Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши нозир дар интихобот


Нақш ва ҳузури созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва нозирони маҳаллӣ дар ҷараёни маьракаҳои интихоботӣ ва иньикоси нақши онҳо дар тарҳҳои қонуни интихобот, ки аз тарафи фраксияҳои ҳизби халқиву демократӣ, ҳизби коммунист ва ҳизби наҳзати ислом ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шудааст, рузи 11 май дар як конфаронс дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Терри Мак-Гинти, роҳбари Институти миллӣ- демократии муносибатҳои байналмилалӣ, баргузоркунандаи ин конфаронс гуфт, ки дар ҳарду тарҳи пешниҳодшуда барои нозирони маҳаллӣ мақом ва салоҳияти муносиб муайян нашудааст: "Дар ҳарду лоиҳаи пешниҳодкардаи фраксияҳои ҲХДТ ва ҲКТ бо иштироки намояндаи ҲНИТ, ки ҳоло мавриди омузиши аьзои Маҷлиси Намояндагон қарор доранд, дар бораи нақши нозирони маҳаллӣ ҳуқуқ ва салоҳиятҳои онҳо чизи мушаххас гуфта нашудааст."
Раьно Охунова, ҳамраиси Форуми созмонҳои ғайриҳукуматӣ " Барои интихоботи озод" ва яке аз иштирокдорони ин конфаронс гуфт, дар қавонини ҳама кишварҳои пешрафта мақоми нозирони маҳаллӣ дар раванди интихобот ба таври рушану дақиқ муайян шудааст. Хонум Охунова гуфт, дар чандин вохурӣ ва маҳфилҳое, ки созмони онҳо дар манотиқи мухталифи кишвар доир кардааст, аксарият аз фаьолияти аьзои комиссияҳои қитьавӣ ва ҳавзавӣ изҳори норозигӣ мекунанд.
У афзуд: "Дар баьзе участкаҳои интихоботӣ аьзо ва раисони он солҳои тулонӣ дигар намешаванд. Оне ки дар рузҳои интихобот дар участкаҳои интихоботӣ ҳуқуқи шаҳрвандон поймол мешавад, гуноҳи асосӣ бар сари ҳамон намояндагони участкаҳои интихоботӣ аст. Чунки онҳо худашон, мутаассифона, оид ба қонун дар бораи интихобот, оид ба ҳуқуқи интихоботӣ тасаввуроте надоранд."
Ба ақидаи хонум Охунова, маҳз ҳузури қонунии нозирони маҳаллӣ, ки умдатан аз ҳисоби афроди бетараф ва новобастаи ин ва ё он ҳизб раванди баргузории интихоботро назорат мебаранд шаффофият ва бо усули мардумӣ гузаштани интихоботро таьйин ва таьмин мекунанд.
Аммо Ҷурахон Кабиров, раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон ва яке аз муалифони тарҳи фраксияи ҲХД дар як суҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ иддаои намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматиро дар мавриди ба инобат нагирифтани нақши онҳо дар тарҳи қонуни интихобот рад кард ва гуфт, дар тарҳи пешниҳодкардаи онҳо барои нозирони маҳаллӣ салоҳиятҳои муносиб дода шудааст.
Вай меафзояд: "Ҳамаи нозироне, ки дар интихобот иштирок мекунанд, онҳо салоҳияти худро бо пуррагӣ доранд, инчунин нисбат ба намояндагони бевоситаи ташкилотҳои байналхалқӣ, аз он ҷумла онҳое, ки дар интихобот иштирок мекунанд, дар лоиҳаи пешниҳодшуда ба таври мушаххас ҳам салоҳияти онҳо ва ҳам бевосита кадом вазифаҳоро бояд онҳо иҷро карда тавонанд, дар ҳамон ҷо, дар ҳамон лоиҳаи қонун ба таври мушаххас нишон дода шудааст."
Оқои Кабиров афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ҳарду тарҳи пешниҳодии қонуни интихобот дар кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон мавриди омузиш қарор доранд. Ба ақидаи оқои Кабиров, дар ин тарҳҳо нуктаҳои баҳсӣ кам нестанд ва вакилони Маҷлис ҳадди ақал талош доранд як қонуни мутобиқ ба меьёрҳои байналмилалӣ ва бозгуи шароити феьлии кишварро дар заминаи ин ду тарҳ омода ва қабул кунанд,
Дар хатми конфаронси мазкур ширкаткунандагони он - намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ - изҳор доштанд, ки ба иллати ҷой доштани навоқис ва норушаниҳо дар тарҳҳои пешниҳодии ду ҷиноҳи Мачлиси Намояндагон бояд тарҳи пешниҳодкардаи аҳзоби сиёсӣ ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Бунёди Байналмилалии Низомҳои интихоботиро асоси қонуни ояндаи интихобот қарор диҳанд.
Абдуқайюми Қайюмзод
XS
SM
MD
LG