Пайвандҳои дастрасӣ

Ду мақоми давлатии Олмон ба Тоҷикистон омадаанд


Ҳамзамон ду мақоми баландпояи Олмон дар Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳанд. Сафири таъиноти махсуси ҳукумати Олмон Гюнтер Мулак рӯзи нуҳӯми май ва котиби давлатии назди вазорати дифоъи Олмон Ҳанс Георг Вагнер даҳуми май вориди Душанбе шудаанд.
Мулак, ки масъули ҳукумати Олмон дар муносибат бо кишварҳои исломист, алакай дар як конфаронси "Ислом ва худшиносӣ" дар Душанбе ширкат кард ва акнун қарор аст, бо раҳбарияти ҲНИТ, ноиби аввали сарвазир Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, сарони Донишгоҳи исломӣ ва Бунёди Оғохон мулоқот намояд ва ба ВМКБ сафар кунад.
Мулак ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, Осиёи Марказӣ аз нигоҳи Олмон минтақаи амн аст, вале вазъият дар ин ҷо ба вазъи Афғонистон бастагӣ хоҳад дошт.
Вагнер нимаи дуюми рузи сешанбе бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ва бо сардори ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳ Рамил Нодиров мулоқот хоҳад кард.
Аз замони ҷобаҷо шудани нирӯҳои Олмон дар Кундузи шимоли Афғонистон робитаҳои ҳарбӣ ва дипломатии Олмон бо Тоҷикистон густариш ёфтаанд.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG