи Сангак Сафарови ноҳияи Бохтар, Хонаи ақди никоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази ҷавонони вилояти Хатлон ва гулбоғи кӯдакон иштирок кардааст.
Ин гурӯҳ қарор аст ба муносибати 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар ин ҷо муҷтамаъи наққошии Шайх Абдусаломро бунёд кунад.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG