Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фиристодаи хоси САҲА дар Тоҷикистон


Марти Ахтисаари, фиристодаи вижаи раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар ҷиҳати мамнуъ кардани иҷрои ҳукми эъдом тақдир кардааст. Марти Ахтисаари баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт: " Мо масъалаҳоеро баррасӣ ва баҳс кардем, ки қаблан раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо зимни сафари чанд вақти пешаш ба Тоҷикистон матраҳ намуда буд. Аз ҷумла дар бораи таҷдиди низоми қонунгузорӣ ва ба хусус дар бораи ислоҳи қонуни интихобот суҳбат намудем." Ин тамоми муҳтавои суҳбати фиристодаи раиси САҲА бо хабарнигорон дар бораи мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон буд. У ҷузъиёти бештари мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмоновро шарҳ надод ва аз посух гуфтан ба суолоти хабарнигорон имтиноъ ҷуст.
Аммо дар баёнияи иттилоотии дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон омдааст, Эмомалӣ Раҳмонов зимни таъкид ба пойбандии кишвараш ба усулҳо, меъёрҳо, арзишҳо ва асли ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва таҳаққуқи ин аҳдоф ба идомаи ҳамкорӣ бо САҲА умедвор аст. Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст, дар ҷараёни омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ нақши аҳзоби сиёсӣ бисёр муҳим аст ва ин нақш аз шаклгирии низоми бисёрҳизбӣ дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. У таъкид кардааст, ки давлат аз ин ба баъд низ барои фаъолияти аҳзоб мусоидат хоҳад кард.Бар асоси ин баёния, вазъи озодии матбуот, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ислоҳоти замин аз мавзуъҳои дигари мавриди баҳс дар ин мулоқот будааст.
Марти Ахтисаари рузи сешанбе инчунин бо намояндагони ақалиятҳои миллии маскуни Тоҷикистон низ мулоқот кардааст.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG